ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БИЁЕД, ДАР АТРОФИ ОБ МУТТАҲИД БОШЕМ!

БИЁЕД, ДАР АТРОФИ ОБ МУТТАҲИД БОШЕМ!

28 феврал 2024, Чоршанбе
21
0


Дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки 22-24-уми марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар доираи барномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раисикунандаи Конфронси мазкур зимни суханронӣ ба обшавии пиряхҳо, афзоиши аҳолии Замин, афзудани масрафи об ва пайомадҳои ногувори иқлим таъкид намуда, аз ҷумла гуфтанд: «Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ба ин васила, ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунем».
Пешниҳоди Тоҷикистон дар масъалаи мушкилоти об, аз ҷумла зарурати ҳифзи пиряхҳо, аз он сабаб бамаврид арзёбӣ мешавад, ки сол ба сол афзоиши мизони норасоии оби нӯшокӣ ба яке аз омилҳои маҳдудкунандаи дурнамои рушди минтақаҳо ва умуман ҷаҳон табдил ёфтааст. Захираҳои об дар кураи Замин бузург бошанд ҳам, лекин имкони истифодабарии онҳо бар асари таъсири омилҳои табиӣ, аз ҷумла омилҳои экологӣ, хеле маҳдуд аст. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси болозикр таъкид намуданд, ки қудрати бузурги об қитъаҳо, кишварҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳонро муттаҳид месозад. Аз ин лиҳоз, даъват намуданд, ки биёед, дар атрофи об муттаҳид бошем, ҳамин фурсатро ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи минбаъдаи Ҳадафи шашуми рушди устувор ва дигар масоили вобаста ба об аз даст надиҳем.
Дар кишвари мо ҳалли мушкилоти таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва экологӣ аз бисёр ҷиҳат ба самаранокии идоракунии сарчашмаҳои об вобаста аст. Ҳалли мушкилоти мазкур аҳамияти бузурги экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Дар ин раванд, ҳар узви ҷомеаро зарур аст, ки ба шарҳи ин мавзуъ дар татбиқи барномаҳо, ҷиҳати истифодаи самараноки ин неъмати пурарзиш ва ҳифзи оқилонаи захираҳои об дар манзил, маҳал ва минтақаҳои зисти худ саҳмгузор бошад. 
Тағйирёбии иқлим, ки боиси камшавии 30 дарсади масоҳати пиряхҳо шудааст, зарурати ҳифз ва беҳбуди пиряхҳои ҷараёнофари Помир ва Тияншонро ба мушкилоти аз ҳама бештар шиддатноки экологии минтақа ва ҷаҳон табдил додааст. Бинобар маълумоти Хадамоти гидрометеорологии Тоҷикистон, масоҳати яхбаста дар миқёси Помир то соли 2050 ба андозаи 20 дарсад кам мегардад. Раванди обшавии шиддатноки пиряхҳо метавонад боиси афзоиши обхезиҳои кӯтоҳмуддат ва ба пастшавии сатҳи бо об таъмин будани кишварҳои Осиёи Марказӣ шавад.
Боиси сарфарозист, ки 14-уми декабри соли 2022 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид  ташаббуси панҷуми кишвари моро дар соҳаи об бо қабули қатъномаи махсус қабул намуда, соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кард. Инчунин, тибқи ин қатънома, аз соли 2025-ум 21-уми март ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мегардад. Ин панҷумин қадами устувори Тоҷикистон дар ҳалли масоили обу иқлим дониста мешавад.
Биёед, ҳамагон дар ҳифзу нигоҳдории об ва муҳити зист саҳланкор набуда, тамоми кӯшишу талошҳои худро дар ин самт амалӣ намоем.

Иброҳим БЕГОВ, 
Насрулло НУРУЛЛОЕВ, 
омӯзгорони МТМУ №17-и деҳаи 
Шамтучи ноҳияи Айнӣ

Санаи нашр: 28.02.2024 №: 41
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив