ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ

БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ

18 март 2024, Душанбе
15
0


18-уми март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Владимир Владимирович!
Шуморо дар робита ба пирӯзии баҳснопазиратон дар интихоботи президентӣ самимона табрик менамоям.
Натиҷаҳои овоздиҳии доиргардида боз як далели возеҳи тасдиқи обрӯву эътибори баланди сиёсии Шумо ва аз ҷониби ҷомеаи Русия ба таври васеъ ҷонибдорӣ ёфтани сиёсати давлатиатон ҷиҳати таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва таҳкими мавқеи байналмилалии он мебошад.  
Мо ба густариши бемайлони шарикии стратегӣ ва ҳамкории ҳампаймонии Тоҷикистону Русия аҳамияти пайваста медиҳем.
Саҳми назарраси Шуморо дар таҳкими тамоми маҷмуи муносибатҳои давлатҳоямон қадр мекунем.
Омодаем, ки як ҷо бо Шумо дар оянда низ ҷиҳати ба сатҳи баланди нав баровардани ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар ба нафъи мардумонамон талошҳои муштарак ба харҷ диҳем.
Сидқан ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, сиҳатмандии комил ва дар татбиқи нақшаҳое, ки дар роҳи некуаҳволӣ ва шукуфоии Русияи бародар муайян кардаед, комёбиҳои нави барҷаста орзумандам».

Санаи нашр: 18.03.2024 №: 52
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив