НАТИҶАГИРӢ
701 медали варзишгарони тоҷик дар соли 2023
Соли 2023 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва федератсияҳои варзишии кишвар 1186 варзишгар, аз ҷумла 226 бону, ба 112 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ сафарбар гардида, ба хазинаи варзишии кишвар 701 медал ворид карданд.
Ин нукта дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш зикр гашт. Гуфта шуд, варзишгарони мо аз намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпии аз ҷониби Шурои олимпии Осиё эътирофшуда 343 медал, аз ҷумла 108 тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ, аз рӯи намуди дигари ғайриолимпӣ 358 медал, аз ҷумла 95 тилло, 112 нуқра ва 151 биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар нишаст зикр гашт, ки давоми соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 117 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 87 майдончаи варзишӣ, 25 толори варзиш, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 3 маҷмааи варзишӣ ва солимгардонӣ бо харҷи 60 миллиону 159 ҳазору 451 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Шумораи умумии иншооти варзишӣ дар ҷумҳурӣ ба 10 768 адад расид, ки аз ин 126 варзишгоҳ, 7479 майдончаи варзишӣ, 2214 толори варзиш, 94 ҳавзи шиноварӣ, 84 маҷмааю марказҳои солимгардонӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ мебошанд.
ФУТЗАЛ
Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷидда ба Ҷоми Осиё омодагӣ мебинад
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов аз 14-уми феврал то 2-юми март дар Ҷидда ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ фаро гирифта шуда, 26 ва 28-уми феврал бо тими миллии футзали Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона доир менамояд.
Пас аз анҷоми ҷамъомад дар Арабистони Саудӣ футболбозони мо ҷиҳати баргузор кардани ду бозии санҷишӣ бо мунтахаби Ӯзбекистон (4 ва 5-уми март) ба Тошканд сафар мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи феврал тими футзали кишвар бо тими миллии Кувайт ду рақобати санҷишӣ (3:3, 2:4) доир карда буд.
Дар Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17 то 28-уми апрел дар Тайланд баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Ҷумҳурии Корея (18 апрел), Қирғизистон (20 апрел) ва Ҷопон (22 апрел) бозӣ мекунад.
БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
Париж-2024: муаррифии медалҳои олимпӣ ва паралимпӣ
8-уми феврал медалҳои олимпӣ ва паралимпии Париж-2024 муаррифӣ шуданд. Хоҳ тилло, хоҳ нуқра ё биринҷӣ як пораи махсуси металл доранд, ки як замон қисми бурҷи Эйфел буд.
Тони Эстанге, раиси Кумитаи тадорукоти Париж-2024, гуфт: "Барои ба ҳам овардани ин металлҳои қиматбаҳо – тилло, нуқра ва биринҷӣ бо қиматбаҳотарин металли бурҷи Эйфел, ҷавоҳири фаронсавӣ кори зиёд анҷом дода шуд. Он чизе ки дар медалҳои соли 2024 мушаххас аст, муттаҳидӣ мебошад. Чизи дигари таъсирбахш доштани як қисми металли аслии бурҷи Эйфел – оҳан дар ин медалҳо хоҳад буд. Чӯяни бурҷи Эйфел аз соли 1889 ҳангоми азнавсозӣ гирифта ва нигоҳ дошта мешуд".
Барои Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Париж-2024-ум 5084 медал тайёр карда шуд, қутраш 85 мм, ғафсиаш 9,2 мм буда, дар ҳар медал 18 грамм оҳан аз бурҷи Эйфел истофода шудааст. 529 грамм вазни медали тилло, 525 грамм вазни медали нуқра ва 455 грамм вазни медали биринҷӣ мебошанд.
ВАРЗИШИ ОБӢ
Чемпионати ҷаҳон соли 2029 дар Пекин доир мешавад
Пекин мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши обӣ дар соли 2029 интихоб шуд. Пас аз Шанхай, ки соли 2011 чорабиниро мизбонӣ карда буд, Пекин дуюмин шаҳри Чин мешавад, ки шиноварони ҷаҳонро ба ҳам меорад.
Тавре қаблан эълон шуда буд, Сингапур ва Будапешт мутаносибан солҳои 2025 ва 2027 мизбони чемпионат хоҳанд буд.
Дар чорабинии сатҳи баланди варзиши обӣ беш аз 2500 варзишгари беш аз 200 кишвар аз рӯи шаш равия: шиноварӣ, ҷаҳиш ба об, тӯббозӣ дар об, шиноварии синхронӣ, марафони шиноварӣ ва хай-дайвинг рақобат хоҳанд кард.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.02.2024 №: 32