САЙЁҲӢ. РУШДИ СОҲА ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ!
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани мустақилияти комили сиёсӣ, фаъолияти худро дар соҳаҳои гуногун таҳким бахшид. Пас аз пурра осоишта гардидани фазои кишвар, таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба соҳаи сайёҳӣ равона гирдид. Барои тақвияти соҳаи мазкур дар моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ тадбирҳо меандешад”. Ин гуна чораҷӯиҳо барои соҳаи мазкур созгор буда ҷиҳати ҷалби сайёҳон ва фароҳам овардани шароити рушд нақши калидӣ дорад.
Дар баробари ин, санади мустақили ба соҳаи сайёҳӣ равона кардашуда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм” мебошад, ки 3 сентябри соли 1999 ба тавсиб расида, ба он се маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Санади мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ ва тартиби амалӣ намудани фаъолияти сайёҳиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун кишвари дорои фарҳанги пурғановат шинохта шудааст. Дар кишварамон мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ хеле зиёд буда барои рушду нумӯи соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои зиёд фароҳам мебошад. Тибқи маълумотҳо, барои ҷалби сайёҳон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 70 ёдгории таърихиву фарҳангӣ ва меъморӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Истаравшан, Панҷакент, Восеъ ва Ҳисор, таъмиру тармим гардид. Ҳоло дар Тоҷикистон 2020 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст, ки аз дидани ин мавзеъҳои ҷолиб кас ҳаловат бурда, аз фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик, ҳунару анъанаҳо, бозёфтҳои таърихӣ, қаҳрамонҳои халқи тоҷик, дастхатҳои давраи қадим ва дар маҷмуъ, аз тамоми рӯзгори давраи гузаштаи тоҷик ва ҳунарҳои онҳо воқиф мешавад. Бояд гуфт, ки аз ин миқдор ёдгориҳои таърихӣ 1278 ёдгории бостонӣ, 300 ёдгории меъморӣ, 441 ёдгории таърихӣ (160 ҳайкалу нимпайкара) мебошад.
Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи сайёҳӣ равона карда шудааст. Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар чунин иброз доштанд: “Солҳои охир таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар ба соҳаи сайёҳӣ имкон дод, ки дар баробари афзун гардидани шумораи сайёҳон ширкатҳои сайёҳии ватанӣ низ, зиёд гарданд”. Тибқи маълумоти дар Паёми Пешвои миллат омада, дар панҷ соли охир ба кишвари мо беш аз 3,9 миллион нафар, аз ҷумла соли 2022, 1 миллион сайёҳ ворид гардидааст. Ин нишондиҳанда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат дар ин соҳа дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
Бояд тазакур диҳем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳӣ”, “Дар бораи сайёҳии дохилӣ”, “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Шурои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (соли 2018 қабул гардида, аз 6 боб ва ду нақша-чорабинӣ иборат мебошад), таҳия ва қабул гардидаанд. Инчунин, барои устувории фаъолияти соҳа 30 санади қонунгузорӣ, 25 созишнома ва ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ, эълони 5 ёдгории таърихиву фарҳангӣ ҳамчун мероси таърихиву фарҳангии ЮНЕСКО ва як қатор имкониятҳои назаррас фароҳам оварда шудаанд. Қабули чунин меъёрҳои ҳуқуқии зикргардида шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон заминаи зарурии ҳуқуқии рушди сайёҳӣ вуҷуд дошта, соҳа ҳамасола рушд карда истодааст.
Убайдулло ҲАБИБ,
иҷрочии Хадамоти иҷро дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 03.03.2023 №: 49
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
30 июн 2023, Ҷумъа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ
Шарҳҳо (0)