ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ – ТАЛАБИ ЗАМОН

ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ – ТАЛАБИ ЗАМОН

04 март 2024, Душанбе
122
0
 
Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва дигар вазорату идораҳо дар ду соли минбаъда низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ пурра ҷорӣ карда, ҳамгироии фаъолиятро дар ин самт таъмин намоянд.
Эмомалӣ РАҲМОН
  
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба инобат гирифта, бо мақсади суръат бахшидан ба ин раванд ва рушди минбаъдаи он давра ба давра тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Зеро рушди бемайлони илму техника шаклҳои нави ҳисоббаробаркунии рақамиро бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ҳомили электронии иттилоот, аз ҷумла корти пардохтии бонкӣ ва дигар таҷҳизоти техникӣ, ба вуҷуд овард, ки имрӯзҳо, дар олами муосир яке аз нишондиҳандаҳои сатҳи баланди рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ ба шумор меравад. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти сохтори молиявиро дар рушди иқтисодиёт мунтазам таъкид карда, барои инкишофи минбаъдаи он вазифаҳои мушаххасро ба миён мегузоранд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2023 Президенти мамлакат Вазорати молияро вазифадор намуданд, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор раванди рақамикунонии молияву андозро густариш бахшида, дар муҳлатҳои наздиктарин низоми мукаммали муносибатҳои молияи рақамиро роҳандозӣ намояд.
Дар ин маврид мақомоти прокуратура, ки назорати риоя ва иҷрои якхелаи қонунҳоро ба уҳда дорад, назорати қонунгузории ин соҳаро низ, чун дигар соҳаҳо, таъмин намуда, ба татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди низоми пардохтӣ мусоидат менамояд.
Қонунгузории низоми пардохтӣ, нахуст, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳисоббаробаркуниҳо дар ҷумҳурӣ, асосан, тибқи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд. Ғайр аз ин, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ин муносибатҳоро ба танзим медароранд.
Бояд қайд кард, ки, бо мақсади мукаммалгардонии ҷараёни рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, заминаҳои ҳуқуқии ин соҳа сол ба сол мустаҳкам шуда, санадҳои гуногуни меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуда истодаанд. Чунончи, 22-юми июни соли 2023 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” қабул шуд, ки тибқи он аз 1-уми августи соли 2023 ҳамаи намудҳои хизматрасониҳои муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешаванд. Аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ ба таври нақдӣ қабул намудани пардохти хизматрасониҳои музднок манъ шуд. 
Айни замон ба ин хизматрасониҳо дохил карда шудаанд: пардохти андозҳо; боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо; пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет; ҷаримаҳо; маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ; хизматрасониҳои тиббӣ; хизматрасониҳои коммуналӣ. Инчунин, дар фармони Президенти мамлакат ба тариқи умумӣ намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ дарҷ гардидааст, ки инҳо метавонанд қабули маблағ барои баъзе ҳуҷҷату бланкаҳо, барои додани баъзе иттилоот (маълумотномаҳо) ва ғайра бошанд. Вале то ба имрӯз аксари одамон, қатъи назар аз он ки маош ё нафақапулиашон ба корти бонкӣ гузаронда мешаванд ва барои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ то андозае шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, маблағҳояшонро аз банкоматҳо нақд карда мегиранд ва баъд хароҷот мекунанд, ки ин одат бояд аз байн бурда шавад. 
Бояд қайд кард, ки иҷрои ҳатмии ҳамаи он санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар боло зикр гардиданд, аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор, бешубҳа ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти мамлакат дар ин самт бармеоянд, муосидат хоҳад кард.
Барои риоя накардани талабот дар бораи ба тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шуда, 3-юми январи соли 2024 ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 5411 илова гардид, ки тибқи он барои аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ гирифтани пули нақд, ки таъиноти он ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани маблағ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намуди дигари хизматрасониҳои давлатӣ мебошад, инчунин аз ҷониби онҳо истифодаи кортҳо ва воситаҳои дигари электронии шахсии пардохт бо ин мақсад ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шуда, ҷазои ҷарима ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда мешавад.   
Вале ба ғайр аз чунин чораҳои таъсиррасонӣ, барои тадриҷан ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ гузаштан, инчунин, чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ низ зарур мебошад. Ин, пеш аз ҳама, пайвастшавии бефосила ба шабакаи интернет, суръати баланди интернет ва арзиши пасти он, фаъолияти муназзами воситаҳои электронии пардохтӣ, ҷорӣ намудани меъёри ягонаи пардохти ҳаққи хизматрасониҳои ғайринақдӣ ва паст будани ин меъёр аз меъёри пардохти ҳаққи нақдкунонии маблағ, инчунин, дигар ҳавасмандгардонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ки метавонанд барои интихоби ин намуди ҳисоббаробаркунӣ ва амалишавии сартосарии ин иқдом мусоидат кунанд.
Дар ин маврид, ташкилотҳои қарзӣ ва таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ бояд бештар ба андозаи меъёри пардохти ҳаққи хизматрасониҳои ғайринақдӣ аҳамият диҳанд. Мақомоти зиддиинҳисорӣ низ ба ин масъала бояд таваҷҷуҳ кунад, зеро меъёри баланд барои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар қиболи меъёри паст барои нақдикунонӣ наметавонад барои истифодаи ин шакли пардохт ҳавасманд гардонад. 
Баланд бардоштани савияи дониши молиявӣ ва малакаи шаҳрвандон ҷиҳати истифодаи воситаҳои электронии пардохт, хусусан дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи бовари мардум ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ омилҳои муҳим мебошанд, ки барои таъмини ин заминаҳо низ дар фармони Президенти кишвар ба вазорату идораҳои дахлдор супориши мушаххас дода шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкид намуданд, ки моҳият ва бартариҳои низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро бояд ба аҳолӣ фаҳмонем. Дар ин маврид, қайд намудан лозим аст, ки гардиши маблағи нақд ба иқтисодиёт бештар таъсири манфӣ дорад. Бояд ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ки шаффофиятро таъмин мекунанд, васеъ истифода бурда шаванд. Мушкилии иқтисоди пинҳонӣ ҳам аз бисёр ҷиҳат ба гардиши зиёди пули нақд алоқамандӣ дорад. Аз ин лиҳоз, низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ барои мубориза бо чандин зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла иқтисоди пинҳонӣ, пинҳон кардани андоз, коррупсия ва ғайра кумак мерасонад, зеро зиёд будани пули нақд дар муомилот барои зиёд шудани иқтисоди пинҳонӣ ва омилҳои коррупсионӣ ва баръакс рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба паст шудани сатҳи ин омилҳо то андозае мусоидат мекунад. Маблағи нақд-ин як роҳи тасарруфи маблағҳо, тарзи осон ва қулай барои саркашӣ аз андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, инчунин, барои додан ва гирифтани пора мувофиқ мебошад. Аз ин рӯ, кам кардани пули нақд дар муомилот барои кам шудани ин омилҳо, барои мубориза бо коррупсия дар зинаҳои поёнӣ мусоидат ва кумак мекунад. 
Аз ин лиҳоз, айни замон, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҳамчун як чораи иловагии мубориза бо коррупсия дониста шуда, он ба паст шудани сатҳи коррупсия дар ҷомеа мусоидат хоҳад кард.
Бояд дониста бошем, ки тибқи қонунгузории ҷорӣ дар ин низоми пардохтӣ кафолати маблағи муштариён низ таъмин карда мешавад. Чунончи, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” дар низоми пардохтӣ низоми идоракунии хавфҳо амал мекунад, ки ин маҷмуи чорабиниҳо ва усулҳои коҳиш додани пайдоиши эҳтимолии оқибатҳои ногувор дар фаъолияти мунтазами низоми пардохтӣ мебошад.
Бовари комил дорем, ки вазорату идораҳои дахлдор, мутасаддиён ва шаҳрвандон ба ин масъала бо дарки масъулият муносибат карда, иҷрои фармони дахлдори Президенти кишвар, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таъмин ва нишондодҳои Сарвари давлат татбиқ гардида, то соли 2026 низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ пурра ҷорӣ мешавад, ки он ба баланд гаштани нишондиҳандаҳои сатҳи рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сатҳу сифати зиндагии мардум ва паст шудани сатҳи коррупсия дар ҷомеа мусоидат хоҳад кард. 
Баҳриддин САФАРЗОДА, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ,  мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 04.03.2024 №: 44
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив