РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Баён Каримов аз зумраи шахсонест, ки дар бунёди иншооти гуногуни Ватани азизамон саҳми шоиста гузоштааст. Ҳанӯз солҳои 50-уми асри ХХ дар канали магистралии Вахш дар сохтмони Неругоҳи барқи обии “Шаршара” пас аз хизмати ҳарбӣ ва хатми курси механизаторӣ ҳамчун ронандаи булдозер иштирок дошт.
Баъди ба истифода додани Неругоҳ (соли 1959), дар дарёи Вахш бунёди калонтарин дар Осиёи Миёна – Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” оғоз меёбад. Баён Каримов, ки соҳиби таҷриба гардида буд, ба ин сохтмон омад. Обанборе, ки дар саргаҳи канали магистралии Вахш солҳои сиюм сохта шуда буд, имкони пурра бо об таъмин намудани заминҳои водиро надошт. Аз ин сабаб, қарор шуд, ки баробари сохтмони Неругоҳ дар самти болоии канали магистралии Вахш соҳили обанбор боло бардошта шавад. Иҷрои ин кор ба бригадаи булдозерчиёни Баён Каримов супурда шуд. Тахту ҳамвор кардани талу теппаҳо чандон душворӣ надошт, лекин дар соҳили баҳри пуроб, ки ҳар лаҳза хатари сарозер афтодани булдозер аз имкон дур нест, кашондани хокро аз зери сангтӯдаҳо на ҳар кас ба уҳда гирифта метавонист. Механизаторони бригадаи Баён Каримов ин супориши хавфнок, вале муҳимро бо сарбаландӣ ба ҷо оварданд. Бо анҷоми ин кор имкон фароҳам омад, ки сатҳи обанбор баланд ва ҳаҷми ҷамъшавии об зиёд гардад. Ба ин восита, кишоварзони водӣ дар кишти зироат ва рӯёндани ҳосили фаровон бо об бештар таъмин мегаштанд.
Солҳои 60-ум корҳои тахту ҳамвор ва азхудкунии заминҳои бекорхобидаи водии Вахш вусъати тоза мегирад. Он дар доираи навбати дуюми шабакаи ирригатсионии Вахш амалӣ мегашт. Пас аз анҷоми сохтмони НБО “Сарбанд” (соли 1964) Баён Каримов бо аҳли бригадааш ба колоннаи механиконидашудаи сайёри № 6, трести “Вахшводстрой” ба кор мегузарад. Бригадаи 9-нафараи Баён Каримов дар тахту ҳамвор намудани талу теппаҳои мавзеи Тошработ, Оқғоза, Гараути, бахусус дашти Қарадум, саҳми шоён гузоштанд.
Бояд гуфт, ки бригадаи ӯ дар истифодаи таҷрибаи пешқадам ба пешравиҳо ноил мешуд. Аз ҷумла, Баён Каримов дар булдозераш дастгоҳи нав – системаи идоракунии автоматии лазериро насб намуд. Тавассути ин навгонӣ сифати кор беҳтар шуд. Истифодаи усули нав, таҷрибаи пешқадам имкон дод, ки онҳо дар ҳайати дигар бригадаҳои колоннаи механиконидашудаи сайёри №6 яку ним моҳ пештар ҳамворкунии 163 гектар замини мавзеи Қарадумро дар ҳудуди ноҳияи Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун) анҷом диҳанд , ки 63 гектари он зиёда аз нақша буд.
Бо оғози сохтмони нақби Данғара ва азхудкунии заминҳои нави обӣ коргарон, бахусус механизаторон, зарур буданд. Бо тавсияи роҳбарияти трести “Вахшводстрой” механизаторони бригадаи Баён Каримов булдозерчиёни пешқадам Абдулло Қодиров, Файзалӣ Авазов, Садриддин Сайфиддинов ба ёрии сохтмончиёни туннели Данғара фиристода шуданд.
Фотеҳони водиро иродаи қавӣ, меҳнати ҳалол шуҳратёр намуд. Чанде аз онҳо бо мукофотҳои давлатӣ қадр шуданд. Соли 1983 Баён Каримов ба ифтихори 66-солагии Инқилоби Октябри Кабир барои комёбиҳои беназири меҳнатӣ бо Ҷоизаи давлатии СССР мушарраф гардид. Мавсуф, инчунин, бо орденҳои Ленин ва Байрақи Сурхи Меҳнат сарфароз шудааст.
Аъзам МӮСОЕВ, Корманди шоистаи Тоҷикистон