КАМБУДИҲО КАЙ ИСЛОҲ МЕШАВАНД? БОЗГАШТ БА ҲОЛАТИ МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ РОҒУН
Бо назардошти мавҷудияти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва захираҳои бузурги табиӣ, аз қабили чашмаҳои мусаффо, мавзеъҳои истироҳатӣ, ҳайвоноти нодир, кӯҳҳои дорои гиёҳҳои шифобахш, шаҳри Роғун дар кишвар яке аз мавзеъҳои барои сайёҳӣ мувофиқ аст. Аз ҷумла, дараҳои Гули Сурх, Луғур, кӯҳи Яхдон, мақбараи Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ ва обанбори торафт вусъатёфтаистодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои сайругашти сайёҳони дохиливу хориҷӣ маконҳои муносибанд.
Тавре хонандагон огоҳӣ доранд, рӯзномаи “Ҷумҳурият” 13-уми марти соли 2023 зери унвони “Роғун. Имкониятҳои сайёҳӣ истифода намешаванд. Чаро?” аз баъзе чунин манотиқи шаҳр матлаб нашр кард ва умедвор буд, ки масъулон баъди нашри он аз пайи рафъи камбудиҳо мешаванд. Аммо, сад афсӯс, ки бо гузаштани қариб як сол ҳамоно мушкилиҳо ҷой доранд. Аз ин лиҳоз, тасмим гирифтем, ки сари ин матлаб баргардем.
Бояд гуфт, ки дар мақолаи мазкур, пас аз таҳқиқу омӯзиши баъзе аз маконҳои сайёҳии шаҳр, бахусус шаҳраки Оби Гарм ва мавзеи Муллошайх, ки дорои обҳои гарми табиии шифобахшанд, мо таъкид карда будем, ки вазъияти онҳо ногувор аст. Мутаассифона, баъди нашри матлаб танҳо мавзеи Муллошайх таъмир шуд, он ҳам бошад, бапуррагӣ не.
Бояд гуфт, ки обҳои ин мавзеъҳо барои буғумдард, бемории пӯст ва дигар маризиҳо шифобахшанд. Айни ҳол, бинои онҳо ба талаботи санитариву эпидемиологӣ ҷавобгӯй набуда, фаршҳояшон шикаставу дарҳояшони вайрон, обҳояшон ифлосу аксари ҳуҷраҳояшон дару тиреза надоранд.
Мақсуд аз нашри матлаб ислоҳи камбудиҳо буд, аммо, чанде пеш, боздиди мо аз баъзе маконҳои сайёҳии шаҳр нишон дод, ки мушкилиҳо ҳамоно боқисту масъулони соҳа барои бартараф кардани онҳо чорае наҷустаанд...
Мо чанд маротиба аз масъулони шаҳр хоҳиш кардем, ки вазъияти маконҳои сайёҳиро дида бароянд, аммо ваъда ҳасту аз иҷро дараке нест. Ҳол он ки дар шаҳри Роғун бо истифодаи оқилонаи маконҳои истироҳативу табобатӣ метавон даромад ба даст овард ва чанд ҷои кор баҳри сокинони маҳаллӣ муҳайё созанд. Вобаста ба чунин мушкилиҳо мо хостем, ҳамроҳи масъулон суҳбат кунем, аммо онҳо аз додани иттилоъ ва баррасии масъала канораҷӯӣ карданд.
Сабаби дар чунин вазъият будани маконҳои сайёҳӣ дар нишастҳои матбуотии раиси шаҳр хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” пурсон мешавад, масъулон “мо ин масъаларо ҳатман таҳлил карда мебароем”, – гуфта иктифо мекунанду аз пайи ислоҳи камбудӣ намешаванд. Ҳамчунин, дар даромадгоҳи шаҳр Боғчаи «Нақб» бо тарҳи хеле ҷолиб ва дарахтони ҳамешасабз бунёд ёфта буд. Он ҳамчун рамзи шаҳри нурофарон таваҷҷуҳи дилхоҳ сайёҳро ба худ ҷалб мекард. Мутаассифона, имрӯзҳо он дар ҳолати ногувор қарор дошта, фаршҳои сафолакпӯши назди он дар ҳоли нобудшавианд.
Ҳамзамон, дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021), дар шоҳроҳ гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ таъсис ёфта, ҳунармандон маҳсули дасти худро ба намоиш мегузоштанд. Дар ин раста наздик ба 7 сокини маҳаллӣ ҷои кор дошт, аммо ҳоло аз раста ва намунаи ҳунарҳои мардумӣ дараке нест. Вобаста ба ин, ҳанӯз соли 2021, ҳангоми натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи шаҳр, масъулон гуфта буданд, ки “рӯзҳои наздик ин мушкилӣ ҳалли худро хоҳад ёфт”, вале, инак, беш аз се сол аст, ки проблемаи мазкур ҳанӯз ҳам ҷой дорад.
Ахиран, бояд таъкид сохт, ки 31-уми августи соли 2022 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили минтақаи сайёҳии Роғун» ба тасвиб расид. Аз ин рӯ, умедворем, ки барои амалигардонии ин қарор масъулон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо чораҳои таъхирнопазир хоҳанд андешид.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА,
“Ҷумҳурият”