ШОМИ ШАНБЕ
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
НОЛАН ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ НАДОРАД
Кристофер Нолан яке аз коргардонҳои маъруф ва гаронарзиштарини Британияву Амрико, барандаи ҷоизаи «Оскар»-ро шояд аксарият дӯстдорони кино мешиносанд. Махсусан, агар филмҳои офаридаи ӯ «Дар хотир дор», "Оғоз" ва амсоли инҳоро тамошо карда бошанд.
Вале ба гумони ғолиб аксарият намедонанд, ки Нолан то ҳол телефони мобилӣ надорад. Бале, бовар нокарданист, аммо далел аст, ки ин шахсияти маъруфу сарватманд танҳо аз телефонҳои ноқилӣ истифода карда, қатъиян телефони ҳамроҳ намегардонад.
- Муошират бо телефони хонагӣ аз он ҷиҳат муфид аст, ки фикри маро парешон намекунад ва корам беташвиш пеш меравад, - мегӯяд коргардон.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
АКНУН МОШИНҲО БО ҲАВОИ ФИШУРДА ҲАРАКАТ МЕКУНАНД
Автомобили “AIRPod”, ки онро яке аз муҳандисони “Формула-1” ихтироъ намудааст, бо ёрии ҳавои фишурдаи сарди фишораш аз фишори атмосфера 300 маротиба баланд ҳаракат мекунад.
Ҳаво баъди гарм шудан ба силиндри муҳаррик фиристода мешавад. Барои неру додан ба “AIRPod” ҳамагӣ 3 дақиқа вақт сарф мегардад. Нархи қуввадиҳӣ аз 3 доллар камтар аст.
Тибқи иттилои “Zero Pollution Motors” фурӯши автомобили “AIRPod” дар ИМА аз соли 2017 оғоз гардид.
Таҳияи Кароматулло АТО
САНОАТИ МОШИНСОЗӢ
Ҷопон дар пайи боз як ихтирои нав
Дар чилу панҷумин намоишгоҳи автомобилии Токио ширкати «Honda» электромобили типи наверо ба маъраз гузошт, ки метавонад дар саноати мошинсозӣ таҳаввулот ба вуҷуд орад. Ин ширкат нақша дорад, батареяҳоеро низ ихтироъ созад, ки ғунҷоиши электрикиашон зиёд ва ҳангоми ба қувваи барқ пайваст кардан зуд неру бигиранд. Дар ҳоли ҳозир, ин ширкат барои автомобилҳои «Hybrid» аз ширкати «Panasonic» батарея мехарад.
Ширкат автомобили тамғаи «Honda Sports EV» - ро соли 2022 ба фурӯш баровард.
Таҳияи Кароматулло АТО
АЗ ҲИКМАТҲОИ КОНФУТСИЙ
1. Нисбат ба худ сахтгир будан, бешубҳа, худро аз ниятҳои бад эмин нигоҳ доштан аст.
2. Агар кас дар фикри нақшаҳои дарозмуҳлат бошад, ташвишҳои зиёд ӯро домангир хоҳад буд.
3. Агар дигарон бо сайъи андаке муваффақ гарданд, ман сад маротиба зиёдтар кӯшиш хоҳам кард. Агар дигарон ба кӯшиши даҳчанд ба чизе муваффақ гарданд, ман ҳазор маротиба бештар сайъ хоҳам кард.
4. Накукорӣ дӯст доштани мардум аст.
5. Ман ҳаройина ба касе мепайвандам, ки аз ӯ чизе омӯхта тавонам.
6. Агар мансабе надорӣ, дар ташвиш мабош. Баҳри иҷрои масъулияти худ саъй намо.
Фароҳамсоз Кароматулло АТО
ПАНДҲОИ ШОҲОНИ СПАРТА
Сикандар бар Арасту доду пиндошт,
Ки шояд файласуфи зӯр гардад:
- На оне мекунад, ки кардаам ман,
На чун ман ҳам пушаймон мешавад бад.
***
Сикандар дар давидан бодпо буд,
Падар фармуд: - Бар сабқат ба по шав!
Ҷавобаш дод: - Майлаш, розиям ман,
Агар шоҳон дароянд аз дари дав.
***
Пиразоле дошт домони Филип:
- Мушкилам ҳал кун дар ин ҷо зуди зуд!
Гуфт: - Фурсат кам бувад ҳоло маро,
Пас бифармоям, ки орандат ба буд.
Зад фиғон сӯи Филип он гоҳ зол:
- «Гар чунин шоҳӣ, шаҳӣ кай зебадат!»
Мушкиле пеш ояндаш гар баъд аз он,
Дарзамонаш мекушудӣ бо сифат.
ИСКАНДАРИ МАҚДУНӢ
Ба пеши Сикандар гаҳи дери шаб,
Зане овариданд - нахҷири шаб.
Бипурсид: - Чун шуд, ки дер омадӣ,
Агарчи чу шери ҳажир омадӣ?
Ҷавобаш чунин дод он шӯхрам:
- Нишастам, ки шӯро ба хобаш диҳам.
Аз китоби “Суҳбати гирди хон”-и Плутарх,
мутафаккири Юнони Қадим, ба назм кашида шуд.
Зиё АБДУЛЛО
2024. СОЛИ ОЛИМПӢ
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ҚАДИМРО ФЕОДОСИЙИ 1 МАНЪ КАРД
Дар асоси маълумоти мавҷуда, аввалин Бозиҳои олимпии қадим дар Юнон соли 776-и то мелод баргузор шуда, дар чор сол як маротиба доир мегаштанд.
Иштирок дар Олимпиада шарафи бузург дониста мешуд. Ҳар варзишгар вазифадор буд, ки қабл аз бозиҳо 10 моҳ дар маҳали худ ва 1 моҳ дар Олимп тамрин кунад. Варзишгаронро элланодикҳо - доварон ва ташкилкунандагони бозиҳо ҷиддӣ назорат мекарданд.
Дар аввал ҳамаи мусобиқаҳои Бозиҳои олимпӣ дар як рӯз баргузор мешуданд. Баъдан муҳлати баргузории мусобиқаҳо то 5 рӯз тамдид карда шуд.
Соли 394-и мелодӣ императори Рим Феодосийи якум Бозиҳои олимпиро манъ кард. Дар умум, тибқи ҳисобҳо, Бозиҳои олимпии қадим 1169 сол баргузор шуда, 292 маротиба варзишгарон дар ин чорабинии боҳашамат ҷамъ омадаанд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
НИЗОМИ ДАРС ВА ЯК ҚОИДАИ ҒАЙРИМАЪМУЛӢ
Ҷадвали зарб, ки дар мактабҳо истифода мешавад, бори аввал дар Чин тартиб дода шудааст. Дар ин ҷо мактабҳо дар ғорҳо ҳам амал мекунанд. Як соати дарс иборат аз 40 дақиқа аст. Дар ин ҷо ба хонандагон иҷозат дода шудааст, ки дар паси мизи дарсӣ шӯрбо ва биринҷ тановул кунанд. Пеш аз оғози дарсҳо иҷрои машқи бадан ҳатмист.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
БАДТАРИН МУСИБАТ ҲАМ МУҚАДДИМАИ ХУШИҲОИ ФАРДОСТ
Рӯзе аспи пирамарде фирор кард. Мардум гуфтанд, чи мусибате. Пирамард гуфт: Аз куҷо медонед?. Фардо асп бо чанд аспи саҳроӣ баргашт. Боз гуфтанд, чи хушбахтие.
Гуфт: Аз куҷо медонед?
Писари пирамард аз рӯи яке аспҳо афтод ва пояш шикаст.
Гуфтанд: чи мусибате.
Гуфт: Аз куҷо медонед?
Фардояш маъмурони давлат омаданд ва тамоми мардони ҷавони деҳаро ба ҷанг бурданд ба ҷуз писари пирамард, ки пояш шикаста буд.
Ҳикмат: Зиндагӣ пур аз хушиву мусибатҳост. Шояд бадтарин мусибатҳо муқаддимаи хушиҳои фардо бошанд.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
ТИЛЛО
Ягона элементе, ки ҳамчун пул истифода мешавад
Аз яксаду ҳаждаҳ унсури ҷадвали даврӣ тилло ягона элементест, ки инсон онро ҳамеша ҳамчун асъор истифода кардааст. Инак, чанд далели ҷолиб дар бораи ин металл.
* Аз як тонна телефонҳои мобилии куҳна назар ба як тонна маъдан метавон зиёдтар тилло гирифт.
* Агар мо тамоми тиллои уқёнусро истихроҷ кунем, ба ҳар як нафар дар ҷаҳон 4 килограммӣ рост меояд.
* Баҳрнавардон аксар вақт гӯшворҳои тилло мепӯшиданд, зеро агар онҳо ба соҳил бароварда мешуданд, гӯшвор ҳамчун як навъи пардохт барои дафни муносиб хизмат мекард.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
Хӯрдани 10 қаламфур ДАР 33 СОНИЯ
Моҳи январи соли 2024 Китоби рекордҳои Гиннесс аз дастоварди Грегор Фостери амрикоӣ ёдовар шуд. Дар як рақобат ӯ 10 тундтарин қаламфури “калифорнияӣ”-ро дар 33 сония истеъмол кард.
Рекордсмен на танҳо қаламфури тундро дӯст медорад, балки соҳиби ширкатест, ки онро парвариш ва қайлаҳои тез истеҳсол мекунад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
Самимият
Самимият забон надорад, он аз чашм фаҳмида мешавад ва калидест, ки ҳама дарҳоро мекушояд.
* * *
Шахсе, ки дӯсташро аз худ боло намедонад, аз самимият дур аст.
* * *
Шахсе, ки ба самимият хиёнат мекунад, дер ва ё зуд маҳв мегардад.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ФАРОМӮШ КАРДА МОНДАМ
Дар суд:
- Яъне мехоҳед мо бовар кунем, ки шумо ҳамсаратонро аз ошёнаи чорум нофаҳмида тела додед?
- Ба виҷдонам қасам рафиқ судя, то дирӯз мо дар ошёнаи якум зиндагӣ доштем, ман аз кӯчиданамон ба боло фаромӯш карда мондам.
Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА
ПОСУХИ КИТОБФУРӮШ
Аз Муҳаммад Азиз, китобфурӯши марокашӣ, пурсиданд: «Чаро вақте нестӣ дари дуконро намебандӣ?».
Посух дод: “Онҳое, ки савод надоранд, китоб намедузданд, онҳое, ки китоб мехонанд, дуздӣ намекунанд».
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
ПИРЯХИ АЛИБЕК
Пиряхи Алибек дастрастарин пиряхест, ки дар Қафқози Шимолии Федератсия Россия аст. Он дар майдони умумии 972 гектар ташаккул ёфта, дарозиаш ба 4,6 километр мерасад. Пиряхи Алибек аз кӯҳ ба умқи ҷангалҳо мефарояд ва дар наздикии он дараи зебоманзари Домбай ҷойгир аст, ки барои сайёҳон қобили таваҷҷуҳ мебошад. Вале обшавии босуръати ин пирях, ки сатҳи коҳишёбиаш аз 5 то 7 метрро ташкил медиҳад, боиси нигаронии амиқи коршиносони ҳифзи муҳити зист гаштааст.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ҲАМААШ АЗ РӮИ АДОЛАТ
Аз миш-миши судя бо ҳамкасбаш:
- Бовар мекунӣ, коррупсия чунон рӯи рост шудааст, ки дирӯз пеш аз мурофиа ҳар ду ҷониб ба ман пора доданд.
- Чӣ хел ҳар ду ҷониб?
- Ҳамин хел, айбдоршаванда 1200 доллар, ҷабрдида – 1000.
- Шумо чӣ кор кардед?
- Чи кор ҳам мекардам 200 доллари айбдоршавандаро гардонда додам.
- Чаро?
- Хостам ҳама чиз аз рӯи адолат бошад, мо порахӯр не-ку.
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
ПОЙАФЗОЛ. ОН ҲАМ СУДУ ЗИЁН ДОРАД АГАР…
* Кайҳоннавардони киштии «Аполлон» ботинкаҳои махсуси моҳворавӣ мепӯшиданд, ки бахше аз костюмҳои кайҳониро ташкил медоданд. Ин ботинкаҳо тавре коркард шудаанд, ки аз сангҳои тез дар Моҳ кайҳоннавардонро ҳифз карда, дар муқобили ҳарорати фавқулодавӣ устуворӣ нишон медиҳанд.
* Интихоби номувофиқ ва ё ноқулайи ботинкаҳо ба саломатӣ мушкилоти зиёдро эҷод мекунанд ва боиси пайдо шудани ҷароҳатҳо, каҷшавии ангуштҳо, осеб ба сутунмуҳра, ҳатто роҳгардӣ мегарданд.
* Пошнаи калонтарин дар дунё соли 2017 сохта шуд, ки баландии он 51,5 см мебошад. Он ба Китоби рекордҳои Гиннесс ворид гардидааст.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
ТЕННИС
Витас ва дарси ибрати ӯ баъд аз 16 бохт
Теннисбози литватабори амрикоӣ Витас Герулайтис собиқ теннисбози рақами сеюми ҷаҳон, қаҳрамони Australian Open – 1977, финалисти US Open – 1979 ва Ролан Гаррос – 1980 ба Ҷимми Коннорси машҳур 16 бозиро пай дар пай бохт. Ниҳоят бар ӯ муяссар шуд, ки соли 1980 Коннорсро дар мусобиқаи Masters мағлуб намояд. Витас баъди пирӯзӣ бар Коннорс ба хабарнигорон шӯхиомез гуфт: «Бигзор ин ба ҳама дарси ибрат шавад. Ҳеҷ кас наметавонад бар Витас 17 маротиба пайиҳам ғолиб ояд!».
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
СОЗҲОИ МУСИҚӢ
АЛТ
Алт сози тории камончадорест, ки сохти скрипкаро дошта, ҳаҷман калонтар аст. Сабаби аз скрипка (violino) паст садо додани алт ин аст, ки ҳаҷман аз он калонтар буда, ба қадри квинта (панҷ садо) паст ҷӯр мешавад. Тарзи навохтану хусусиятҳои овозбарории алт ба скрипка шабоҳат дорад. Намунаҳои нахустини алт ҳанӯз дар миёнаи асри XVI пайдо шуда буданд. Устои бузурги итолиёӣ скрипкасоз А. Страдивари намунаҳои беҳтарини алтро кор карда баромадааст. Алт ҳамчун сози якканавозӣ низ аз миёнаи асри XIX маъмул аст.
Дар ансамбл (иштирокчии ҳатмии квартети созҳои камончадор) ва оркестри симфонӣ (одатан дар оркестр 8-10 алтнавоз) истифода мешавад. Алтро чун сози якканавозӣ низ ба кор мебаранд.
Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ
Маҷлисча
– Дадо, пагоҳ дар мактаби мо маҷлисчаи падару модарон мешудаст.
– Чаро маҷлисча?
– Чунки дар он фақат се кас – ману шумою роҳбари синфамон иштирок мекунем.
* * *
Гӯш накардам
Нозим ҳикояеро бо овози баланд мехонд. Мурод аз ӯ пурсид:
– Ҳикояе, ки мехонӣ, аҷиб-а?
– Надонам, – ҷавоб дод Нозим.
– Мехонӣ-ку! Чӣ хел намедонӣ? – боз пурсид Мурод.
– Ман дар як вақт ду корро карда наметавонам, – ҷавоб дод ӯ.
Таҳияи Гулсара АВАЗОВА
ЛАБХАНДИ АҲЛИ ФАЗЛ
Шахсе назди халифаи Бағдод рафт, ки ман пайғамбарам.
Халифа гуфт: – Муъҷизаи ту чист?
Гуфт: – Ҳар чи ирода кунӣ!
Халифа гуфт: Тухми харбузаро дар пеши ман бикор, ки филфавр сабз шавад ва гул кунад ва харбуза бандад ва пухта гардад.
Гуфт: – Маро чор рӯз муҳлат деҳ!
Гуфт: – Муҳлат нест.
Гуфт: – Эй хоҷа, Худои азза ва ҷалларо бо вуҷуди қудрати комилаш чор моҳ муҳлат медиҳӣ, то харбуза мерасонад ва маро чор рӯз муҳлат намедиҳӣ?!
Аз «Латоиф-ут-тавоиф»-и Фахриддин Алии Сафӣ
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
Санаи нашр: 01.03.2024 №: 43