ҶУМҲУРИЯТ » ҶАЛАСАҲО » ТАМОКУ. МАҲДУДИЯТҲОИ БЕШТАР ҶОРӢ ХОҲАНД ШУД 

ТАМОКУ. МАҲДУДИЯТҲОИ БЕШТАР ҶОРӢ ХОҲАНД ШУД 

02 март 2023, Панҷшанбе
81
0
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон, ки 1 март баргузор гашт, вакилон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку” (3 боб, 10 модда, 2 январи соли 2018)  тағйиру иловаҳо ворид намуданд. 
 
Гулбаҳор Ашурзода, вакили парлумон, зимни муаррифии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку” иброз дошт, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид дар ҷомеа бо роҳи муқаррар намудани принсипҳои асосии пешгирӣ, маҳдуд намудани истифода ва ба танзим даровардани муомилоти маҳсулоти тамоку лоиҳа бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони парлумон Ҷамшед Муртазозода, Шоҳмурод Рустам, Равшан Раҷабзода ва Гулбаҳор Ашурзода пешниҳод шудааст. 
Ӯ афзуд, ки дар ҳамин замина санадҳои қонунгузории кишвар ба принсипҳои дастурии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мутобиқ гардонда мешаванд. 
– Тағйироти мазкур, пеш ҳама, як мақсад дорад – ҳифзи саломатии инсон, махсусан ноболиғон ва занони ҳомила. Дар ҳама замону макон дар паси истеҳсол, воридот, содирот, нигаҳдорӣ, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку манфиатҳои иқтисодӣ меистад. Ин дар ҳолест, ки дар таркиби дуди тамоку тақрибан се ҳазор элементи химиявӣ мавҷуд аст, – гуфт Раъно Бобоҷониён, вакили парлумон. 
Ба андешаи мавсуф, солҳои охир дар баробари тамоку системаҳои электронии таъмини никотин истифода мегардад, ки гӯё камзарар аст. Лоиҳаи қонуни мазкур ба ҷорӣ кардани муносибати ягона ҷиҳати танзим, фурӯш ва истифодаи ҳама намуди тамоку, аз ҷумла маҳсулот аз тамокуи гармкардашуда, нос, кашидани тамоку бо чилим, сигорҳои электронӣ пешниҳод мегардад. Хусусан, дар моддаи 6 Қонун як қатор маҳдудиятҳо барои истифодаи маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин пешниҳод шудааст, аз ҷумла манъ будани истифодаи тамоку дар дохили ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла таксӣ, нақлиёти истифодаи шахсӣ,  ки дар он  кӯдакони то 16-сола ва зани ҳомила ҳузур доранд.
Абдуҳалим Ғаффорзода, вакили парлумон, бо нигаронӣ иброз дошт, ки то кунун меъёрҳои моддаи 5 Қонун (манъи фурӯши маҳсулоти тамоку) дар аксар маврид риоя намегарданд. Масалан, бар асоси банди 2 моддаи 5 Қонун, фурӯши маҳсулоти тамоку ба шахсоне, ки ба синни 18 нарасидаанд, иҷозат дода намешавад. Вале, дар амалия мебинем, ки наврасон бе мамоният аз мағозаҳо маҳсулоти тамокуро мехаранд. 
Дар маҷмуъ, тағйиру  иловаҳои пешниҳод-гардида ба Қонуни амалкунанда чораҳои пешбининамударо вобаста ба таъмини солимии аҳолӣ, аз ҷумла ҷавононро тақвият бахшида, аз хатари зарар ба саломатӣ эмин нигоҳ хоҳад дошт. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.03.2023 №: 47-48
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив