ЧОРВОДОРӢ ДАР ҲОЛИ РУШД. БАРДОШТИ СОҲАВӢ АЗ НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК
Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати кишоварзӣ ва сарраёсати кишоварзии вилоят барои аз давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 беталаф баровардани чорво ва хубтару беҳтар анҷом додани маъракаи наслгирӣ дар хоҷагиҳои чорводории вилоят гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд, ки онҳо ба назди чорводорон рафта, аз вазъи чорво ва маъракаи наслгирӣ дар фермаву кашарҳо, таъмини чорво бо хӯрокҳои консентратсионӣ, сари вақт анҷом додани корҳои байторӣ ва дар маъракаи наслгирӣ таъмини чорводорон бо ёрдамчиҳо, хӯрок ва либоси махсус, пардохти саривақтии музди меҳнати онҳо шинос шуда, бо мутахассисони соҳаи чорводорӣ суҳбату маслиҳатҳои судманд анҷом медиҳанд.
Чунин гурӯҳи корӣ, бо шумули Гулмаҳмадзода Мирзохон – сардори раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоб, Аваззода Ю. мудири шуъбаи кишоварзии ноҳия, Ф. Ғаниев, роҳбари хоҷагӣ, Ҳукуматуллозода И. сарзоотехники хоҷагӣ, Давлатзода М. сарбайтори хоҷагӣ ва намояндагони ВАО-и Хатлон ба хоҷагиҳои чорвопарварии ноҳияи Темурмалик сафарбар шуда, аз рафти маъракаи зимистонгузаронӣ ва наслгирӣ шиносоӣ пайдо намуда, ба чорводорон маслиҳатҳои муфид доданд. Қобили зикр аст, ки намояндаи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, муовини вазир Машокир Назарзода низ бо гурӯҳи корӣ пайваст.
Дар кооперативи тиҷоратии «Кангурт»-и ноҳияи Темурмалик 4 фермаи моли майда ва 3 фермаи чорвои калони шохдор фаъолият дорад, ки айни ҳол дар онҳо 1020 сар моли майда ва 1073 сар чорвои калони шохдор парвариш мешавад. Барои беталаф ва солиму бардам баровардани чорво аз фасли сармо хоҷагиҳои мазкур аз ҳисоби алафҳои табиии коху беда ва юнучқа захираи хӯроки чорворо нисбат ба солҳои гузашта зиёд намуданд ва имрӯз дар ин самт тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар кооперативи мазкур барои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва солим нигоҳ доштани чорво пайваста тадбирҳои байторӣ мегузаронанд. Инчунин, барои чорводорон шароити мусоиди корӣ таъмин шудааст.
Дар ноҳияи Темурмалик барои таъмини рушди соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла парвариши моли майдаи зоти маҳинпашм, тамоми шароитҳои лозима фароҳам оварда мешавад ва чорводорон ният доранд, ки дар ин замина нишондоди истеҳсолии соҳаро боз ҳам афзун намоянд.
Б. САФАРОВ, сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб
Санаи нашр: 12.03.2024 №: 48