ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РАИСИ ШУРОИ АВРУПО ШАРЛ МИШЕЛ

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РАИСИ ШУРОИ АВРУПО ШАРЛ МИШЕЛ

15 феврал 2024, Панҷшанбе
6
0


13-уми феврал суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Аврупо муҳтарам Шарл Мишел баргузор гардид.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намуданд.
Дар ин зимн, Сарвари давлати мо аз аҳамияти таҳкими минбаъдаи муколама миёни ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсӣ ва иқтисодиву тиҷоратӣ ёдовар шуданд.
Тарафҳо, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба соҳаи амният, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон ва таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро матраҳ карданд. Дар робита ба ин, изҳори бовар шуд, ки ҳамкорӣ дар доираи чунин барномаҳо, ба монанди БОМКА, КАДАП ва ЛЕЙКА минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Президенти Тоҷикистон ҷонибдории худро аз ҳамкории бештар фаъол дар татбиқи сиёсати “иқтисоди сабз” ва “энергияи сабз” иброз доштанд.
Ҷонибҳо дар мавриди ҳамкории босамари минбаъда дар чаҳорчӯби “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” ва таҳкими муколамаи созандаи ду минтақа аз рӯйи доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ изҳори умед намуда, оид ба ҷадвали тамосҳои оянда табодули афкор анҷом доданд.

Санаи нашр: 14.02.2024 №: 32
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив