ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АБДУЛЛО ОРИПОВ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АБДУЛЛО ОРИПОВ

12 март 2024, Сешанбе
12
0

 
11-уми март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Абдулло Ориповро, ки барои иштирок дар нишасти навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорию шарокати ду кишвар баррасӣ шуданд. Ҳамчунин, масъалаҳои Рӯзномаи ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ки кори худро дар Душанбе оғоз мекунад, мавриди баррасӣ қарор доштанд.
Бо ишора ба афзоиши тиҷорати дуҷониба, ки ҳаҷми он дар соли гузашта ба зиёда аз 504 миллион доллари ИМА расида буд, таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои бамаротиб зиёд намудани ин нишондод мавҷуд аст. Дар ин зимн, таваҷҷуҳи зиёд ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, аз ҷумла тавлиди “неруи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз”, зоҳир гардид.
Баррасии роҳҳои густариши робитаҳои илмию техникӣ ва фарҳангию маърифатӣ низ аз мавзуъҳои меҳварии суҳбат буд.

Санаи нашр: 12.03.2024 №: 48
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив