ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Варзиш

Варзиш

13 феврал 2024, Сешанбе
8
0


БОКС.  ДУ МЕДАЛИ НУҚРАИ МУШТЗАНҲОИ ТОҶИК ДАР БУЛҒОРИЯ   
4-11-уми феврал дар шаҳри Софияи Булғория Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс - “Ҷоми Странҷа” баргузор шуд, ки дар он варзишгарони мо ду медал ба даст оварданд.
Тавре Конфедератсияи бокси Аврупо хабар додааст, дар мусобиқа 261 варзишгар (178 мард, 83 зан) аз 28 давлат ширкат варзида, тибқи қоидаҳои Ассотсиатсияи байналмилалии бокс дар 13 вазн миёни мардон ва 6 вазн миёни занон рақобат намуданд. Ҷумҳурии моро 9 варзишгар – 5 мард, 4 зан намояндагӣ кард.
Миҷгона Самадова дар вазни 57кг миёни занон дар се давр бар намояндагони Ирландия, Полша ва Юнон ғолиб омад ва ба финал роҳ ёфта, аз варзишгари мизбон мағлуб гашт ва сазовори ҷои дуюм шуд. Асрор Воҳидов дар вазни -60кг миёни мардҳо рақобат карда, дар ду давр (даври аввал озод буд) бар варзишгарони Қирғизистон ва Ӯзбекистон дастболо шуд, вале дар финал аз намояндаи дигари Ӯзбекистон мағлуб гардида, ҷои дуюмро гирифт.


ГӮШТӢ.  ДАР ДУШАНБЕ ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ШУД
10-11-уми феврал дар маҷмааи варзишии ДМТ Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ баргузор шуд.
Ба иттилои сармураббии тими гӯштии юнонӣ-римии кишвар Равшан Ҳайдаров, дар мусобиқа варзишгарон аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат карда, тибқи муқаррароти Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштиҳо (UWW) дар 20 вазн (10 вазн – гӯштии тарзи озод, 10 вазн – гӯштии юнонӣ-римӣ) миёни мардҳо зӯрозмоӣ намуданд.  
Дар гӯштии тарзи озод Айаал Белолюбский (57кг), Муҳаммад Икромов (61кг), Абдулмаҷид Кудиев (65кг), Мустафо Ахмедов (70кг), Виктор Рассадин (74кг), Магомед Евлоев (79кг), Салим Ҳалимзода (86кг), Қосим Сардоров (92кг), Фаридун Одилов (97кг) ва Файзӣ Файззода (125кг) ғолиб шуданд.
Дар гӯштии юнонӣ-римӣ Суҳроб Алимов (55кг), Шоҳрух Маҳкамов (60кг), Асламҷон Азизов (63кг), Суннатулло Оев (67кг), Анвар Ҷӯраев (72кг), Шаҳзод Очилов (77кг), Суҳроб Алиев (82кг), Суҳроб Абдулҳаев (87кг), Мирзоамин Сафаров (97кг), Наврӯз Исломов (130кг) унвони чемпиони Тоҷикистонро дар соли 2024 сазовор гаштанд.
Аз ҳисоби ғолибон дастаи мунтахаби Тоҷикистон таркиб ёфта, ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла мусобиқаи интихобии олимпии Осиё, ки моҳи апрел дар Бишкеки Қирғизистон ба нақша гирифта шудааст, омодагӣ мебинанд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 13.02.2024 №: 31
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив