ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКФИЛМ.  ИМКОНИЯТҲО БЕШТАРУ ДАСТОВАРДҲО НАЗАРРАСАНД

ТОҶИКФИЛМ.  ИМКОНИЯТҲО БЕШТАРУ ДАСТОВАРДҲО НАЗАРРАСАНД

01 март 2023, Чоршанбе
54
0
 
Нақши синамои миллӣ ба ҳайси маъмултарин санъат ва тарғибгари идеологияи давлат дар муаррифии дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ,  таъриху фарҳанг, анъана ва расму оини  неки халқи тоҷик ба оламиён торафт меафзояд. Сиёсати давлатиро дар ин самт Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»  бемайлон амалӣ намуда истодааст. Қобили зикр аст, ки синамои миллӣ пайваста аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мавриди дастгирӣ  қарор гирифта, баҳри инкишофу густариши он Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022   қабулу  амалӣ гардид.   Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027  ва нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025, ки  бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди минбаъдаи синамои миллиро муайян ва таъмин менамояд.
 
Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи амалисозии Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022 “Тоҷикфилм” 56 филм,   аз ҷумла, 14 филми ҳунарии пурра, 26 филми мустанад, 11 филми кӯтоҳи ҳунарӣ ва 5 филми тасвириро  рӯи навор оварда, 11 филмро тарҷума ва дубляж кард. Дар тули соли гузашта барои таъмини муассиса бо дастгоҳҳои филмбардорӣ, лавозимоти равшандиҳию садобардорӣ, таҷҳизоти танзим, овоздиҳӣ ва нақлиёт  корҳои муайяне иҷро шуд.  Бо мақсади таъмини фаъолияти муназзами муассиса дар сохтори он тағйирот ворид шуда, бо таъсиси раёсатҳо дар вилоятҳо фаъолияти кино дар тамоми манотиқи кишвар эҳё гардид. Барои фаъолияти эҷодии кормандон шароитҳои хуб фароҳам оварда шуда, толори Мактаби синамогарони ҷавон ифтитоҳ гардид. Натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки соли 2022 дар муассиса дастовардҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. Аз ҷумла, дар ин давра  ҳикояи адиби шинохтаи  тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ “Додараки фариштаҳо” бо коргардонии Умед Мирзоширинов ҳамчун филми бадеии кӯтоҳ рӯи  пардаи синамо омад. Нахустнамоиши он барои доираи васеи алоқамандони синамо, киношиносону мунаққидони соҳа, мутахассисону ҳунарпешаҳо ва синамонигорони тоҷик  баргузор гардид. Инчунин, соли гузашта нахустнамоиши филми ҳунарии «Баҳори хазонрез»  аз рӯи романи «Моҷарои зиндагӣ» - и Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо, бо коргардонии Раҷабалӣ Пиров  ва филми ҳунарии “Дов” дар “Хонаи кино”-и шаҳри Москва доир карда шуданд.
Бо мақсади тарғиби дастовардҳои синамои миллӣ ва дастгирии ҷавонони боистеъдоди соҳа бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни байналмилалии “Наврӯз” нахустин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори “Қадршиносии ҳунари асил”  баргузор шуд.  
Дар доираи Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург филмҳои “Тоҷикфилм”, аз қабили филми ҳунарии “Хаёлпарастони музофотӣ”-и коргардон Румӣ Шоазимов, “Муаллим”-и коргардон Носир Саидов, филми кӯтоҳи бадеии “Додараки фариштаҳо”-и коргардон Умед Мирзоширинов ва филми мустанади “Шинохти  Саразм” коргардон Рустам Сатторзода барои мухлисони синамо намоиш дода шуданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумули ҳунарпешаҳои халқӣ, олимону киношиносон ва мутахассисони соҳаи кинои ватанӣ дар Синамоҷашнвораи XIV байналмилалии Тошкент «Дурдонаи Роҳи абрешим» иштирок карда, филмҳои муосири кишварро арзанда намояндагӣ ва муаррифӣ намуданд. Ҳамзамон, дар доираи   ҷашнвораи мазкур Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид. Ба муносибати 30 – солагии муносиботи дипломатии  Тоҷикистон ва  Малайзия дар шаҳри Куала-Лумпур Ҷашвнораи филмҳои тоҷик баргузор гардида, филмҳои ҳунарии “Муаллим”-и коргардон Носир Саидов, “Сафари ҳавоӣ”- коргардон Далер Раҳматов ва филми ҳунарии “Рустам ва Суҳроб”-и коргардон Борис Кимёгаров ба алоқамандони синамои ин кишвар манзур гардиданд.
Аз 4 то 11-уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар доираи Ҷашнвораи байналмилалии “Листопад” Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус доир гардиданд, ки алоқамандони синамои Беларус аз филми ҳунарии “Охирин сайди сайёд” ва филми ҳунарии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо”  бархурдор шуданд.
Дар доираи рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намудани намоиши филмҳои миллӣ дар дигар кишварҳо ба ҳукми анъана даромада, дар Туркманистон  филмҳои ҳунарии “Рақси зиндагӣ” коргардон Муҳаббат Сатторӣ ва “Охирин сайди сайёд” коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоилов  барои ҳаводорони синамо намоиш дода шуданд. Ин таҷриба минбаъд ба таври васеъ истифода бурда мешавад.
Барои қабулу мавриди истифода кардани лоиҳаҳои синамоӣ минбаъд бо иштироки васеи киношиносон, коргардонҳо, филмноманвисон ва дигар алоқамандони синамо муаррифии филмҳо (питчинг) баргузор гардида, дар фарҷоми соли 2022 ба питчинг 18 лоиҳаи синамоӣ дар шакли филмномаю синопсис пешниҳод гардида, 12-тои он зимни баргузории питчинг муаррифӣ ва рӯнамоӣ шуданд. Фаъолияти эҷодию истеҳсолии “Тоҷикфилм” низ сифатан беҳбудӣ ёфта, ба истеҳсоли филмҳои  ҳунарӣ,  мустанади таърихӣ, илмӣ – оммавӣ, тасвирӣ, бачагона ва таъмини соҳа бо  мутахассисони соҳибкасб эътибори ҷиддӣ дода мешавад. 
Дар таҳияи филмномаҳои нав низ таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ васеъ истифода шуда, барои баррасӣ ва омӯзиш даҳҳо филмномаҳо ворид шуда, мавриди мутолиа ва таҳлили ҳайати мушовара ва Шурои бадеии муассиса қарор дода шудаанд. Аз ҷумла филмномаҳои зиёди ба муассиса воридгардида, филмномаҳои   “Интиқом”,  “Се хоҳаракон” барои филми ҳунарии пурра,     “Ҷанг бадбахтӣ меорад” барои филми ҳунарии кӯтоҳ, “Тоҷикон” ва “Забони Айнӣ” барои филми мустанад, “Алифбо” ва “Бабри барфӣ” барои филми тасвирӣ интихоб ва мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. 
 
Маҳмадсаид ШОҲИЁН, 
директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”
 
Санаи нашр: 01.03.2023 №: 46
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив