ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ҚУДРАТИ МО ДАР ИТТИҲОДУ САРҶАМЪӢ, ВАТАНДӮСТӢ ВА ЗАҲМАТИ СОДИҚОНА АСТ!

ҚУДРАТИ МО ДАР ИТТИҲОДУ САРҶАМЪӢ, ВАТАНДӮСТӢ ВА ЗАҲМАТИ СОДИҚОНА АСТ!

12 март 2024, Сешанбе
245
0

 
Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, шаҳри Душанбе, 9-уми марти соли 2024
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!
Дар ибтидо кулли мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин, самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат сулҳу оромӣ, файзу баракат ва зиндагии босаодат орзу менамоям.
Бояд гуфт, ки ҳикмати парҳезгориву рӯзадорӣ танҳо дар тарки хӯрдану ошомидан маҳдуд намегардад, балки ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқодии муҳим ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, босабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб мешавад.
Тибқи оятҳои Қуръони маҷид ва ҳадисҳои набавӣ ҳар як амали нек ва кори хайру савоб дар ин моҳи мубораку шариф нисбат ба моҳҳои дигар бамаротиб беҳтару бузургтар мебошад ва савоби бештар дорад. Аз ин рӯ, моҳи Рамазон фурсати беҳтарин барои вусъат додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробонмонда, ниёзмандону дармондагон ва наздикону пайвандон мебошад. Худованд дар сураи Тавба, ояти 60-ум мефармояд, ки «ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва мискинон ва омилони садақот ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад (яъне шахсони бемору нотавон) ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон ва он ҳукми собитшуда аз назди Худо аст».
Охири соли гузашта дар Паёми Роҳбари давлат самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлати Тоҷикистон ва моҳи январи соли ҷорӣ дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат оид ба ҷамъбасти соли 2023 дастовардҳои ноилшудаи мардуми кишвар муфассал таҳлил гардида, вазифаҳо барои ояндаи наздик муайян карда шуданд. Имрӯз мехоҳам доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намоям. Аз ин лиҳоз, тасмим гирифтем, ки дар арафаи фарорасии моҳи мубораки Рамазон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, олимону донишмандон, фаъолон ва ходимони дин мулоқот кунем ва масъалаҳои вобаста ба ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла маънавиёту маърифати мардуми мамлакатро баррасӣ ва вазифаҳоро барои бартараф намудани баъзе мушкилоту камбудиҳое, ки дар ин самт ҷой доранд, муайян намоем.
Мехоҳам хотирнишон намоям, ки, дар натиҷаи дарки арзишҳои миллӣ ва фарҳангу ахлоқи ҳамидаи мардумамон, тайи беш аз сӣ соли соҳибистиқлолии кишварамон ҳазорон нафар соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва афроди бонангу номуси ҷомеа сиёсати инсондӯстонаи иҷтимоии давлату Ҳукуматро дастгирӣ карда, бисёр иқдомоти савобу созандаро анҷом доданд. Онҳо то имрӯз ҳазорон мактабу кӯдакистон, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, роҳу пулҳо, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд карда, садҳо ҳазор сокинони мамлакатро бо ҷойи кор таъмин намуданд, ҳар сол чор-панҷ маротиба ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон кумак расонданд ва ҳоло боз бисёр корҳои хайру савобро амалӣ карда истодаанд. Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи онҳо барои иқдомоти ватандӯстонаву инсонпарваронаашон миннатдории самимии давлату Ҳукумати мамлакатро изҳор менамоям. Ана ин аст кори савобу амали хайр, ки боиси ризояти Худованд гардида, савобу самараи ин амалҳои нек ба ҳафт пушти инсон мерасад ва дар номаи аъмоли ҳам худаш ва ҳам гузаштагонаш, ки ин гуна фарзанди солеҳро ба камол расондаанд, навишта мешавад.
Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишварамон, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон, шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз шаҳрвандони мо фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд.
Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ мо ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва динии худ муяссар шудем ва мардумамон бо мазҳаби аҷдодӣ, бо пирони хирад ва бузургони илму адаби гузашта ҳамаҷониба ошно гардиданд. Истиқлоли давлатӣ ба мо – миллати тамаддунсози тоҷик, имкон фароҳам овард, ки асарҳои  бузургони  худро  бознашр  ва  ба мардуми кишвар дастрас намоем. Бори дигар такрор менамоям, ки ин ҳама аз баракати муқаддастарин неъмати зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ ва дунявӣ будани давлатамон аст, ки барои пайравони ҳамаи динҳо имкониятҳои баробар ва шароити озоду созгори эътиқодиро фароҳам овардааст. Мардуми мо, ҳамчунин, имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд.
Ҳукумати Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмин намудани озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин хеле корҳои назаррасро ба анҷом расонд. Дар соли 2009 бо ширкати олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё баргузор кардани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам машҳур аст, як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти маънавии мардуми мо гардид. Ҳамчунин, бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, чопи осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта, ба забони тоҷикӣ тарҷума кардану се маротиба нашр намудани Қуръони карим ва ба мардуми Тоҷикистон дастрас гардондани он аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки дар ин самт ба анҷом расидаанд.
Бо дастури Роҳбари давлат яке аз тафсирҳои муътабари Қуръони карим «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Ҳидоя»-и Бурҳониддин Абуҳасан ибни Абубакр, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муқаддима»-и ибни Халдун ва асарҳои дигар мутафаккирони бузурги исломӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда шуданд.
Мо тасмим гирифтаем, ки ин гуна иқдомот, аз ҷумла нашри тоҷикии матни Қуръони каримро минбаъд низ идома диҳем, то ин китоби муқаддас барои пок нигоҳ доштани асолати динии мардумамон дар ҳар хонадони кишвар мавҷуд бошад. 
Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ муносибат намуда, барои амалӣ гардондани онҳо усулу воситаҳои заруриро дар сохтори давлатӣ ташаккул дод. Таъсиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар назди Ҳукумат, Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти мамлакат, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бақайдгирии чор ҳазор иттиҳодияи динӣ, яъне масҷидҳо ва ташкили сафари дастаҷамъонаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра аз ҷумлаи иқдомоти дар ин самт амалигардида мебошанд. Имрӯз дар Тоҷикистон ба 2000 нафар шаҳрванд як масҷид рост меояд, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3-3,5 ҳазор ва дар дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон 5-5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳамзамон бо ин, дар кишвар як ҷамоатхонаи исмоилӣ, ду кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои исмоилӣ ва 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ фаъолияти озодона доранд.
Соли 2010 аз ҷониби Ташкилоти ҷаҳонии ислом оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардидани шаҳри Душанбе далели возеҳи он мебошад, ки тоҷикон дар ҷодаи ҳифзи мероси динӣ, ғанӣ гардондани он ва, умуман, фарҳангу маорифи исломӣ дар сатҳи ҷаҳони ислом саҳми арзишманд гузоштаанд. Ин далел, ҳамчунин, гувоҳӣ медиҳад, ки барои шаҳрвандони мамлакат ҷиҳати амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои динӣ дар замони соҳибистиқлолӣ низ имкониятҳои зиёд муҳайё гардида, таъмини озодии виҷдон дар сатҳи зарурӣ қарор дорад. Пас мо чӣ гуна аз соҳибистиқлоливу соҳибдавлатиамон шукрона накунем? Танҳо соҳибистиқлолӣ ва низоми дунявии давлатамон имкон фароҳам овард, ки миллатҳои гуногун ва пайравони дину мазҳабҳои мухталиф дар кишварамон фаъолияти динию эътиқодии худро дар доираи муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва қонунгузории амалкунанда озодона анҷом диҳанд.
Таърихи давлатдории навини тоҷикон ва гузашти вақт дуруст будани интихоби низоми дунявии давлатро дар шароити муосир собит сохт. Таҳлилу баррасии иқдомоти тайи беш аз сию ду сол амаликардаи Ҳукумати Тоҷикистон дар муносибат ба дин нишонаи он аст, ки давлати демократӣ ва дунявии мо дар роҳи таъмин намудани озодии виҷдон қадамҳои устувор гузошта, рисолат ва вазифаи таърихии худро дар назди мардуми эътиқодманд дар сатҳи зарурӣ иҷро карда истодааст.
Давлати Тоҷикистон нисбат ба ҳамаи динҳо назари нек дошта, шароити созгори эътиқодиро барои пайравони онҳо таъмин кардааст ва, хусусан, барои рушди дини мубини ислом, ки 99 фоизи сокинони кишвар эътиқодманди он мебошанд, на фақат шароити мусоид муҳайё кардааст, балки ба арзишҳои созандаву инсонпарваронаи он арҷ мегузорад.
Мо ин иқдомотро ҳамчун идомаи корҳои анҷомдодаи гузаштагони некноми худ дар роҳи ҳифзу такомули арзишҳои эътиқодиву ахлоқии дини мубини ислом, поксозии он аз ҳама гуна хурофоту таассуб, ҳимоя аз тафриқаандозӣ ва пойдории асолати диниамон анҷом додем. Зеро фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ё Имоми Аъзам поягузори бузургтарин мазҳаби таҳаммулгарои ислом аст, ки шумораи пайравонаш қариб 60 фоизи мусулмонони дунё, яъне беш аз нисфи эътиқодмандони дини исломро ташкил медиҳад.
Хотирнишон месозам, ки сабаби пайравони зиёд доштани мазҳаби ҳанафӣ дар ақлгароӣ ва таҳаммулгароии он буда, ба шароити ҳар давру замон, аз ҷумла замони муосир, мутобиқат дорад ва инсонро ҳамчун беҳтарин мавҷуди офаридаи илоҳӣ дар мақоми бисёр баланд мегузорад. Воқеан, дар замони муосир халқу миллатҳо бо роҳи омӯхтану ихтироъ кардани илму дониш ва техникаву технологияҳои муосир кӯшиш мекунанд, ки арзишҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳангӣ ва озодиҳои шахсии худро дар паноҳи давлати соҳибистиқлоли хеш аз таҳдиди ҷаҳонишавии манфиатҳо ва суистифодаи арзишҳо ҳифз намоянд.
Пайравӣ аз ойини аҷдодиамон – мазҳаби ҳанафӣ, яке аз воситаҳои муассири аз таҳдиду хатарҳо ҳимоя кардани фазои мафкуравии ҷомеаи мо дар шароити муосир мебошад.
Абуабдуллоҳ Муҳаммад Исмоили Бухороӣ дар шароити вазнини буҳрони «илми ҳадис» аз байни садҳо нафар донандагони маъруфи ҳадисҳои набавӣ ба тоза кардани онҳо камар баста, аз миёни садҳо ҳазор ҳадиси бофта 7 ҳазору 250 ҳадиси саҳеҳро бо коркарди усули илмӣ, мантиқӣ ва таърихӣ ба олами ислом пешниҳод кардааст. Илми ҷаҳонӣ ва кулли мусулмонони олам «Ҷомеъ-ус-саҳеҳ»-и Имом Бухориро саҳеҳтарин китоб баъди Китоби Худо, яъне Қуръони карим, медонанд.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳикмат ва ахлоқи исломиро ба пояҳои  бисёр  баланди  назм бардошта, дар сарҳади се тамаддун – исломӣ, юнонӣ ва насронӣ, пули ҳамдигарфаҳмию таҳаммул бино намуд ва гуфтугӯи фарҳангу тамаддунҳоро ба роҳ андохт.
Маснавии маънавии Мавлавӣ
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.

Ин шоҳасари бузурги фарзанди миллати тоҷик, ки ЮНЕСКО бо ташаббуси Тоҷикистон доир ба таҷлили 800-солагии он қарор қабул кард, дар зарфи даҳсолаҳои охир дар кишварҳои гуногуни олам бо теъдоди ниҳоят зиёд чоп шудааст ва ба китобе табдил ёфтааст, ки дар миёни мардуми дунё хонандаи аз ҳама бисёр дорад. Бо гузашти садсолаҳо пули маънавию фарҳангии бунёднамудаи Мавлоно халқу миллатҳои гуногуни оламро ба ҳам овардааст ва имрӯз низ пайравони динҳои мухталиф – мусулмонону насрониёну яҳудиён ба зиёрати оромгоҳи ӯ мераванд ва ному осори ӯро гиромӣ медоранд. Ман ду бор ба зиёрати оромгоҳи Мавлоно рафтам ва шоҳиди зиндаи маҳбубияти ӯ будам. Имсол низ бо  ташаббус  ва  пешниҳоди  Тоҷикистон  дар  созмони  ЮНЕСКО ҷашни Мавлоно доир мегардад ва фикр мекунам, ки дар муаррифии шоиста ва шинохти беҳтари забону таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин, таҳкими ҳувияти миллии мо нақши арзишманд мегузорад.
Тамоми донишмандону бузургони миллати мо, аз қабили устод Абуабдуллоҳи Рӯдакиву Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёниву Абуалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхиву Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозиву Камоли Хуҷандӣ, Мирзо Абдулқодири Бедилу Аҳмади Дониш ва устод Садриддин Айнӣ тавассути маърифату худшиносӣ дарк кардани муаммои дунёву охиратро  талқин мекарданд. Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон, хусусан ҷавонону наврасон, ки худро мусулмон ва пайрави мазҳаби ақлгарои ҳанафӣ меҳисобанд, ҳуқуқи маънавӣ доранд, ки аз меросбари шахсиятҳои оламшумули илмию ахлоқӣ будани хеш ифтихор кунанд.
Ҳар фарди ин сарзамин ва ҳар як наврасу ҷавони он, ки бо решаҳои таърихиву забонӣ ва фарҳангиву маънавӣ бо миллат ва халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад, бояд бо ифтихор иброз намояд, ки ман тоҷикам, набера ва меросдори аҷдоди бофарҳанге ҳастам, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин, ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басо арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд.


Ҳозирини гиромӣ!
Бояд гуфт, ки бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва, дар ин замина, риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст. Ин дар ҳолест, ки, тибқи андешаву назари донишмандони маъруфи улуми исломӣ, хурофоту таассуб ва ифротгароии динӣ бо таълимоти инсонпарваронаи дини ислом робитае надорад. Душманони дини мубини ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, ки яке аз онҳо даст ёфтан ба бойигариҳои фаровони кишварҳо мебошад, ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунанд.
Солҳои охир вусъати бесобиқа ёфтани талоши абарқудратҳо барои амалисозии манфиатҳои худ, азнавтақсимкунии дунё, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳалаи нави «ҷанги сард», густариши бесобиқаи фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки, мутаассифона, хусусияти динӣ касб намудааст, вазъи мураккаби дар пайи пандемияи COVID-19 бавуҷудомада, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он – хушксоливу камобӣ, норасоии маводи ғизоӣ ва гуруснагӣ, вазъи ҷаҳонро мураккабу пешгӯйинашаванда гардонда истодааст. Яъне, имрӯз инсоният дар давраи бархурду зиддиятҳои шадиди низомӣ, хушксоливу камобӣ, қаҳтиву гуруснагӣ, таназзули иқтисодиёту иҷтимоиёт ва, дар маҷмуъ, дар вазъи ниҳоят мураккаби таърихи худ қарор дорад. Бар асари омилҳои зикршуда, солҳои охир мо шоҳиди дар чандин кишвари мусулмоннишин тавассути сиёсисозии ислом ё бо таъсиргузории исломи сиёсӣ ноором намудани зиндагии мардум ва халалдор сохтани вазъи амниятии давлатҳо гардидем.
«Инқилобҳои ранга» ва дигар равандҳои ба онҳо монанд, ки мисли ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистон тарҳрезӣ шуда буданд, аз куҷо сарчашма гирифта, ба куҷо оварда расонданд, имрӯз ба ҳеҷ кас пӯшида нест. Сиёсикунонии дин як раванди сунъӣ буда, дар таълимоти ислом ҷойгоҳе надорад. Зеро дини ислом аз оғози пайдоиши худ сиёсӣ набуд ва сархатти таълимоти онро нахуст хондану омӯхтан, сипас, имон овардан ба Худо ва шинохти ягонагии ӯ ташкил медиҳаду халос.
Дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем. Ман чунин мешуморам, ки нисбат ба ин масъала бетарафӣ ё муросокорӣ кардан, баробар ба ин аст, ки саодати худ ва фарзандони хешро барҳам занем. Чунки бетарафӣ ҳам барои давлат ва ҳам барои миллат ба чӣ гуна ҳодисаву фоҷиаҳо боис мегардад, насли калонсоли кишвар ва аксари дар ин толор нишастагон хуб медонанд. Агар яке аз сабабҳои ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашидани аҳолӣ истифодаи ғаразноки эҳсоси динии мардум бошад, дигар омили асосӣ бетарафию бетафовутӣ нисбат ба тақдири давлат ва миллат буд.
Беш аз 150 ҳазор нафар кушташудагон, як миллион гурезаҳои иҷборӣ, зиёда аз 50 ҳазор кӯдакони ятим, миллионҳо нафар одамоне, ки азизони худро аз даст доданд ва миллиардҳо сомонӣ зарари иқтисодии он рӯзҳо ҳанӯз аз хотираи мардум нарафтаанд ва дар иқтисодиёту зиндагии мо имрӯз низ эҳсос мешаванд. Яъне, вақти он расидааст, ки мо бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву терроризм, сарҷамъона мубориза барем ва дар кишвар волоияти қонунро таъмин намоем.
Худатон мулоҳиза кунед, ки дар замони шуравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 34 масҷид, аз ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ, 15 калисо ва 2 куништ, фаъолият дошт. На ҳаҷ буд, на ҳоҷӣ буд, на умра буд, на донишкадаи исломӣ ва на шумораи зиёди масҷидҳои панҷвақтаю ҷумъахонӣ. Вале, бо вуҷуди чунин маҳдудиятҳои қатъии он замон, на ифротӣ буд, на террористи динӣ ва на фитнаву дасисаи динӣ. Имрӯз дар Тоҷикистон 4 ҳазор масҷид, Донишкадаи исломӣ, ниҳодҳои диншиносии илмӣ, беш аз 250 ҳазор нафар ҳоҷиён, бештар аз 400 ҳазор умракардагон ва ҳазорҳо нафар ходимони дин – дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷиву ватанӣ, дар фазои озодиҳои истиқлол тарбия ёфтаанд.
Дар пойтахти Тоҷикистон яке аз бузургтарин масҷидҳо дар минтақа бунёд карда шуд. Сохтмони бинои наву ҳозиразамони Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо санъати баланди меъмории миллӣ босуръат идома дорад. Вале бар ивази ҳамаи тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст. Махсус таъкид месозам, ки ин раванд ба мақому ҷойгоҳи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии Тоҷикистон, ки имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун кишвари дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ташаббускору пешсаф эътироф гардидааст, бетаъсир намемонад.
Мо акнун номи бади «ҷанги бародаркуш»-ро, ки ба миллати куҳанбунёду фарҳангӣ ва тамаддунсозамон таҳмил карда буданд, аз зеҳну хотираҳо тоза карда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва, муҳимтар аз ҳама, ба ҳайси кишвари ташаббускору созанда ва муаллифи панҷ ташаббуси сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ карда истодаем.
Дар саҳифаҳои таърихи давлатдории миллати тоҷик фоҷиаву рӯйдодҳои сахту сангине сабт гардидаанд, ки бартарӣ пайдо намудани мафкураи тундрави динӣ, таассубгароӣ ва сиёсисозии ақидаҳои динӣ омили асосии онҳо буд. Барои мисол сарнавишти давлати Сомониёнро мегирем. Тибқи маълумоти аллома Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон», давлати Сомониён дар заминаи худогоҳиву бедории шуури миллӣ ташаккул ёфта, 124 сол фаъолият кард ва маҳз дар натиҷаи тундгароии динӣ ва бегонапарастӣ ба шикаст рӯ ба рӯ гардид. Руҳониёни асолату ҳувиятбохта барои дастгирии бегонаҳо, ки ҳадафи ғасби давлати миллии тоҷиконро доштанд, замина муҳайё карданд.
Дар охири асри ХХ баробари соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон боз ҳам руҳониёни ифротгарову бегонапараст бо мақсади гирифтани ҳокимият ва расидан ба қудрат кӯшиш карданд, ки бо шиорҳои исломӣ давлати ҷавони тоҷиконро несту нобуд карда, бо роҳи ба сари мардум бор кардани фарҳанги бегона миллатро бори дигар тобеи дигарон намоянд. Дар чунин шароити тақдирсоз боз ҳам иддае аз роҳбарону зиёиён нисбат ба тақдири ояндаи фарзандону набераҳои худ бетарафӣ нишон доданд ва ин боис гардид, ки кишвари нав баистиқлолрасидаи мо ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ кашида шавад.
Тибқи хулосаи донишмандону коршиносон ва мутахассисони исломшинос, тайи чордаҳ асри охир яке аз воситаҳои санҷидашудаи бозигарони геополитикӣ татбиқи барномаҳои «исломи сиёсӣ» мебошад, ки барои амалисозии ҳама гуна тарҳу лоиҳаи муғризонаву манфиатҷӯёнаи онҳо истифода мегардад. Ҳамватанони мо хуб дар ёд доранд, ки ташкилоти террористиву экстремистии фаъолияташ дар кишвар манъшудаи ҳизби наҳзат, яъне сабабгори асосии сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, аз ҷониби бозигарони геополитикӣ чӣ гуна барои амалӣ намудани ҳадафи бунёди давлати исломӣ ва ба сари мардуми мо бор кардани фарҳанги бегона ба майдон оварда шуд. Омӯзиш ва таҳлили масъала нишон медиҳад, ки барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии хусусияти динидошта дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт.
Сохтору мақомоти дахлдори кишвар дар асоси барномаҳо ва дигар санадҳои қабулнамудаи Созмони Милали Муттаҳид, инчунин, меъёрҳои қонунгузорӣ бар зидди таҳдидҳои зикргардида муборизаи муташаккилонаро ба роҳ мондаанд ва Тоҷикистон имрӯз ба сифати кишвари пешсаф дар самти мубориза бо терроризму экстремизм эътироф гардида, дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок мубориза мебарад. Бо вуҷуди ин, ҳолатҳои ифротишавии баъзе шаҳрвандони мо ва гароиши онҳо ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба назар мерасанд. Сабаби асосии чунин вазъият, пеш аз ҳама, дар он аст, ки кор бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои маҳаллии вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонону варзиш, занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, дигар сохторҳои марбутаи давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо, пешбурди фаъолияти мафкурасозиро дуюмдараҷа мешуморанд ва ба ин масъалаи муҳим аҳамияти зарурӣ намедиҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 1 Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаву иҷтимоӣ эълон гардида, озодии виҷдон ва эътиқод дар қатори дигар ҳуқуқу озодиҳои асосӣ бо кафолатҳои конститутсионӣ таъмин шудааст. Дар идомаи ин раванд, қонунҳо «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва 2021-2025 қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Вале таъкид бояд кард, ки аз ҷониби субъектҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм, аз ҷумла вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти кор бо дин, ҷавонон, занон ва оила, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидораи шаҳрак ва деҳот, инчунин, аҳли ҷомеа татбиқи санадҳои зикршуда дар сатҳи зарурӣ ва мутобиқ ба вазъи воқеӣ ба роҳ монда нашуда, чунин ба назар мерасад, ки онҳо даҳшату фоҷиаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро фаромӯш кардаанд.
Ҳарчанд ки дар кишвар бо қарорҳои Суди Олӣ фаъолияти 28 ташкилоти экстремистиву террористӣ манъ шудааст, вале ҳолатҳои шомил шудан ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо ҳанӯз ба назар мерасанд.
Дар даҳ соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва суиқасд ба он ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва суиқасд ба он пешгирӣ гардидааст.
Дар ин давра бар асари ташвиқоти густурдаи экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани шаҳрвандон шомилшавии ҷавонон ба ташкилоти экстремистиву террористии «Давлати исломӣ» ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, сафарбар гардидани онҳо ба минтақаҳои даргир афзуда, нигарониҳои ҷиддии ҷомеаро ба миён овард.
Тибқи маълумоти фаврӣ, зиёда аз ҳазор нафар шахсоне, ки дар кишварҳои хориҷӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок кардаанд, кушта шуда, ҳазорон нафари дигар беному нишон гардидаанд. Дар робита ба ин, як нуктаи дигарро таъкид менамоям. Шахсоне, ки аз таҳсил дар муассисаҳои таълими динии ғайрирасмӣ ва шубҳаноки кишварҳои хориҷӣ бармегарданд, ба фазои динии Тоҷикистон афкори тундраву душманонаро ворид месозанд. Чунончи, намояндагони равияи «Салафия» ба мазҳаби ҳанафӣ ва асосгузори он Имом Абуҳанифа назари манфӣ ва ба исмоилия, ки мазҳаби таърихии як қисми аҳолии бумии кишвар мебошад, муносибати хеле хусуматомез доранд. Пайравони ин равия ақидаҳои намояндагони дигар мазҳабҳоро инкор ва онҳоро ба куфр маҳкум намуда, дар ин замина, ихтилофи байнимазҳабиро дар байни мусулмонон тезутунд менамоянд.
Қобили зикр аст, ки аксари шахсони ба «Давлати исломӣ» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ шомилшуда пайравони таълимоти «Салафия» мебошанд. Аз ин лиҳоз, бо қарори Суди Олии Тоҷикистон ин равия экстремистиву террористӣ эълон шуда, фаъолияти он дар ҳудуди мамлакат манъ гардидааст. Бо вуҷуди ин, дар давраи аз соли 2015 инҷониб зиёда аз 2300 нафар шаҳрвандони кишвар ба равияи мазкур шомил гардида, оид ба ин ҳолатҳо 1945 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Боиси нигаронист, ки баъзе имомхатибон пайрави гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ гардида, ғояҳои ифротии онҳоро дар байни намозгузорон ташвиқу тарғиб менамоянд. Масалан, имоми яке аз масҷидҳои панҷвақтаи шаҳри Конибодом дар ҷараёни таҳсили динӣ дар хориҷи кишвар ба равияи ифротгарои «Салафия» шомил шуда, дар давраи фаъолият дар ин масҷид мунтазам ҷамъомадҳои ғайриқонунӣ ташкил карда, ба як гурӯҳ ҷавонони шаҳр оид ба бартарии равияи «Салафия» нисбат ба мазҳаби Имоми Аъзам таълимоти динии ифротӣ дода, онҳоро ба ин гурӯҳ ҷалб намудааст. Имоми масҷиди деҳаи Шодиёнаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ғояҳои ташкилоти террористии «Давлати исломӣ»-ро дар байни намозгузорон мунтазам тарғибу ташвиқ кардааст. Инчунин, сархатибони масҷидҳои ҷомеи марказии шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Гулистон (якнафарӣ), Хуҷанд (ду нафар) ва Конибодом (шаш нафар) ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таълими динии хориҷӣ ба ташкилоти экстремистиву террористии «Бародарони мусулмон» шомил шуда, баъди ба Ватан баргаштан, ақидаҳои ифротии худро дар байни омма мунтазам паҳн намудаанд. Ҳамчунин, мубаллиғони ин ташкилоти экстремистӣ – чанд нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Арабии Миср, бо мақсади дар кишвари мо ба таври пинҳонӣ роҳандозӣ намудани фаъолияти худ ба Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба ҳайси омӯзгор, инчунин, ба Академияи миллии илмҳо ҳамчун корманд ба кор даромада, бо баҳонаи ба гурӯҳи ҷавонон додани таълими динӣ ақидаҳои экстремистии худро ба онҳо талқин намуда, 124 нафарро ба ташкилоти экстремистиву террористии «Бародарони мусулмон» ҷалб кардаанд.
Солҳои охир аз ҷониби баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди дигар кишварҳои ҷаҳон амалҳои мудҳиши террористӣ содир шуда, ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба обрӯи давлати тоҷикон ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ иснод оварда истодааст. Тибқи маълумоти мавҷуда, дар се соли охир 24 нафар шаҳрвандони мо дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ даст задаанд. Ҳол он ки, худкушӣ на ҷиҳод, балки гуноҳи азим ва хилофи таълимоту талаботи дини мубини ислом мебошад. Дар сураи «Бақара»-и Қуръони маҷид, ояти 95-ум омадааст, ки «хештанро бо дастҳои худ ба ҳалокат наафканед». Ин амалҳо аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯй ва хадамоти махсуси баъзе кишварҳо тарҳрезӣ мешаванд ва онҳо аз бемаърифативу бетаҷрибагӣ ва ноогоҳии баъзе ҷавонони мо истифода мекунанд.
Мо аз ҳадафҳои ғаразноки душманони миллати тоҷик огоҳ ҳастем ва ҷиҳати пешгирии онҳо тамоми чораҳои заруриро андешида истодаем. Дар ин раванд, роҳбарияти давлат ҷиҳати бахшиши гуноҳ ва ба зиндагии осоишта ҳидоят намудани шахсони ба ҷиноят дастзада пайваста чораҷӯӣ менамояд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ 17 маротиба санадҳои авф қабул гардида, зиёда аз 170 ҳазор нафар ҷинояткорон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод карда шудаанд. Илова бар ин, бо иқдоми башардӯстонаи роҳбарияти мамлакат ба қонунгузории ҷиноятӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, муқаррар гардид, ки дар сурати ихтиёран даст кашидани шаҳрвандон аз иштирок дар фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, инчунин, қатъ кардани иштироки минбаъда дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар кишварҳо онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд. Бо истифода аз ин имконият дар даҳ соли охир 1640 нафар ба Ватан баргаштанд ва парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо қатъ карда шуданд. Танҳо соли 2023-юм 328 ва дар ду моҳи соли ҷорӣ 140 нафар шаҳрвандон аз ин имконият истифода кардаанд. Аммо ҳоло 4075 нафар шаҳрвандони кишвар барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарор доранд. Вобаста ба ин, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор карда мешаванд, ки корро дар самти ба Ватан баргардондани онҳо, инчунин, бо ҷойи кор таъмин намудани чунин шахсон ва шаҳрвандони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда ба таври қатъӣ ҷоннок намоянд. Бо ин мақсад, зарур аст, ки дар назди Прокуратураи генералӣ ситод оид ба баррасии муроҷиатҳои шахсони барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарордошта таъсис дода шавад.
Мо ба ин шаҳрвандон бори дигар муроҷиат мекунем, ки фирефтаи ҳар гуна дасисаҳо нагардида, фикри падару модар, фарзандон, обрӯи давлат ва миллатро кунанд. Онҳо метавонанд дилпурона ба Ватан баргарданд ва аз имкониятҳои дар қонун пешбинигардида истифода намоянд.
Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки гароидан ба гурӯҳҳои тундрав, даст задан ба амалҳои террористӣ ва бадном кардани давлату миллат оқибатҳои ногувор дорад. Онҳо бояд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, рафтору кирдорашонро ба манфиати худ, оила, давлат ва ҷомеа ба роҳ монда, бо истифода аз фазои сулҳу оромии кишвар ва имкониятҳои фароҳамовардаи давлат ба касбомӯзӣ ва аз худ намудани илму дониш машғул шаванд.
Дар ҳоле ки аксар кишварҳои исломии ҷаҳон босуръат рушд карда, бо омӯзиши илмҳои муосир, ҳатто барои фатҳи кайҳон кӯшиш менамоянд, дар ҷомеаи мо гароиши баъзе шаҳрвандон ба хурофотпарастиву ифротгароӣ ва таҳсилоти ғайриқонунии динӣ афзоиш ёфта истодааст. Ҷавонон аз кишварҳои исломӣ дар пешрафтатарин муассисаҳои таҳсилоти олии дунё таҳсил мекунанд, вале мардуми мо ҳанӯз дар фикри чи савоб асту чи убол, чи ҳалол асту чи ҳаром, ҳаҷравӣ, умраравӣ ва ҳоҷиошиву ҳоҷиталбон банд мондаанд.
Дар давраи аз соли 2020 то соли 2023 дар кишвар 680 ҳолати ба таълими ғайриқонунии динӣ фаро гирифтани 5000 нафар таълимгиранда ошкор карда шудааст. Танҳо соли 2023-юм 300 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва ҷалби беш аз 4100 нафар пешгирӣ карда шудааст, ки аз вусъати раванди мағзшӯйии кӯдакону наврасон ва ҷавонон дарак медиҳад. Дар ин давра аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 520 нафар ходимони дин барои чунин қонуншиканиҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар даҳ соли охир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 1320 ҷинояти монеъ шудани волидайн ба гирифтани таҳсилоти миёнаи асосии фарзандон ошкор гардидааст.
Махсус таъкид менамоям, ки таълими ғайриқонунии динӣ дар бисёр ҳолатҳо боиси дар шуури таълимгиранда ташаккул ёфтани фанатизми динӣ ва минбаъд даст задани ӯ ба амалҳои экстремистиву террористӣ мегардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари шахсони ба ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ дастзада дар даврони наврасӣ ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷалб гардидаанд ва аз таҳсил дар мактаби миёна дур мондаанд. Масалан, аксари аъзои гурӯҳи террористие, ки шаби 6-уми ноябри соли 2019 ба дидбонгоҳи «Ишқобод»-и Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, 6 нафар хизматчиёни ҳарбиро ба ҳалокат расонданд, қаблан дар дохил ва хориҷи кишвар таълимоти ғайриқонунии динӣ гирифта буданд. Дар ҷараёни ин ҳуҷум яке аз аъзои гурӯҳи ҷиноятии мазкур – зани калонсол, сарбози дидбонгоҳро, ки ба ӯ бинобар зан – модари солхӯрда буданаш бовар карда, бе силоҳ ба наздаш омада буд, бо корд ба ҳалокат расонд. Тасаввур кунед, ки пиразани 70-сола гӯё набераи худашро ба қатл расонд. Ҳадафи ин гурӯҳ ба даст овардани силоҳ ва қатли ом кардани аҳолии осоишта, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, буд.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои таълими динӣ дар хориҷи кишвар пайваста ғамхорӣ менамояд. Тартиби гирифтани чунин таълим бо қарори Ҳукумат аз 30-юми декабри соли 2011 танзим карда шудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ тибқи роҳхати мақомоти дахлдори давлатӣ садҳо нафар шаҳрвандони мо ба муассисаҳои таълими динии кишварҳои хориҷӣ фиристода шудаанд. Бо вуҷуди ин, 4 ҳазору 150 нафар шаҳрвандон бар хилофи тартиби муқарраршуда ба кишварҳои хориҷӣ сафар намуда, ба муассисаҳои таълими динӣ ба таври ғайрирасмӣ шомил шудаанд. Ин дар ҳолест, ки санади хатми таҳсил ё дипломи онҳо дар Тоҷикистон эътибор надорад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин шаҳрвандон аз ташвиқоти экстремистӣ ва мағзшӯйӣ осебпазир буда, 156 нафари онҳо дар хориҷи кишвар ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ҷалб гардидаанд. Аз ин лиҳоз, бо кӯшишҳои Ҳукумати мамлакат дар давраи аз соли 2010 инҷониб қариб 4000 нафар шахсони дар хориҷи кишвар ба таълимоти ғайрирасмии динӣ машғулбуда ба Ватан баргардонда шуда, 205 нафар то ҳол дар хориҷи кишвар боқӣ мондаанд. Зарур аст, ки ҷиҳати пурра ба Ватан баргардондани онҳо тамоми чораҳо андешида шуда, онҳо бо ҷойи кор ва таҳсил таъмин карда шаванд. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас, дар се соли охир тақрибан 400 нафар шаҳрвандони кишвар ва соли 2023-юм 104 нафар, яъне 29 оила, ки аз занон, наврасон ва тифлони хурдсол иборат буданд, аз Сурия ва Ироқ ба Ватан баргардонда шуданд.
Таълими ғайриқонунии динӣ боиси даст задан ба авомфиребӣ, фолбинию ҷодугарӣ, дигар кирдорҳои ношоиста, ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти хусусии тиббӣ ва, дар ин замина, расондани зарари моддӣ ва ҷисмонӣ ба шаҳрвандон низ мегардад.
Ҳолатҳои ба табобати ғайриқонунии одамон машғул шудани руҳониёни алоҳида дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ошкор гардидаанд. Масалан, сокини ноҳияи Шаҳринав Сатторов Саидмаҳдихон бо тахаллуси «Шайх Темур», ки қаблан 7 сол барои қаллобӣ аз озодӣ маҳрум шуда, аслан саводи динӣ надошт, худро ҳамчун олими дин муаррифӣ намуда, ба табобати ғайриқонунии динӣ, монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ ба фарзандон ва тамаъҷӯӣ даст зада, барои ин кирдорҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.
Кирдори аз ҳама нафратовар дар ин ҷода даст задани баъзе ба ном руҳониён, инчунин, имомхатибон ба амалҳои бадахлоқона бо истифода аз эътиқоди динии шаҳрвандон мебошад. Дар давраи солҳои 2016-2024 дар кишвар зиёда аз 50 ҳолати чунин ҷиноятҳо ошкор ва шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Аслан, ин гуна ҳолатҳо зиёданд, вале ман намегузорам, ки амалҳои бадахлоқонаи чунин шахсонро бо телевизион намоиш диҳанд.
Пайғамбари ислом ба назди фолбину ҷодугар рафтанро қатъиян манъ карда, фармудааст: «Ҳар кас ба назди фолбин равад, то 40 рӯз намозаш қабул намешавад ва агар ба гуфтаи фолбин бовар кунад, аз имон хориҷ мешавад…».
Саволи дигар ин аст, ки чаро волидайн ин қадар ба гирифтани таълимоти динӣ, бахусус дар хориҷи кишвар, майлу рағбат доранд, дар ҳоле ки тибқи санадҳои қабулкардаи на фақат кишвари мо, балки дар аксари давлатҳои дунё, санади хатми муассисаҳои таълими динии мамолики дигар эътибор надорад. Аксари падару модарон ба ин назаранд, ки фарзандашон бо омӯхтани илми исломӣ шарт нест, ки дар сохторҳои давлатӣ кор кунад, мулло ё ходими дин шавад, кофист, мардум ҳам мехӯронанд, ҳам мепӯшонанд.
Қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму ойинҳои сунъӣ ва серхарҷ иқдоми муҳим маҳсуб мешавад. Қонуни мазкур бо такя ба аҳкоми шариат, маслиҳат ва машварати уламои маъруфи кишвар қабул шуда, ходимони дин бояд дар татбиқи он баробари мақомоти давлатӣ саҳм гузоранд. Вале бояд гуфт, ки ҳолатҳои риоя нагардидани тартиби гузарондани ҷашну маъракаҳо, бахусус маросими манъшудаи динӣ, то ҳанӯз аз байн нарафтаанд. Танҳо дар давраи солҳои 2014-2023 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур 5 620 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.
Ҳамзамон бо ин, таъкид месозам, ки ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи кишвар дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Аз соли 2016 то имрӯз барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур 19 ҳазору 480 нафар, аз ҷумла 1170 нафар омӯзгорон ва 18 ҳазору 310 нафар падару модарон, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Боиси ташвиш аст, ки вайронкунии талаботи қонунҳои миллии зикршуда бештар аз ҷониби баъзе хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон, ходимони дин, фарзандон ва хешу табори онҳо содир мегардад.
Бинобар ин, мувофиқи мақсад меҳисобам, ки, бо дарназардошти таҷрибаи дар ин самт андӯхташуда, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар таҳрири нави ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул карда шавад.
Бо дарназардошти ҳолатҳои зикршуда, ба тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, кумитаҳои кор бо ҷавонон, дин, иттиҳодияҳои динӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар тарзу усулҳои муассири пешгирӣ кардани ифротгароӣ, хурофотпарастӣ ва вайронкунии маҳдудиятҳои бо қонун муқарраршударо роҳандозӣ карда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои муассир андешанд.
Мо набояд фаромӯш кунем, ки қонунҳои миллии мо қонуни одӣ не, балки як ислоҳоти маънавию иҷтимоии кишвар буда, фазои мафкуравӣ ва ҳаёти иҷтимоии мардумро аз хурофоту таассуб озод менамоянд. Қонуни танзим чӣ қадар сабукӣ овард, чи одатҳои барои мардум мушкилро аз байн бурд, зиндагии чӣ қадар оилаҳо беҳтар шуд ва чӣ қадар ақди никоҳ зиёд шуд, худатон медонед.
Ҳозирини арҷманд!
Тибқи таҳлилҳои коршиносон, дур рафтан аз аслу моҳияти дин, дарк накардани арзишҳои инсонпарваронаи он асоси зиёдаравӣ ва, баъзан, ба хурофоту ифрот дода шудани шаҳрвандон мегардад.
Дар байни мардуми мо сухане маъмул аст, ки мегӯянд: «Худованд инсонро ҳаст кардааст на ба рӯзи сахтӣ». Аз ин рӯ, мо бояд дарк намоем, ки асли дини мубини ислом ва мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ аз таъмин намудани шароити беҳтарини зиндагӣ барои худ ва аҳли оила, аз ҷумла фарзандонамон, ки атокарда ва амонати Парвардигор назди мо мебошанд, муҳайё кардани имкониятҳои хуби таҳсил барои онҳо, ки худшиносу худошинос ба воя расанд, ободу зебо кардани хонаву кошонаи худамон ва маҳали зистамон иборат асту халос.
Дар яке аз ҳадисҳо омадааст, ки «Беҳтарин инсон касест, ки ба мардум нафърасон аст». Яъне, на исрофкорону зиёдаравон, на риёкорону зоҳирпарастон, на ҳаҷрафтагону нафарони дигар, балки касоне, ки нафъашон ба пайвандону наздикон, ҳамсояҳову ҳамдеҳагон, ятимону маъюбон ва дигар ниёзмандон мерасад ва қалби ин қабил инсонҳоро шод менамоянд, шахсони ба Худованд наздик мебошанд.
Дар даврони то соҳибистиқлол шудани кишвар аз 5 миллион аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 29 нафар маросими ҳаҷро анҷом дода буд. Аммо дар замони соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди он ки мо дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба мушкилоти сахту сангини иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардидем ва таъсири манфии онро то имрӯз дар ҳаёти худ эҳсос мекунем, раванди ба ҳаҷ рафтани шаҳрвандон тамоюли зиёдшавӣ касб намуд. Танҳо соли 2023-юм 63 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар маросими ҳаҷ ва умраро адо кардаанд ва маблағи ба ҳисоби миёна харҷнамудаи онҳо ба беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ баробар шудааст. Маблағи барои ҳаҷ сарфкардаи шаҳрвандони мо дар замони соҳибистиқлолӣ қариб 12 миллиард сомониро ташкил додааст, ки дар шароити имрӯза, яъне дар замоне, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон раванди манфии пастравии иқтисодиёт мушоҳида мегардад ва дар қариб 80 кишвари дунё мардум аз нарасидани ғизо ва гуруснагӣ азият мекашанд, барои кишвари мо маблағи хеле калон ба ҳисоб меравад. Агар маблағи мазкур барои бунёди манзили истиқоматӣ, беҳтар кардани шароити зисту таҳсили фарзандон, таъмини ғизои босифат, сарулибос ва ашёи хониш, инчунин, дастгирии ниёзмандон ё корҳои ободонӣ сарф мегардид, шароити зисти чи қадар оилаҳо беҳтар мешуд.
Хотирнишон месозам, ки мо зидди рафтани мардумамон барои адои ҳаҷ нестем, аммо таъкид месозам, ки ин раванд набояд хусусияти таассубу тақлид ва мусобиқаро касб намояд. Зеро мо бояд аввал шароити зиндагии худ ва фарзандонамонро беҳтар намоем, аҳволи ҳамсояи чапу ростро пурсем, хешу табори ниёзмандамонро дастгирӣ намоем ва баъд нияти зиёрати хонаи Худо кунем.
Мо бояд як нуктаи муҳимро дар хотир дошта бошем: дар шароите, ки мо хонаи обод надорем, макони зистамон ба талабот ҷавобгӯ нест, фарзандонамон ба сарулибос, китобу дафтар ва дигар ҷиҳози хониш эҳтиёҷ доранд, ба падару модари худ хизмат карда, дили онҳоро аз худ шод накардаем, аз вазъи наздикони худ огоҳ нестем, зиёрати мо ба талаботи ислом ҷавобгӯ нахоҳад буд.
Тибқи муқаррароти шариати ислом, писарон ва бахусус духтарон, баъди расидан ба синни 9-10-солагӣ бояд утоқи алоҳидаи худро дошта бошанд, бояд алоҳида хоб раванд.
Баъзеҳо тавассути маблағи фарзандонашон, ки аксаран дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, худашон фарзандони хурдсол доранд, ҳатто бо гирифтани қарз ва зери бори гарони зиндагӣ қарор додани аҳли оила ба умра мераванд, яъне раҳм ба ҳоли зану фарзанди худ намекунанд. Ҳоло ҳам ҳастанд шахсоне, ки баъди бозгашт барои ташкили маросими ҳоҷизиёрат боз ду баробар зиёдтар маблағ сарф мекунанд. Дар натиҷа, ба сабаби адои ҳаҷ ё умраи як нафар тамоми аҳли оила муддати дароз ба душвории молиявӣ гирифтор мегардад.
Дар Қуръон такрор ба такрор гуфта мешавад, ки «Аллоҳ ҳеҷ касро аз тавоноияш зиёдтар вазифадор наменамояд». Аммо маҳз ба сабаби надонистанамон ба таассубу хурофот дода шуда, чунин маъракаҳои серхарҷро доир менамоему ҳам талаботи динро риоя намекунем ва ҳам барои аҳли оила мушкилӣ эҷод мекунем.
Ҳол он ки, тибқи фармудаи олимони соҳаи дин, савоби умра камтар аз савоби як моҳ рӯза доштан аст. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки ҳаҷ ё умра гуноҳи онҳоро пок месозад, ки ин фаҳмиши берун аз мантиқ ва моҳияти дин аст.
Бахусус, вақтҳои охир тамоюли зиёд рафтани занон, ҳатто ҳамроҳи худ бурдани кӯдакони хурдсол, ки на қобилияти дарки каломи илоҳиро доранд ва на моҳияти зиёрати хонаи Худоро медонанд, боиси ташвиш мебошад. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари занон, ки адои ҳаҷ ё умра мекунанд, баъди бозгашт ба хотири фарқ кардан аз дигарон либосҳои бегонаро ба бар карда, василаи тарғиби он мегарданд.
Ҳамватанони азиз, ҳозирини гиромӣ!
Ҳаҷ низ чун намоз як василаи парҳезгориву тавба кардан аст, ки инсонро ба сарфаю сариштакорӣ ва инсони комил будан ҳидоят мекунад. Ин гуна имконият барои ҳар яки мо тавассути рӯзе панҷ маротиба намоз хондан ё соле як маротиба дар моҳи шарифи Рамазон рӯза доштан муҳайё мебошад.
Худованд парҳезкориро дӯст медорад ва парҳезкор будан, албатта, хуб аст. Аммо маънои парҳезгорӣ танҳо бо нахӯрдани таом маҳдуд намегардад, балки худдорӣ аз ҳама гуна корҳои зишту нораво, исрофкорию зиёдаравӣ, хурофоту таассуб ва монанди инҳоро дар назар дорад.
Фаромӯш набояд кард, ки шуҳратталабиву намоишкорӣ ва худро аз дигарон боло гузоштан на ба Худо хуш меояду на ба бандаҳои Худо! Баъди аз ҳаҷ баргаштан, тағйирот дар сарулибос, карру фар дар рафтор, оростани маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбону ҳоҷибинон, ана дар ҳамин аст тафриқаандозӣ, намоишкорӣ, худро дар ҷомеа фарқкунанда нишон додан, ки гӯё аз дигарон бартарӣ дорам, яъне шуҳратталабӣ дида мешавад. Ҳол он ки, дар Каломи осмонӣ чунин омадааст: «Худованд ба суратҳои шумо ва дороиҳои шумо нигоҳ намекунад, лекин Худованд ба дилҳои шумо ва кирдорҳои шумо менигарад».
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба роҳбарону мутахассисони соҳаи дин, ходимони дин, ки дар назди мардум ва Худову Расул (с) эҳсоси масъулият доранд, кормандони Академияи миллии илмҳо ва дигар донишмандоне, ки масоили диниро хуб медонанд, муроҷиат мекунам, ки бо мардум кор кунед, роҳи дурусти диёнату маърифатро нишон диҳед, то ки одамон сиёҳро аз сафед ва зиёнро аз фоида фарқ карда тавонанд.
Дар ин замина, Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) мефармоянд: «Касе, ки барои шуҳратталабӣ амалеро анҷом диҳад ва касе, ки аз рӯйи риё (худнамоӣ) амале анҷом диҳад, то мардум бузургаш доранд, Худованд ба сабаби изҳор намудани риёкорияш, яъне худнамоияш, дар назди мардум дар рӯзи қиёмат шармсор месозад». Ин сухани ман нест, сухани Пайғамбар (с) аст, ки дар ҳадиси саҳеҳ омадааст.
Шариати исломӣ ҳаҷро ба шарти муайян як маротиба воҷиб гардонидааст! Зеро Паёмбари ислом (с) низ як маротиба ҳаҷ кардаанд. Дар хусуси умра ҳаминро бояд гуфт, ки умра фарз нест ва адокунандаи умра ҳоҷӣ нест, зеро бо адои умра адои ҳаҷ аз гардани шахс соқит намегардад. Бори дигар, таъкидан, баён медорам, ки умра ба кас мартабаи ҳоҷӣ намедиҳад, ин баробар ба адои намоз аст, зеро дар баробари намоз як рукни ислом аст, тавре ки мегӯянд, Аҳмад рафт Маккаву Мадина, омад ҳамон Аҳмади порина! Шох набаровардааст. Савобро барои худаш гирифтааст.
Ду гурӯҳи одамон ҳастанд, ки метавонанд ба ҳаҷ нараванд: аввал, ашхосе, ки хизмати падару модарро адо мекунанд, бахусус нафароне, ки волидайни дастнигару мунтазир, яъне маъюб, пиронсол ва нодор доранд. Дигар, ашхосе, ки хайру садақоти ҷория мекунанд, амсоли роҳу мактабсозӣ, об кашондан, пул бунёд кардан, яъне амале, ки самараи он ба ҷамъият мерасад ва ин аъмол ба садақаи ҷория дохил мешавад.
Адои умра ба шахс танҳо савоб меораду халос ва муъмин метавонад дар Ватани худ савоби аз он ҳам бештарро бо амалҳои некаш пайдо намояд. Магар дуруст аст, ки бародар, хоҳар, фарзандон ё ҳамсояву ҳамдеҳаи мо гурусна бошанду мо маблағи зиёдро сарф намуда, ба хонаи Худо равем? Ва ё дар манзили мо шароити мусоид барои фарзандон нест, дар хона фарзандони ноболиғ дорем ва ҳанӯз вазифаҳои падарию модариро иҷро накардаем, вале рӯ ба хонаи Худо мекунем. Чунин ҳолатҳо дар кишвари мо кам нестанд.
Магар бо чунин ойину диндорӣ ва бо чунин мушкилиҳо ба ҷо овардани маросими динӣ мо вазъи зиндагии мардуми худро беҳтар карда метавонем? Дар ҳоле, ки Худованд хушнудии мардумро хушнудии худ гуфтааст. Яке аз шахсиятҳои маъруфи илму ирфон Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ низ дар ин маврид хуб гуфтааст:
Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

Мавлонои Балхӣ гӯё ҳамин навъ одати зиёдаравии моро хеле барвақт эҳсос карда, гуфтааст, ки Худоро дар як хонаи сангӣ наҷӯед, чунин ҷустани Худо ҷустани нокомил аст; Ӯ Худованди ҳама ҷост; Ӯ дар қалбу дили мардуми олам аст, аз дари дил дар мақому манзалати инсон Ӯро шиносед.
Яке аз бузургони гузаштаамон Аҳмади Ҷомӣ ба талабгорону равандагони роҳи хонаи Худо муроҷиат карда, таъкид кардааст, ки худро шиносед, ки ҳастии Худо дар ҳастии шумо ва манзалати Ӯ дар манзалати худи шумост.
Бо дарназардошти он ки шариати исломӣ тибқи суннати Паёмбар (с) маросими адои ҳаҷро ҳамчун фарзи ба шарт як маротиба эълон кардааст, ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маркази исломшиносӣ ва Шурои уламо супориш дода мешавад, ки вобаста ба шароити имрӯза ва имкониятҳои моддии сокинони кишвар дар муддати ду моҳ шартҳо ва тартиби адои маросими ҳаҷро барои шаҳрвандони мамлакат омода намоянд. Ба Шурои уламои кишвар тавсия дода мешавад, ки доир ба ин масъала дар сатҳи меъёрҳои шаръӣ ва мутобиқ ба мазҳаби ҳанафӣ дар муҳлати ду моҳ қарори дахлдор қабул карда, корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намояд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳоло дар кишвар се хона-интернати пиронсолон ва маъюбон бо 384 нафар бошандагон, аз ҷумла 196 нафар пиронсолон, чор хона-интернати беморони руҳӣ бо 893 нафар бошандагон, аз ҷумла 842 нафар маъюбони бемориҳои руҳӣ, 61 мактаб-интернат, аз ҷумла 14 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ ва 47 мактаб-интернати дорои мақоми маҳаллӣ фаъолият доранд.
Дар муассисаҳои зикршуда 7706 таълимгиранда, аз ҷумла 2508 нафар духтарон, ки аз онҳо 108 нафар ятими кулл, 1431 нафар бепадар, 316 нафар бемодар, 121 нафар бепарастор, 241 нафар фарзандони волидайни бемории сироятидошта, ки аз уҳдаи нигоҳубини онҳо намебароянд, 42 нафар падар ё модари бемории руҳидошта, 67 нафар фарзандони волидайни нашъаманд, 1114 нафар аз оилаҳои камбизоат ва 3773 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд зери сарпарастии доимӣ ва ғамхории моддиву маънавии давлат қарор доранд.
Бо ин ҳама исрофкориву хурофотпарастӣ, зиёдаравию каҷравӣ дар дин, намоишкориву риёкорӣ, ифротгароӣ ва баъзан террор, ки гӯиё ба хотири Худо даст мезанем, як нуктаи муҳимро фаромӯш мекунем: пушти деворамон, дар хонаи ҳамсоя, дар маҳали зистамон, деҳаамон, ноҳия ё вилоятамон ва дар кишварамон шахсоне зиндагӣ доранд, ки муҳтоҷи кумак ва меҳру шафқати мову шумо ҳастанд!!!
Куҷо шуд таълимоте, ки гузаштагони мо мегирифтанд, куҷо шуданд домуллоҳое, ки гузаштагони моро дар чунин руҳияи инсонӣ тарбия мекарданд? Магар ходимони динамон рисолати аслии худро фаромӯш кардаанд? Ин гуфтаҳо ба он маъно нестанд, ки давлат наметавонад ба бошандагони ин гуна муассисаҳо ғамхорӣ намояд, балки барои тафаккуру андеша кардан ва роҳи дурустро дар зиндагиву рӯзгордорӣ пайдо кардан, аҳли ҷомеаро дар руҳияи инсондӯстӣ, на ифротиву хурофотӣ, тарбия кардан аст!!! Ана ин аст, рисолати ходимони дин.
Паёмбари ислом дар ин маврид мефармоянд: «Он нафаре, ки ятимеро ба сарпарастӣ мегирад, фардо рӯзи қиёмат ҳамроҳи ман якҷо мебошад».
Ҳамватанони азиз!
Ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбанд, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мегардад. Инро дар мисоли чандин кишварҳои ҷаҳон дар шароити имрӯза низ мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, мардуми мо бояд огоҳ бошанд ва фирефтаи тарғиботи душманони дину ойин ва миллату мазҳаби худ нашаванд.
Мо мардуми Тоҷикистон ҳамеша дар мазҳаби муътадил ва таҳаммулгарои Имом Абуҳанифа будем ва намегузорем, ки дар байни мардуми кишвар бо истифода аз эҳсосоти динӣ фикру андешаҳои радикалии динӣ ва экстремистӣ паҳн гарданд. Дар робита ба ин, як андешаи худро, ки борҳо гуфтаам, бори дигар хотирнишон менамоям: хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад. Борҳо гуфтаам, имрӯз низ баён медорам, ки хурофот ҷаҳолат аст, ҷаҳолат барои миллат танҳо бадбахтӣ меорад.
Таҷрибаи беш аз сивудусолаи ҳамкориҳои мо бо кишварҳои олами ислом, бахусус кишварҳои арабӣ, нишон медиҳад, ки рӯй овардан ба илм, омӯзиш ва рушди илмҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ, истифодаи дастовардҳои пешқадами илмӣ ва татбиқи технологияҳои муосир онҳоро ба тараққиёти бесобиқа расонда, боиси аз байн рафтани фаҳмишҳои шахшуда ва куҳна гардида истодааст. Барои мисол, суръати рушди кишварҳои мусулмоннишинро дар мисоли Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Кувайт, Баҳрайн, Малайзия ва дигарҳо мегирем, ки бо чи суръат рушд карда истодаанд. Онҳо хуб дарк кардаанд, ки омили наҷотбахши инсоният танҳо илм ва рӯ ба илмомӯзӣ овардани насли ҷавони кишвар аст. Ба ин хотир, аз ҳама имкониятҳо истифода карда, ҷавононро ба илму омӯзиш ҳидоят намуда, зиндагии босаодати сокинонашонро таъмин карда истодаанд.
Ё ҳодисаҳои чанд соли охирро гирем. Вақте ки дар ҷаҳон вазъияти пандемияи коронавирус эълон шуд, кӣ тавонист ҷони мардуми худ, халқи худ ва дар умум, инсонҳоро наҷот диҳад? Албатта, кишварҳое, ки дар онҳо илму техникаву технология ва ҷаҳонбинии илмӣ, сарфи назар аз муносибаташон ба дин, рушд карда, сатҳи маърифатнокию саводнокии аҳолии ин кишварҳо пеш рафтааст.
Мо чӣ кор кардем? Вақте ки коронавирус тамоми ҷаҳонро фаро гирифт, кишварҳо дар фикри ихтирои ваксина шуданд, аммо дар мо аз хурофоту нодонӣ дар яке аз ноҳияҳо панҷ нафар як сироятёфтаро дуохонӣ карданд. Натиҷа ҳамин шуд, ки ҳамагӣ сироят ёфтанд ва аз олам гузаштанд. Охир бо даму дуо бар зидди вирус мубориза бурда мешавад? Ё ҳодисаи таги забони кампирро бо мақсади ҷинбарорӣ буридани як муллои ҷодугарро ҳама шунидем. Бовар кунед, ки ин ҷаҳолат аст!
Дар коғаз, ки худаш маводи кимиёӣ аст, бо ранг, ки инаш ҳам кимиёист, тумор навиштану онро об кардану нӯшидан, худро бо дасти худ заҳролуд кардан аст охир! Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ояндаи Тоҷикистон низ маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад. Ходимони дин низ вазифадоранд, ки ҷавонону наврасонро ба омӯзиши илму донишҳои дунявӣ, хусусан фанҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ, ҳидоят намоянд.
Имом Ғазолӣ дар китоби «Эҳёи улуми дин» мегӯяд, ки талаби илмҳои ниёзи ҷомеа, ба монанди тиббу ҳисоб ва ғайра, фарзи кифоя мебошад.
Ҳамватанони азиз!
Дини мубини ислом гуногунзабонӣ, гуногунфикрӣ ва дорои фарҳанги мухталиф будани халқу миллатҳоро эътироф кардааст. Масалан, дар Қуръони карим ин матлаб дар ояти 13-уми сураи «Ҳуҷурот» возеҳ баён шудааст: «Эй мардум, ба дурустӣ, ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед...». Яъне, дар шакли қавмҳо ва қабилаҳо будани инсонҳо иродаи Парвардигор буда, онҳо аз якдигар маҳз бо миллият, расму ойин, забону фарҳанг, либоси ба худ хос ва дигар унсурҳо бояд фарқ кунанд. Вагарна, аз кадом қавму қабилаву миллат будани инсонҳо номаълум хоҳад монд.
Бегонапарастӣ дар сарулибос, яъне пӯшидани либоси бегона, бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад.
Имрӯз гурӯҳҳое пайдо шудаанд, ки мехоҳанд барои амалисозии нақшаҳои ғаразноки худ ҳамаро зери як шиор тағйир диҳанд.
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои муътамад, дар замони Абуҳанифа низ олимон ва донишмандони зиёде шоҳиди суистифода аз дин ба хотири манофеи сиёсӣ буданд, аммо касе ба андозаи Абуҳанифа ҷуръат надошт, ки ба таври ошкоро мухолифати худро бо худсариву қаҷравӣ баён кунад.
Тавре ки имрӯз мушоҳида мекунем, гурӯҳҳои ифротӣ ва бегонапараст кӯшиш мекунанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ бо шиорҳои динӣ моро аз давлату миллати худ, аз асли тоҷик будан ва пояҳои устувори таъриху тамаддуни ниёгонамон дур созанд.
Дар ҳоле ки ислом либос наовардааст ва ҳамаи миллатҳо ва қавму қабилаҳо либоси миллии худро бо шартҳои исломӣ мутобиқ кардаанду халос. Воқеият баёнгари он аст, ки ҳар миллат бинобар собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи онро инъикос менамояд ва ҳар миллат аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшияш шинохта мешавад. Модарону бонувони мо – тоҷикон низ, тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намоем. Магар ба ҷойи тақлид ба либоси бегона босаводу боиффат будан, эҳтироми падару модар ва шавҳарро ба ҷо овардан беҳтар нест?
Кумитаи кор бо занон ва оила вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо тарроҳони ватанӣ тарҳҳои зебову гуногуни либоси миллиро мувофиқи ниёзҳои эътиқодиву ахлоқии занону хоҳарон ва модарони мо таҳия ва пешниҳод созанд.
Ба Шурои уламои Маркази исломӣ тавсия дода мешавад, ки дар муҳлати як моҳ назари худро оид ба масъалаи мазкур дар доираи манфиатҳои давлати Тоҷикистон ва фарҳанги миллӣ бо арҷгузорӣ ба арзишҳои мазҳаби ҳанафӣ муайян намояд.
Муҳтарам ходимони дин!
Шумо хуб медонед, ки ходим, яъне хизматгори дин будан, маънии масъулият доштан ҳам дар назди Худо ва ҳам дар назди мардумро дорад.
Чунин масъулияти бузург аз ҳар яки шумо тақозо менамояд, ки, пеш аз ҳама, худатон дар гуфтору рафтору кирдор ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ намунаи ибрати ҷомеа бошед.
Дар марҳалаҳои муайяни таърихӣ суистифода аз дин ва арзишҳои динӣ аз ҷониби қишри руҳоният боис гардидааст, ки дар зеҳни мардум доир ба мақому шахсияти онҳо тасаввури ғалат пайдо гардад.
Дар натиҷа, баъзеҳо мулло ё ходими дин буданро касб медонанд ва чунин ашхос муллогии худро ҳамчун василаи рӯзгузаронӣ истифода мекунанд. Бояд гуфт, ки муллогӣ касб набуда, балки хизмати холисона дар роҳи Худо барои мардум, яъне ба хотири савоб гирифтан аст. Масалан, дар баъзе кишварҳои мусулмоннишин ходимони дин барои савоб моҳҳо дар масҷидҳо навбат мепоянд, то ки чанд маротиба имоматӣ кунанд. Такрор мекунам, ки на барои дарёфти музд, балки ба хотири савоб.
Дар як ҳадиси саҳеҳ таъкид шудааст, ки «Беҳтарин чизе, ки шахс мехӯрад, аз меҳнати дасташ аст». Аз Бобои Одам (деҳқон) то Паёмбари мо ҳазрати Муҳаммад (с) ҳама паёмбарон касбу коре (чӯпонӣ, дӯзандагӣ, тоҷирӣ) доштаанд. Ҳазрати Нуҳ устои дуредгар, Идрис дӯзанда, Солеҳ тоҷир, Довуд оҳангар, Сулаймон сабадбоф буда, ризқурӯзии худро аз заҳмати ҳалол ёфтаанд. Бо заҳмати ҳалол нон хӯрдану аз ҳосили заҳмати ҳалол садақоту хайрот намудан, ҷавҳари таълимоти динҳои ҷаҳонӣ ва ислом мебошад.
Тавре ки медонед, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар дар Паёми Роҳбари давлат соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Мақсад аз қабули ин қарор баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани ҳимояи ҳуқуқи инсон мебошад.
Тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии Соли маърифати ҳуқуқӣ мебошад. Дар робита ба ин, мақомоти дахлдори давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли ҷомеа, хусусан ходимони динро зарур меояд, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳи маърифатнокии аҳолии кишвар, аз ҷумла дарки амиқу бечунучарои муқаррароти моддаи якуми Конститутсия, ки тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи иҷтимоӣ мебошад, махсусан, доир ба моҳияти дунявии давлат масъулияти бевосита зоҳир намоянд.
Ходими дини масъулиятшинос ва дӯстдори Ватану миллату давлат ҳеҷ гоҳ дар корҳои неки тарбияи ахлоқии ҷомеа, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта бетарафӣ намекунад ва саҳми худро дар ободии Ватан ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар мегузорад. Шумо шояд аз дигарон беҳтар медонеду мефаҳмед, ки ҳубби Ватан, яъне дӯст доштани Ватан, аз гӯшаи имон аст.
Ба мардум, хусусан ба наврасону ҷавонон, фаҳмондани эҳтироми падару модар, шахсони калонсол, одобу ахлоқи ҳамида, бахусус фарҳанги муоширату муомила дар кӯчаву хиёбон ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, одоби оиладорӣ ва бисёр масъалаҳои дигари иҷтимоӣ, вазифаи имониву виҷдонии шумо мебошад. Яъне, масҷид ҳамчун воситаи эътиқодӣ бояд дар ҳаёти ҷомеа нақши арзишманди тарбиявию ахлоқӣ дошта бошад, на макони ғайбату туҳмат, ҷойи баҳсу мунозираи сиёсӣ ё гумроҳ кардани мардум.
Худованд дар ояти 9-уми сураи «Ҷумъа»-и Қуръони карим одоби масҷидро сароҳатан баён намудааст: «Ва чун намоз поён ёфт, дар замин пароканда шавед ва ризқи Худоро талаб кунед…».
Боре Ҳазрати Умар ба масҷид омад, ки гурӯҳе аз одамон нишаста буданд, фармон дод, ки аз масҷид берун шаванд. Пас афзуд, ки оё шумо интизоред бароятон аз осмон тиллову нуқра мерезад? Бархезед ва аз пайи касбу кор шавед!
Ходимони дин метавонанд ва вазифадоранд, ки дар ислоҳи маънавиёти ҷомеа, пешгирӣ кардани бадахлоқиву ҷинояткорӣ, вайроншавии оилаҳои ҷавон, таъмини риояи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим, пешгирии ифротишавии ҷавонон, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дар шароити ниҳоят мураккабу буҳронии имрӯза барои гирифтани пеши роҳи ифротгароӣ қарзи имонӣ ва рисолати шаҳрвандии худро иҷро намоянд. Кор дар ин самт бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки барои ифротӣ шудани як нафар ҳама эҳсоси масъулият дошта бошанд, аз раиси шаҳру ноҳия сар карда, то раиси ҷамоату маҳалла, ходими дин ва волидайну омӯзгорон дар назди қонун ва ҷомеа эҳсоси ҷавобгарӣ намоянд.
Мову шумо бояд шукрона кунем, ки соҳиби Ватани ободу озод ҳастем, аз боду ҳавои он нафас мекашем, бо нону намаку оби ҳамин диёри бостонӣ ба камол расидаем ва фарзандону набераҳоямонро дар муҳити орому осудаи он ба воя мерасонем. Шукрона кунем, ки мову шумо соҳибватану соҳибдавлат ҳастем, шукрона кунем, ки узви кулли созмонҳои байналмилалӣ ҳастем ва дар қатори кишварҳои ҳатто абарқудрати ҷаҳон соҳиби як овоз ҳастем, шукрона кунем, ки моро дар арсаи байналхалқӣ чун кишвари фаъол, муаллифи панҷ ташаббуси сатҳи ҷаҳонӣ мешиносанд ва эҳтирому эътироф менамоянд. Пас, биёед, ба қадри ин Ватан, ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва нону намаки он расем, ба хотири ободии боз ҳам бештари Тоҷикистони азизамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон муттаҳиду сарҷамъона ва софдилонаву содиқона заҳмат кашем.
Нагузорем, ки фарзандони мову шумо, яъне оянда ва баракату саодати минбаъдаи мо василаи дасти дигарон ва боиси бадномии миллати тамаддунсози тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ гарданд.
Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки танҳо кадрҳои замони нав, яъне мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир, метавонанд Ватан ва давлатро соҳибӣ кунанд, обод созанд, тараққиёти давлатро таъмин намоянд ва ҷомеаро пеш баранд. Дар ҳазораи сеюм танҳо давлату миллатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки илму дониши пешрафта ва техникаву технологияҳои замонавӣ дошта бошанд. Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем ва дар назди наслҳои имрӯзу оянда, барои тақдири Ватан, давлат ва миллат масъулият дорем, ки рӯ ба мактабу маориф оварем, барои фарзандонамон шароит муҳайё кунем, ки бесавод намонанд, илму дониш омӯзанд ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоянд. Ин вазифаи ҷонии падару модарони азиз, аҳли маориф, роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, зиёиён, фаъолон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеа, аз ҷумла ходимони дин мебошад.
Бори дигар такрор мекунам, ки мусулмонии мо ва тоату ибодати моро касе аз мо намегирад. Вале пешрафти давлат, ободии Ватан ва болоравии сатҳу сифати зиндагии мардумро танҳо бо тоату ибодат таъмин кардан мушкил аст. Талаботи замони нав дигар аст. Мо бояд хонем, илм омӯзем, илмҳои дақиқу риёзиро рушд диҳем, техникаву технологияҳои навтаринро аз худ кунем, кадр тарбия кунем ва заҳмат кашем, то зиндагии имрӯзаамон нисбат ба дирӯз ва фардоямон нисбат ба имрӯз беҳтар гардад.
Мо бояд сатҳу сифати зиндагии мардумамонро боз ҳам баланд бардорем. Фарзандонамонро тавре тарбия намоем, ки дастгиру ғамхори мо бошанд, донишманд шаванд, соҳибмаърифат ва мутахассиси замони нав гардида, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дошта бошанд.
Мову шумо фарзандро барои он ба дунё оварда, ба камол мерасонем, ки дар айёми пирӣ дастгирамон гардад. Дар хотир дошта бошем, ки роҳбарони гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки фарзандони мову шуморо ба сафҳои худ ҷалб менамоянд, азоби таваллуд кардану ба воя расондани фарзандони моро накашидаанд, заҳмати бедорхобиро надидаанд ва ба онҳо нону об надодаанд. Аз ҳамин хотир, фарзандони мову шумо барои онҳо ҳеҷ арзиш надоранд, дар як лаҳза онҳоро ба террористи худкуш табдил дода, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд. Баъди аз даст додани онҳо танҳо ҷони падару модар месӯзаду халос. Мо набояд гузорем, ки номи фарзандони мо дар таърихи миллат ҳамчун террорист ё ифротгаро сабт шавад. Ин дар шаъни падару модари тоҷик ва миллати соҳибфарҳангу бостонии тоҷик айб аст. Пас, биёед, фарзандонамонро тарбия намоем, илм омӯзонем, китобхон кунем ва соҳибкасб гардонем, ки дар зиндагии ояндаи худ азият накашанд, роҳгум назананд, дастёр ва ғамхори падару модар бошанд. Маҳз ба ҳамин хотир, мо ин масъаларо дар сатҳи меъёри Конститутсия қабул намудем.
Мо бояд иттиҳоду ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст.
Ҷавонони азиз, соҳибони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол!
Ман ба шумо муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки истиқлолу озодиро, ки беҳтарин неъмат барои миллати озодихоҳи тоҷик мебошад, ҳифз намоед! Ин Ватани биҳиштосоро дӯст доред, онро чун амонати аҷдодамон ҳимоя кунед! Аз тоҷик будани худ ифтихор дошта бошед, зеро гузаштагони мо – фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият саҳми бузург гузошта, роҳи ҷаҳониёнро ба сӯйи ҳамзистиву ҳамбастагӣ мунаввар сохтаанд. Барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ омода бошед, то дар ин хоки муқаддас хоҳарону модарони шарафманди мову шумо зиндагии осуда дошта бошанд. Исбот кунед, ки насли Куруши Кабиру Муқаннаъ, Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва ҳазорон фарзонагони далеру шуҷои ин Ватан ҳастед!
Ман ба нангу номус, ақлу заковат, неруи зеҳниву ҷисмонӣ, ҳисси баланди истиқлолу озодихоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва шуҷоату ҷавонмардии ҳар яки шумо итминон дорам.
Ҳамватанони азиз!
Борҳо таъкид доштаам ва имрӯз низ батакрор иброз медорам, ки дар зиндагӣ зираку худогоҳ бошед, фирефтаи ҳадафҳои ғаразноки гурӯҳҳои манфиатҷӯ нашавед.
Дар хотир дошта бошед, ки касе дар фикри обод кардани Ватани мову шумо, хонаву дару кошонаи мову шумо нест. Мо худамон бояд Ватани аҷдодиамонро обод созем ва барои наслҳои оянда як давлати мутамаддину пешрафта ба мерос гузорем! 
Ман медонам, ки мо ҳанӯз садҳо мушкиливу камбудӣ дорем. Мо акнун давлат бунёд карда истодаем! Аммо бо итминон иброз медорам, ки мо қудрати бартараф кардани ҳама гуна камбудиву мушкилоти мавҷударо дорем. Мо сангинтарин мушкилоти солҳои ҷанги шаҳрвандиро якҷоя бартараф сохта, ба ин рӯзҳои нек расидем, дар ҳоле ки баъзеҳо мегуфтанд, ки мо аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест мешавем, аммо нашудем, яъне тирашон хок хӯрд. Баръакси хостаҳо ва нақшаҳои душманони миллат дигарбора эҳё шудем, давлатамонро аз нестшавӣ ва миллатамонро аз хатари пароканда шудан наҷот додем ва соҳибӣ кардем.
Дур нест рӯзе, ки мову шумо барои худамон зиндагии аз ин ҳам беҳтарро месозем ва номи худро дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт месозем. Зеро халқи мо – мардуми сарбаланди Тоҷикистон, барои бунёди зиндагии аз ин ҳам босаодату осуда қудрату тавоноӣ доранд!
Бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии моҳи мубораки Рамазон табрик мегӯям. Ба тамоми мардуми Тоҷикистон саломатӣ, сулҳу субот, хонаи обод, файзу баракат ва ба ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд, дар роҳи ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва ҳифзи арзишҳои асили милливу динӣ барору комёбӣ орзу менамоям.
Саломат бошед!

Санаи нашр: 11.03.2024 №: 47
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив