ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САНГҲОИ ОРОИШӢ. АЗ МАНФИАТИ МОЛӢ ТО МУАРРИФИИ БОЙГАРИҲОИ ТАБИӢ

САНГҲОИ ОРОИШӢ. АЗ МАНФИАТИ МОЛӢ ТО МУАРРИФИИ БОЙГАРИҲОИ ТАБИӢ

22 феврал 2024, Панҷшанбе
23
0

 
Рушди босуръати саноатикунонии мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ ва эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) ба он мусоидат намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат давоми солҳои охир соҳаи саноати истеҳсолӣ мутаносибан ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба таври чашмрас тараққӣ намояд. Дар амалисозии ин иқдоми созанда соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо, аз ҷумла сангҳои ороишӣ, саҳми муносиб мегузорад. 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти соҳаи мазкурро ба инобат гирифта, 23-юми декабри соли 2022 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ  ин нуктаро махсус таъкид намуданд: “Дар Тоҷикистон захираи сангҳои бинокорӣ, аз ҷумла мармару хоро, фаровон аст, ки дар дохил ва хориҷи кишвар ба онҳо талабот зиёд мебошад. Ҳоло, ки корҳои ободониву созандагӣ, сохтмони биноҳои таъиноти гуногун, аз ҷумла биноҳои истиқоматии баландошёна ва иншооти иҷтимоӣ, торафт вусъат гирифта истодаанд, талабот ба масолеҳи сохтмон, аз ҷумла сангҳои ороишӣ, зиёд гардида, як қисми онҳо то ҳанӯз аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад”.
Абдувоҳид Маҳмудзода, муовини сардори раёсати саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат аз Паёми навбатӣ бо мақсади таъмини бозори дохилӣ  бо сангҳои бинокорӣ ва дар ояндаи наздик ба роҳ мондани содироти онҳо ба хориҷи кишвар бунёди корхонаҳои нав дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ низ пешбинӣ шудааст. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 18 корхонаи коркарди санг фаъолият дорад. Ин корхонаҳо давоми соли сипаришуда ба маблағи умумии 30,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. 
Тайи чор соли охир бо иштироки Сарвари давлат корхонаҳои калони коркарди сангҳои ороишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1000 кон ва зуҳуроти сангҳои ороишӣ ва ранга мавҷуд аст. Аз рӯи ҳаҷми захираҳои канданиҳои фоиданок қисми зиёди онҳоро санги хоро, мармар, оҳаксанги мармаршуда ва сангреза ташкил медиҳанд, ки ҳамчун заминаи ашёи хоми маҳаллӣ муҳим арзёбӣ мегарданд. 
Дар соҳаи маъданҳои кӯҳӣ ду корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ - ҶДММ “Рухом” ва ҶДММ “Асрори Санг” кору фаъолияти пурсамар  доранд. Асоси фаъолияти кории ҶДММ «Рухом» ин омӯзиш, коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз сангҳои рангаю ороишӣ  ва маснуоти ҳунарҳои халқӣ мебошад. 
Шаша Қуқаншоев, муовини директори ҶДММ «Рухом», доир ба фаъолияти корхона гуфт, ки  бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва роҳандозӣ намудани фаъолияти пурсамар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот сол ба сол меафзояд. Аз ҷумла,  дар корхона соли гузашта ба маблағи 5 миллиону 415 ҳазору 488 сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд. Бештари харидорони маҳсулот дар бозори дохилии кишвар мебошанд. Дар ҳоли ҳозир ба шарофати ташкил намудани намоишгоҳ-фурӯши маҳсулот бо давлатҳои муштаракулманофеъ ҳамкорӣ зич ба роҳ монда шудааст. Ғайр аз ин, тавассути намоишгоҳҳо бо давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Чин, Покистон, Афғонистон, Эрон, Олмон,  робитаи қавӣ  идома дорад.
Корхона ҷумҳуриро дар бисёр чорабиниҳои байналмилалии сатҳи олӣ муаррифӣ намудааст. Инчунин, ҳамасола дар  намоишгоҳҳо – Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои арабӣ, Эрон, Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон  фаъолона ширкат меварзад.
ҶДММ «Асрори Санг» соли 2008 таъсис ёфта, самти фаъолияти он  коркарди сангҳои ранга ва худҷило мебошад. Бино ба гуфтаи Далер Шарифӣ, директори ҶДММ «Асрори Санг», бозори фурӯши маҳсулоти корхона  бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар маҳсуб меёбад. Корхона молу маҳсулоти ватаниро дар бисёр чорабиниҳои сатҳи олии чаҳонӣ, аз ҷумла дар намоишгоҳҳои байналмилалии «Экспо-2020” (Дубай), “Сеул импорт  2022”, “Астана 2022”, “Экспо-2023” (Қатар), Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ-2023» дар шаҳри Екатеринбург  ва Британияи Кабир муаррифӣ намудааст. Мавриди зикр аст, ки моҳи феврали соли ҷорӣ корхона дар намоишгоҳи ҷаҳонии шаҳри Тусони ИМА ширкат варзид. Дар оянда умед аст, ки бо корхонаҳои хориҷи кишвар ҳамкориҳои судманд беҳтар ба роҳ монда шавад. 
Чунонки Сарвари давлат зикр намуданд, ин дастоварду нишондиҳандаҳо, бо дарназардошти захираву имкониятҳои кишвар, аз ҷумла ашёи хоми ватанӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, захираҳои меҳнатӣ, «энергияи сабз» ва талаботи афзоянда ба маҳсулоти саноатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, ҷиҳати ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мо – саноатикунонии босуръат ҳанӯз нокифоя мебошанд. Ҳамчунин,  нишондиҳандаҳои содироти мамлакат ҳоло ҳам дар сатҳи паст қарор доранд. Бинобар ин, корро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намуда, аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода кардан ба манфиати соҳа ва рушди иқтисоди кишвар хоҳад буд. 

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
"Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 21.02.2024 №: 36-37
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив