ШОМИ ШАНБЕ
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ЧАЙНВОРДИ РӮЗИ МОДАР
1. Модари волидайн. 2. Фарзанди духтар. 3. Ситора. 4. Варзишгар, камонвари тоҷик. 5. Ҳосили ток. 6. Бо оҳанг дастафшонии мавзуни бонувон. 7. Пири ҳакимони Машриқзамин. 8. Ячейкаи хурди ҷамъият. 9. Келин. 10. Қошрангкунаки бонувон. 11. Атрфурӯш.
12. Матлаби пӯшидаи занон. 13. Зани сафедрӯи зебо. 14.Зарфи дастшӯӣ.
15. Оби дида. 16. Шаҳр дар Тоҷикистон. 17. Хонуми асилзода.
18. Пойтахти Бошқирдистон. 19. Мева. 20. Миллат.
Тартибдиҳанда Нуралишо СУЛАЙМОНШОЕВ
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
ИШТИБОҲИ КӮЧАК ФОҶИАИ БУЗУРГ ДАР ПАЙ ДОРАД
Марде дар яке аз деҳаҳои биёбонӣ зиндагӣ мекард. Ӯ чоҳе дошт пур аз оби зулол ва ягона чоҳи нохушкида дар он минтақа.
Як рӯз ногаҳон санги кӯчаке аз дасти мард ба оби чоҳ афтод ва садои аҷибе аз он шунида шуд, ки хеле форам буд. Чанд рӯз гузашт ва дилаш боз барои шунидани он садо гум зад. Ин бор аз рӯи кунҷковӣ сангчаеро ба чоҳ партофт. Кам - кам бо он садо унс гирифт ва итминон пайдо кард, ки он сангрезаҳо ба чоҳ мушкиле эҷод нахоҳанд кард.
Муддате гузашт кор ба ҷое расид, ки сангрезаҳои кӯчак рӯи ҳам ҷамъ шуданд ва чоҳ баста шуд. Дигар на садое аз чоҳ шунида мешуд ва на асаре аз об. Такрори пайдарпайи иштибоҳи хурд фоҷиаи бузургеро ба вуҷуд овард.
Таҳияи Абдуқаюми ХУШБАХТ
МАРДЕ, КИ ДАР 1 ДАҚИҚА 300 КАЛИМАРО БА ЁД МЕГИРАД
Барои аз худ намудани забони нав ба О, Брайн 2-3 рӯз кофӣ аст. Ӯ дар як соат 300 калимаи навро дар ёд гирифта метавонад. О, Брейн соли 1991 ғолиби ҷаҳонӣ доир ба хотираи қавӣ гардида буд. Бо аз ёд намудани 152 калимаи хитоӣ дар муддати 15 дақиқа дунёро ба ҳайрат овард. То ба имрӯз нуҳ бор чемпиони ҷаҳон гаштааст.
Таҳияи Латифабону РУСТАМЗОДА
ҲАМВАТАНОНИ МУВАФФАҚИ МО
МАНИЖА
АВВАЛИН ТОҶИКДУХТАР БО МЕДАЛИ ТИЛЛОӢ АЗ МУҲОРИБАИ ОМЕХТА
Чанде қабл дар Сербия Чемпионати ҷаҳон доир ба муҳорибаи омехта миёни ҷавонон сурат гирифт ва Манижа Самадоваи 20-сола, аввалин тоҷикдухтар шуд, ки дар ин навъи варзиш соҳиби медали тилло гашт.
Аввалин медали тиллои худро варзишгардухтар дар Ҷоми кушоди Ӯзбекистон соҳиб гашта буд. Баъди чор соли машғулшавӣ бо кикбоксинг хост, то маҳорати худро дар муҳорибаи омехта санҷад. Ӯ бо вазни 65 кг дар даври аввали муҳориба ҳарифи худ аз Муғулистонро мағлуб намуд. Дар даври баъдӣ бо ҳарифи сербии худ қувваозмоӣ намуда, пирӯз шуд ва дар даври финалӣ рақиби озарбойҷонии худро аз по афтонд. Номи ӯ дар таърих чун аввалин тоҷикдухтари гирандаи медали тилло дар муҳорибаи омехта сабт гардид.
Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ
АЗ ОЛАМИ МӮД
ИВ СЕН ЛОРАН
Ив Сен Лоран мутаваллади соли 1936 буда, соли 1957 роҳбари хонаи мӯди Кристиан Диор шуд. Лоран марде буд, ки чанд унсури "мардона"-ро ба гардероби занона ворид кард, яъне ба бар кардани пиджаки сиёҳ, мӯзаҳои дароз ва курткаҳои чарминро барои бонувон мӯд гардонд. Соли 1966 Сен Лоран бори нахуст «хит»-и ояндаи худ “Ле Смокинг”-ро ба мардум пешкаш мекунад, ки дар таърих аввалин костюми фраки занона буд.
Либосҳои ӯро танҳо ситораҳои синамои солҳои 50-ум, ба мисли Софи Лорен, Ҷина Лолобригида ба бар мекарданд.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Аз баҳси оилавӣ:
- Камтар нӯши намешавад, шарм намедорӣ охир?
- Зиёд нанӯшидам, занакҷон, ба Худо, як шиша барои се кас харидам.
- Пас чаро дар поят рост намеистӣ?
- Вай ду нафар наоянд, айби ман чӣ?
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
БАЙТҲО
Модари фархунда шогирди Худост,
Устоди дарсгоҳи кибриёст.
* * *
Миллати зиндадил аз модари дилзинда бихоҳ,
Хона аз поя тавон гуфт чӣ сон хоҳад буд.
Ҳозиркунандаи чоп А. РАҲИМ
ИЛМ МУЪҶИЗА АСТ!
ИХТИРОИ БАРНОМАИ ИРТИБОТИ МАҶОЗӢ БО ФАВТИДАГОН
Дар Куриёи Ҷанубӣ дар намоишгоҳи электронӣ ширкати “DeepBrain” барномаеро бо номи “Re’memory” ба намоиш гузошт, ки тавассути он одамон бо наздикони фавтидаашон иртиботи маҷозӣ барқарор мекунанд.
Яъне, барнома дар асоси системаи ҳуши маснуӣ кор карда, бо таҳлили аксу наворҳо қодир хоҳад буд, ки дар тули ҳафт соат намуди зоҳирӣ, тарзи муошират ва тембри овози инсони мавриди назарро дубора эҳё кунад.
Зане бо номи Ҷанг Ҷи Сун нақл мекунад, ки аз фавти духтараш солҳои тулонӣ гузаштаасту дарди фироқаш ӯро раҳо намекунад. Барномаи “Re’memory” ба ӯ имкон дод, ки бо клони тарҳрезишудаи духтараш (намои нафари фавтида) суҳбати видеоӣ анҷом дода, дубора аз лабханду садои духтараш хушҳолӣ кунад.
Таҳияи Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
КИНГ-КОНГИ ҶОПОНӢ
Тамошои ин шаҳри афсонавӣ касро ба ҳайрат меорад. Ҳар бинои он бо мақсади мушаххас сохта шудааст. Барои мисол, дар болои яке аз биноҳои кӯчаи Тайсидо, ки дар паҳлуи истгоҳи метрои Сибуя ҷойгир аст, муҷассамаи гориллое насб шуда, ки ба Кинг-Конги машҳур хеле монанд мебошад. Он дар дасти овезонаш духтаракеро нигоҳ медорад, ки гӯё аз боло афтодааст.
Дар муддати қариб 40 сол ҳам фурӯшандаҳо ва ҳам муштариёни нуқтаҳои савдои гирду атроф ва сокинони маҳалла ба он одат кардаанд. Кинг-Конгро дар ин мавзеъ ба навъе тӯмори муҳофизатии маҳал ва кушоиши кори савдогарони маҳаллӣ медонанд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
ФУТБОЛБОЗИ ЯКПОЯЕ, КИ ЗЕБОТАРИН ГОЛИ СОЛРО ЗАД
Дар баробари ҳамаи интизориҳо дар маросими ҷоизасупории FIFA The Best (28 феврали соли 2022, Париж) ҷоизаи Пушкашро, ки барои зеботарин голи сол тақдим мекунанд, футболбози якпояи лаҳистонӣ Мартсин Олексии 36-сола ба даст овард. Ин дар ҳоле буд, ки бозигарони соҳибном Димитри Пайет (Фаронса, “Марсел”) ва Ришарлисон (Бразилия, “Тоттенҳэм”) низ, барои дарёфти ҷоиза мубориза мебурданд.
Олекси бозигари дастаи «Варта Познан» буда, ин тӯбро дар мусобиқае, ки дар он футболбозони якпоя ва дарвозабонони якдаста бозӣ мекунанд, бо усули пуштнокӣ (через себя) вориди дарвозаи тими «Стал» кард.
Ба пойи Олекси моҳи ноябри соли 2010 ҳангоми таъмири роҳҳои автомобилгард ғалтаки 150-килогии мумфаршкунӣ афтид ва ҳамин тавр, якпоя шуд. Пеш аз ин дар яке аз тимҳои кишвараш футбол мебозид, аммо маишати рӯзгорро бо роҳтаъмиркунӣ таъмин мекард. Баъди ин фалокат ноумед нашуд ва футболро дар тими якпояҳо идома дод.
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
5 ТАМОЮЛИ АСОСИИ САЙЁҲӢ ДАР СОЛИ 2023
4. САФАРҲОИ СОЛИМГАРДОНӢ
Сафарҳои солимгардонӣ самтест, ки рушди босуръатро аз сар мегузаронад. Қариб нисфи гардишгарон ба истироҳати солимгардонӣ ҳавасманд мебошанд. Дар ҳамин ҳол, дигарон низ ба ин самти сайёҳӣ таваҷҷуҳ доранд. Дар саёҳати солимгардонӣ ҷаҳонгардон ба ҷойи он ки аз сафар хаста баргарданд, баръакс болидаву солим ба сӯйи хонаҳои худ меоянд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ
ПИРЯХҲОИ ҲАВЗАИ ДАРЁИ СУРХОБ
Мувофиқи маълумоти «Каталоги пиряхҳои СССР», шумораи пиряхҳои ҳавзаи дарёи Сурхоб ба 534 адад дар масоҳати 393,3 километри мураббаъ доман паҳн кардаанд. Аз сабаби он ки пиряхҳои қисмати рости ҳавза дастнорасанд, онҳоро назорат кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, танҳо чор пирях барои баҳодиҳии кулли пиряхҳои ҳавзаи дарёи Сурхоб хизмат мекунад. Инҳо Қизилкӯл, Дилал, пиряхҳои 507 ва 517 мебошанд. Аз ҷумла, пиряхи Қизилкӯл дар нишебии қаторкӯҳи Пётри 1 ҷойгир аст. Дарёчаи аз он ҷоришаванда ба дарёи Шураки Шарқӣ – шохоби чапи дарёи Сурхоб мерезад. Дарозии пирях 2,5 километр буда, масоҳати умумии он ба 0,9 километр мукааб баробар аст.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ДАЛЕЛҲОИ АҶИБ
1. Дар Монтана телефони мобилии шавҳарро бе иҷозат истифода бурдани ҳамсар ҷиноят аст.
2. Марокаш ягона кишвар дар ҷаҳон аст, ки аз норасоии алаф бузҳо ба дарахт баромада, баргу меваҳои онро истеъмол мекунанд.
3. Сақич хоидан дар давоми 10 дақиқа қариб ҳамон қадар бактерияҳоро мекушад, ки мо як маротиба дандонҳоро бо хамираи дандоншӯӣ пок мекунем.
4. Дар Камерун тамошои телевизор баъд аз соати 00:00-и шаб манъ аст.
5. Дар кайҳон одам гиря карда наметавонад, чунки дар он ҷо қувваи ҷозиба вуҷуд надорад ва ашк ҷорӣ намешавад.
Таҳияи Шаҳноз САБУРОВА
БОФТАНИ ШАРФ БО НУРИ ОФТОБ
Дизайнери ҳолландӣ Мерел Кархоф дастгоҳи аҷиберо ихтироъ намуд, ки бо неруи Офтоб шоли гардан (шарф) мебофад. Дастгоҳ бо истифода аз манбаи алтернативии истеҳсоли неруи барқ дар чанд соат як шоли хушбофтеро омода месозад. Онро осиёи бодӣ ба кор медарорад, ки дар долони хонаи ихтироъкор насб шудааст.
Пас аз эътирофи расмӣ ва соҳиб шудан ба сертификати ихтироъ, Мерел истеҳсоли васеи шарфҳоро ба роҳ монд. Маҳсулоти ширкат дар бозорҳои Лондон, ки ихтироъкораш он ҷо зиндагӣ мекунад, хеле серхаридор аст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ҶУМЛАИ САВОЛӢ
Марде ғазаболуд якбора мушт болои миз зада, нидо мекунад:
- Кӣ зурӣ хона.
- Зани бечора ҳам, ки аз афташ аз бекоргардии ӯ ҷон ба лаб омада буд, кафлезро баланд бардошта, дар фарқи сараш мефурорад.
Баъди ба ҳуш омадан мард алам мекунад:
- Занак кори хуб накардӣ, одами бегуноҳро қариб бикушӣ.
- Чӣ хел бегуноҳ, чиба худата зӯри хона мегирӣ?
- Занак ман худама зӯр нагуфтам, агар аҳамият медодӣ, ҳамон ҷумлаи ман аломати савол надошт.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
ДОРОТАРИН ХАЙРХОҲОНИ ҶАҲОН
АЗ МАОШИ 2 ДОЛЛАРА ТО 298,3 МИЛЛИАРД САРМОЯ
Эндрю Карнегӣ, сарватманде, ки дар 68 - солагӣ дороиаш ба 298,3 миллард доллари ИМА расид, аз роҳи машаққат ва бо заҳмати сангин чунин сармояро ба даст овардааст. Ӯ 12-сола буд, ки дар фабрикаи нассоҷӣ ба кор пардохт, дар ҳафта 6 рӯз 12 соат кор мекард ва ҳамагӣ 2 доллар маош мегирифт.
Дар 16-солагиаш оператори телеграф ва баъдан ёрдамчии сардори ширкати роҳи оҳани Пенсилвания шуд. Ҷавони заҳматпеша, дар ин ҷо нозукиҳои тиҷоратро омӯхт. Дар 20-солагӣ хонаи модарашро ба гарав гузошта, нахустин сармоягузориро оғоз кард. Дар қадами аввал ба Adam Express - FedEx 500 доллар сармоягузорӣ карда, бо гузашти солҳо молики ширкатҳои бузург гардид. Дар даврони зиндагиаш (1835-1919) ӯро на танҳо ҳамчун соҳибкори бузург, балки хайрхоҳтарин чеҳраи замон низ, мешинохтанд. Карнегӣ 90 дарсади сарвати худро барои корҳои хайрияи сарф намудааст.
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
ОДОБИ ҚАБУЛИ ХАЙР
Маҷид Маҷидӣ, коргардони филми эронии «Овои гунҷишкон» мегӯяд: «Дар яке аз шабҳои сарди зимистон, роҳрӯберо дидам, ки машғули ҷорӯб задани хиёбон буд. Пеш аз он ки сабукравамро дар таваққуфгоҳ ҷо кунам, як миқдор пул аз ҷайб баровардаму бисёр эҳтиромона ба ӯ тақдим намудам. Хеле аз ин кори худ меболидам, ки некие анҷом додам ва эҳсоси хуб будан мекардам. Дидам, ки бо душворӣ талош дорад дастпӯшашро кашад. Гуфтам, бо дастпӯш ҳам бигирӣ, боке нест. Зани роҳрӯб гуфт: «Беадабӣ мешавад. Охир ин «дасти Худо»-ст, ки ба ман пул медиҳад».
Таҳияи Нигина РАҲМОН
БУЗУРГОН ДАР СИТОИШИ ФАРИШТАИ МЕҲР
Модар воситаи эҷод ва рамзи хилқат аст. Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббате беҳтар ва воқеитар аз муҳаббати модар биёбед.
Балзак
Ёд овар аз он дасте, ки дар шабҳои кӯдакӣ бо навозишҳояш туро таскин дод. Ёд овар аз он диле, ки ба хотири ту захмҳо хӯрд ва боз вафодор монд. Зонуи худро ба замин гузор ва барои модарат дуо кун.
Шиллер
Зан тоҷи офариниш аст.
Ҳардер
Модар ҳатто пас аз марг боз ҳам модар ва муқаддастарин мавҷудоти ҷаҳон аст.
Кулриҷ
Субҳу шоми умр бе зан торик ва рӯзаш ғамангез аст.
П. Бауст
Ҳеҷ муҳаббат ва неъмате барои мард беҳтар аз зани хуб нест.
Сибунд
Зан ҳамчу гулест, ки бо каме беэътиноӣ пажмурда мегардад ва бо андак лутф мешукуфад.
Ломартин
Зан беҳтарин ва охирин туҳфаи осмонӣ аст.
Ҷон Милун
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ГИРЯИ МОДАР ВА «ҶАЗО» БА ПИЁЗ
Зан баъди чанд маротиба гум шудани пиёз аз ошхона дар ҳайрат меафтад. Мутаваҷҷеҳ мешаванд, ки духтарчаи хурдсолашон пиёзҳоро аз ошхона бароварда, ба кӯча мепартояд. Падар аз дӯстрӯяк сабаби амалашро пурсон мешавад. Ӯ чунин посух мегӯяд:
- Дар хона модарам бо ду сабаб ашк мерезанд: якум, баъди хархаша бо шумо ва дувум, ҳангоми пок кардани пиёз. Шумо падарам намебудед, ҳатман мисли пиёз дар кӯча мепартофтам.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
МАН ЗАН ҲАСТАМ...
Писар аз модари гирёнаш пурсид: «Модар, чаро гиря мекунӣ?»
Гуфт: «Ман зан ҳастам».
Писар гуфт: «Ман инро намефаҳмам».
Модар ӯро ба оғӯш кашида изҳор дошт: «Ҳаргиз нахоҳӣ фаҳмид».
Писар ба воя расид ва рӯзе дар ин бора аз хирадманде пурсид: «Чаро занон гиря мекунанд?» Ӯ посух дод: «Вақте зан офарида шуд, Худованд барояш китфони пурқувват дод, то вазниниҳои оламро бардорад ва ҳикмате барояш бахшид, то хонаводаро танзим кунад…
Ахиран ашкро барояш дода, то бо рехтани он дарду ранҷҳои руҳашро низ, бирезад. Ин ягона нуқтаи заъфи ӯст. Барои ҳамин, агар ӯро дидӣ, ки мегиряд, барояш бигӯ: «Модарҷон, туро дӯст медорам ва ҳама заҳмати туро қадр мекунам».
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)