ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАХОН.  БАЪЗЕ ВИЖАГИҲОИ ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ

ВАХОН.  БАЪЗЕ ВИЖАГИҲОИ ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ

20 март 2024, Чоршанбе
25
0
Дар водии Вахони ноҳияи Ишкошим Наврӯзро бо баъзе вижагиҳо ҷашн мегиранд. Ин матлабро  Айдӣ Қадамалиев, омӯзгори  варзида, ки доир ба идҳои ниёгон таҳқиқоти зиёд бурдааст, баён намуд. Аз ҷумла, суннатҳои наврӯзиро дар ҳар хонадон намояндагони авлоди алоҳида, ки онҳоро дар байни халқ  “шогунӣ” ном мебаранду  ҳурмату эҳтироми хосса доранд, анҷом медиҳанд. 
 
Ҳангоми  расидани рӯзи нав (Наврӯз), ки нуҷумшиносони ҷойдорӣ  аз рӯйи тақвими маҳаллӣ  муайян мекунанд, кадбонуи хона ба китфи рости марди шогунӣ орд мепошад ва ӯ барои дарёфти пиёдаҷорӯбу савораҷорӯб аз хона мебарояд. Баъди баромадани кадхудои хона, тамоми чизи хонадонро аз кулба ба  ҳавлӣ  мебароранд. Чун анъана, нахустин либосе, ки аз хона берун бароварда мешавад, ҳатман, бояд ранги сурх дошта бошад. “Чаро маҳз ранги сурх?” – мепурсам аз Айди Қадамалиев. “Зеро, – мегӯяд ӯ, – ранги сурх дар байни мардуми мо чун рамзи сурхрӯиву хурсандӣ эътироф шудааст ва гӯё ин амал тамоми сол хурсандиву рӯзгори хуши ин хонаводаро таъмин мекунад. Ҳар касе онро аз хона берун мебарорад, бояд рӯяш ба тарафи  ситораи наҳс, ки онро нуҷумшиносон қаблан муайян мекунанд, нигаронда нашуда бошад”. 
Баъди баровардани ҷиҳози хона ва анҷоми маросими ҷорӯббандӣ, кадхудои хона болои бом баромада, пас аз  рӯбучини қабати аввали чорхона ҷорӯбро ба замин мепартояд. Дар ҷараёни ин амал бонуи хона ба поксозии дохили хона оғоз менамояд. Тибқи суннатҳои мардумӣ, пас аз анҷоми хонатаконӣ кадбону хокрӯбаи хона ва ҷорӯберо, ки бо он рӯбучини хонаро анҷом дода буд, берун мепартояд. Ин рамзи он аст, ки гӯё тамоми нокомиҳои соли гузашта бо хокрӯбаву ҷорӯб аз хона берун мешаванд. Ҷорӯби дигарро бошад, дар даромадгоҳи хона то маъракаи ҳосилғундорӣ нигоҳ медоранд. Бо гирифтани нахустин хӯшаҳои гандум, то соли дигар ҷойи ин ҷорубро хӯшаҳои гандум иваз мекунанд.
Бо умеди оғози соли наку тифлакони хонавода дар косаи хурд об ва дар кафи дасташон донаи гандум гирифта, аз болои равзан се маротиба об ва гандумро ба даруни хона мепошанд. Кадбонуи хонадон  бошад, чун анъанаи гузаштагон, чумчаи чӯбиро аз даруни хона аз тариқи равзан болои бом мепартояд.
Дар Ҷашни Наврӯз сокинони Вахонзамин ғизоҳои хоси наврӯзӣ омода месозанд, ки баъзеашон аз дигар минтақаҳо  фарқ мекунанд. Яке аз ин ғизоҳо атола ё худ ба лаҳҷаи мардуми маҳаллӣ «шошп» мебошад. Ин ғизо аз орди суманак, донаи зардолу, ях ва об омода гардида,  як рӯзи расо дар дег меҷӯшад. Баъди тайёр шудани шошп, марди шогунӣ ба пухтани нон ва қумочҳои наврӯзӣ даст мезанад. Ба умеди фаровонии сол нони аввалинеро, ки аз танӯр бароварда мешавад, се маротиба дар девори хона мемоланд. Баъдан, ба нияти покиву хурсандии хонавода соҳибхоназан ба ордзании девору сутун ва тирчӯбҳои хона мепардозад. Шахсони барӯманд ба нияти нек дар ҳар хона дуохонӣ мекунанд ва аз даргоҳи Худованд  фаровонии ҳосилро металабанд.
Тибқи ривоятҳои  мардуми ин маҳал,  замоне ки ҳазрати Одам аз биҳишт ронда  мешавад,  Худованд ба ӯ  ҷиҳати дарёфти рӯзӣ ба воситаи фариштаи Ҷабраил барзагов ва олотҳои шудгоркуниро  мефиристонад. Ин воқеа гӯё дар фасли баҳор ба вуқуъ пайвастааст, аз ин рӯ, кишоварзони Вахон дар Ҷашни Наврӯз бо русумоти махсус маросими киштукори баҳориро шуруъ мекунанд. Кадбонуи хона бошад, пӯстинро чаппа пӯшида, таомҳои наврӯзиро, ба мисли шошп, назди барзгарон мебарорад. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, чаппа пӯшидани пӯстин нишони фаровонии ҳосил ва наҷоти зироат аз офатҳои гуногуни табиӣ  мебошад. Деҳқонон пас аз тановули ғизо боқимондаи онро ба пешонӣ ва шохи барзаговҳои корӣ мемоланд. Ҳамчунин, бо обу равған шоху пешонии барзаговҳоро тар мекунанд ва онро орд мезананд. Нахуст, деҳқон дар шакли доира заминро се давр шудгор мекунад ва дар байни он бо юғу сипор рамзи ориёиҳо – чалипоро мекашад.
Дар маросими идгардак, асосан, пайвандон ва ҳамсояҳо ширкат меварзанд. Наздикон дар Ҷашни Наврӯз бо туҳфаи идона, мисли  кулчаву таомҳои суннатӣ ба “салом-салом”-и ҳамдигар мераванд. Дар рӯзи ҷашн  домоду арӯси навхонадоршуда  савори асп ё  уштур ба наврӯзгоҳ меоянд. Онҳоро ҳозирон бо хурсандӣ истиқбол мегиранд, барои ташкили оилаи нав табрик мегӯянд ва ба онҳо рӯзгори хушу  осуда таманно мекунанд.         
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 20.03.2024 №: 54-55
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив