ВМКБ. ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ ЧӢ ТАВР БА РОҲ МОНДА ШУДААСТ?
Таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” дар ҷаласаи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони як қатор идораву муассисаҳои вилоятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бино ба иттилои мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ Қозидавлатзода Зайнулараб, алъон дар чор меҳмонхонаи ҳудуди вилоят ва 193 маркази савдо POS-терминалҳо фаъоланд, ки 91-тоаш ба шаҳри Хоруғ рост меояд.
Гуфта шуд, ки айни ҳол барои пардохти маблағи истифодаи қувваи барқ 103 ва қабули пардохтҳои ҳатмӣ 67 POS-терминал фаъолият дошта, 91 адад QR-рамзҳо дар нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ, инчунин, дар муассисаҳои давлатӣ 237 POS-терминал кор мекунанд.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”-ро яке аз тадбирҳои хеле муассири ғанигардонии буҷет ва шаффофияти ҳисоби молиявӣ, мисли андозбандӣ унвон карда, масъулонро вазифадор намуд, ки насби POS-терминалҳоро дар нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ, инчунин, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ вусъат бахшида, дар байни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро ба таври васеъ ба роҳ монанд.
Зикр гардид, ки соли равон низоми пардохтҳои ғайринақдӣ 17 маротиба афзуда, дар шаҳри Хоруғ 43, ноҳияҳои Шуғнон 26 ва Ванҷ 20 маротиба зиёд гардидааст. Дар зимн, раиси вилоят ба раисони дигар ноҳияҳои вилоят дастур дод, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар ин самт бартараф намоянд.
Дар идомаи ҷаласа Алишер Мирзонабот вобаста ба иҷрои барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои солҳои 2021-2025, амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар назди масъулон вазифаҳои мушаххас гузошт.
Зикр шуд, ки дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат (солҳои 2022-2026) имсол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди 40 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин раванд дар таърихи вилоят баъди соҳибистиқлолии мамлакат бесобиқа мебошад.
Гуфта шуд, ки барои амалигардонии лоиҳаҳо дар вилоят, дар маҷмуъ, 3,3 миллиард сомонӣ равона мешавад.
Соли 2024 дар 215 иншоот ба маблағи умумии 1 миллиарду 244,9 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба нақша гирифта шуда, дар аксари онҳо корҳои бунёдӣ босуръат идома доранд.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот ба раисони шаҳр ва ноҳияҳои вилоят дастур доданд, ки ҷиҳати бо сифати баланд ба истифода додани иншооти ҷашнӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Тавре ки Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, иншооти навбунёд бояд на кам аз 50-60 сол ба мардум хизмат расонда тавонанд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.02.2024 №: 32