ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАШНИ ҶАВОНИИ ҶАҲОН

ҶАШНИ ҶАВОНИИ ҶАҲОН

20 март 2024, Чоршанбе
19
0
Ҷаҳон аз боди наврӯзӣ ҷавон шуд,
Зиҳӣ зебо, ки ин соат ҷаҳон шуд.
Шамими субҳдам мушкиннафас гашт,
Сабои гармрав анбарфишон шуд.
 
Шукр аз ин сулҳу амният, истиқлол, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ин имконро дорем, то ба шодмонӣ, осоиши хотир, хуррамии табъ бигӯем:
«Гӯед ба Наврӯз, ки имсол биёяд».
Дар ҳақиқат, рӯзгоре буд, ки ҷанг дар ин фасли зебо, омад-омади баҳори нозанин шод набудем ва мегуфтему мегуфтанд: «Гӯед  ба Наврӯз, ки имсол наояд».  Дар баъзе аз дигар кишварҳо, ки амният надоштанду сулҳ пойдор набуд, даъват ҳамин гуна буд ва намехостанд, ки Наврӯз биояд.
Пешвои миллат аз солҳои нахустини сарварияшон, бо ин ки кишвар амнияти комил надошт, ба ин оини ниёгонамон арҷи махсус мегузоштанд ва дастур дода буданд, ки онро бо шукӯҳи хосса таҷлил бикунанд. Дар баъзе аз ин тантанаҳои наврӯзӣ  худашон ширкат меварзиданд, то руҳияи мардуми кишвар болида бигардад ва ба ояндаи дурахшон бовар ҳосил намоянд. 
Ҳамасола шукӯҳи таҷлили Наврӯз нисбат ба солҳои қаблӣ бештар мегардад ва расму оинҳои ин ҷашн эҳё мешаванд.
Вожаи Наврӯз тоҷикист, яъне рӯзи нав. Ин вожа ба дигар миллатҳо, ҳавзаи ҷашнгириҳои Наврӯз низ гузаштааст. 
Наврӯз, воқеан, моро бо гузаштагонамон мепайвандад ва  аз он дармеёбам, ки ҳаммиллатони мо барои рушди тамаддуни дунё, сулҳу осоиштагӣ, таҳаммулпазирӣ, бахшандагӣ меандешиданд ва тадбирҳои муҳимро дар ин самт амалӣ мекарданд. Махсусан, дар ин шабу рӯз, ки ҷаҳон оромиву амнияти худро аз даст додааст ва хавфи терроризм, ривоҷи он оламиёнро ба ташвиш овардааст, шинохти дурусти Наврӯз бо ҳама оинҳояш  ва таҷлилаш бисёр муҳим арзёбӣ мешавад. 
Наврӯз рамзу намоди ҷавонии ҷаҳон аст. Эҳёи табиат низ мебошад. Он моро водор месозад, то аз нав ҷавон гардем ва ҳар рӯз барои нав шуданамон биандешем. 
Ҳар замон нав мешавад дунёву мо
Бехабар аз нав шудан андар бақо.
 
Эҳёгарии Наврӯз дар адабиёти ҳазорсолаи мо дар сатҳи баланд васф шудааст. Ҳикматҳои он  низ баён гардидаанд. 
Ишқи наву ёри наву Наврӯзу сари сол,
Фархунда кунад Эзид бар мирамон ин ҳол.
Рӯзест, ки дар сол наёбанд чунин рӯз,
Солест, ки дар умр наёбанд чунин сол.
 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббус зоҳир карданду раҳнамоӣ намуданд, ки наврӯзгоҳҳо бунёд гарданд ва мардум ин Ҷашни миллиро дар сатҳи баландтар доир намоянд, ҳамзамон, онро арҷ бигузоранд. 
Баҳор ояд, бурун оям, ки аз вай боамон бошам, 
Равонҳоро тараб гаштам, тарабҳоро 
равон бошам.
Бад-ин шоистагӣ ҷашне, бад-ин дилбастагӣ рӯзе
Маликро дар ҷаҳон ҳар рӯз ҷашне боду наврӯзӣ.
 
Ин мисраъҳо шоҳиди як навъ сипосгузории пешиниёне буд, ки бояд мо онро зинда нигоҳ дорему идома бибахшем.
Дар адабиёти шифоҳии мо низ ин Ҷашни миллӣ зикру тавсифу қадрдонӣ мешавад ва моро вазифадор месозад, ки қадами Наврӯзро  ба диёрамон гиромӣ бидорем. 
Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.
Мурғони ҳаво ҷумла бикарданд парвоз, 
Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.
 
Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар бораи Наврӯз бо муҳаббати  хос фармудаанд: «Наврӯз баёнгари рӯзи тоза, зиндагии навин ва эҳёи табиат баъд аз сардии зимистон мебошад. Наврӯз, ба ҷуз  ин ки баёнгари рӯзи тоза мебошад, ифодаи паёми суруровар аз руҳи тоза, нафаси гарми табиат, эҳёи эҳсоси  ишқу муҳаббат  ба зиндагии  тоза аст. Он ба нури гарму равшани Хуршеди баҳорӣ, насими форам ва фараҳбахши навозишгар, садои найи чӯпон ва суруди кишоварз, ханда ва бозиҳои дилангези кӯдакони маъсум ба ҳар хона, ба ҳар кӯю  деҳ, қасабаву шаҳр мавҷ мезанад, болу пар мекашад, зиндагиро гуворотар месозад».
Дар ҳақиқат, эҳсос мешавад, ки Наврӯзи имсола ҳамин гуна пайомади некро дорад ва ҳам хуб таҷлил мегардад. 
Наврӯзамон пирӯз бод!
Ҳар рӯзамон Наврӯз бод!
 
Эмомназар СИРОҶЗОДА, шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 20.03.2024 №: 54-55
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив