ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТЕҲСОЛИ НЕРУИ БАРҚ ДАР НБО «НОРАК» ЗИЁД ШУД

ИСТЕҲСОЛИ НЕРУИ БАРҚ ДАР НБО «НОРАК» ЗИЁД ШУД

04 март 2024, Душанбе
65
0


Неругоҳи барқи обии «Норак» соли 2023 ба комёбии беназир ноил шуд. Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари коргарони муҳандисию техникӣ ва низоми хуби агрегатҳо, аз соли 1972 то имрӯз зиёда аз 500 миллиард киловатт/соат барқ истеҳсол гардид.

Танҳо соли гузашта Неругоҳ тавонист 11 миллиарду 50 миллиону 699 ҳазору 458 кВт/соат қувваи барқ истеҳсол кунад, ки 100,4 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Афзоиши истеҳсоли барқ дар Неругоҳ дар натиҷаи навсозии агрегати якум дар соли 2022 имконпазир гардид. 
Барқарорсозии НБО “Норак”, ки соли 2019 оғоз ёфт, дар ду марҳала анҷом дода мешавад. Дар навбати аввал навсозии аз нуҳ се агрегати тавлидкунандаи неруи барқ, иваз ва таҷдиди таҷҳизоти гидромеханикӣ ва ҷузъҳои асосии инфрасохтори Неругоҳ, иваз кардани шаш трансформатор, ки барои интиқоли неруи барқи тавлидшуда истифода мешаванд ва ба баланд бардоштани сатҳи бехатарии сарбанд ба нақша гирифта шудааст. Марҳалаи дуюм барқарорсозии шаш агрегати боқимонда, биноҳои асосӣ ва дар баробари ин, тақвияти иқтидори Неругоҳро дар назар гирифтааст.
Неругоҳи барқи обии “Норак” бо иқтидори беш аз 3000 мегаватт ҳудуди 50 дарсади талаботи солонаи Тоҷикистонро ба неруи барқ таъмин мекунад. Ҳамагӣ 77 дарсади иқтидори иншоот истифода мешавад ва аз соли ба истифода додани он (1972) бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аввалин бор таъмир мешавад. Пас аз анҷоми корҳои барқарорсозӣ ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар фасли зимистон ба 33 миллион киловатт/соат баробар мешавад, ки дар самти қонеъ гардондани талабот ба неруи барқ дар сармо аҳамияти хоса дорад. Дар фасли тобистон бошад, Тоҷикистон метавонад содироти неруи барқро аз ҳисоби захираҳои обии тоза густариш диҳад ва барои бахши энергетика даромади иловагӣ ба даст орад.

Фарҳод ҲАЛИМОВ, муҳандис

Санаи нашр: 04.03.2024 №: 44
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив