ПЕШВОИ МИЛЛАТ: "БИГЗОР ҲАР РӮЗИ ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ БОШАД!"
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории Карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе, 25-уми марти соли 2024
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам сокинони пойтахт, меҳмонон ва ширкаткунандагони ҳамоиши наврӯзӣ!
Ҳамаи шумо ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бори дигар ба муносибати куҳантарин ва бузургтарин Ҷашни миллиамон – Наврӯз, ҷашни баҳор ва эҳёи табиат самимона табрик гуфта, ба шумо саломативу сарсабзии баҳорӣ ва ба Ватани маҳбубамон суботу пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.
Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз даврони бостон ҳамчун мероси пурарзиши ниёгони некномамон то замони мо расидааст.
Мувофиқи асотире, ки дар миёни гузаштагони мо маъруф будааст, нахустин шоҳи олам Каюмарс, ки тавсифи подшоҳии ӯ дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ омадааст, дар ин рӯз ба тахти шоҳӣ нишастааст. Дар «Шоҳнома»-и безавол, ҳамчунин, бунёд гузоштани Наврӯз ва муайян намудани сари соли нав ба шоҳ Ҷамшеди пешдодӣ нисбат дода шудааст, ки ба ин хотир, ин Ҷашнро чун Наврӯзи ҷамшедӣ низ ёд мекунанд.
Ба ин маънӣ, Наврӯз ҳамчун оғози ҳамаи шукуфтанҳо, сарсабзиҳо ва эҳёи дигарбораи замину замон бо таърихи бостонӣ ва фарҳангу адабиёти оламшумули миллати тоҷик пайванди ҷудоинопазир дорад.
Аз сарчашмаҳои муътамад бармеояд, ки Ҷашни Наврӯз дар заминаи андешаҳои амиқу пурвусъат ва ҷаҳонбиние бунёд шудааст, ки сабаби пойдории ҳувияту ҳастии мардуми мо, расму оинҳо ва суннату анъанаҳои миллиамон то ба имрӯз гардидаанд. Маҳз ҳамин афкору андеша ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии Наврӯз ва дигар силсилаҷашнҳои ориёӣ, аз қабили Сада, Тиргон ва Меҳргон, бо гузашти асрҳо ба ҷузъи муҳими худшиносии миллии тоҷикон табдил ёфтаанд.
Наврӯз ҷашни сирф табиӣ, рамзи бедории табиат, пайванди ногусастаниву ҷовидонаи инсон бо табиат ва пайки шодиву сурури хурду бузурги мардум мебошад. Бинобар ин, мо онро ҳамчун мероси пурғановати фарҳангиамон на фақат таҷлил менамоем, балки барои омӯхтану барқарор кардани оину русуми азбайнрафтаи он талош мекунем.
Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст. Халқу миллатҳои зиёди дунё ин ҷашнро қабул намуда, онро бо анъанаҳои хоссаи худ таҷлил мекунанд. Яъне, Наврӯз ба як омили муҳимтарини паҳншавии фарҳангу тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон дар олам табдил ёфтааст.
Наврӯз – рӯзи падид омадани равшанӣ, ғалабаи некӣ бар бадӣ, аз қалбҳо берун кардани кинаву адоват ва бахшидани гуноҳи ҳамдигар, рӯзи меҳрубониву хушбахтӣ, рӯзи таваллуди дубораи табиату инсонҳо, поёни сардиҳо ва оғози фаровонӣ мебошад. Маросиму оинҳои ҷуфтбаророн, хонабаророн ё хонасафедкунӣ, оташафрӯзон, гулгардонӣ, суманакпазӣ, навозиши сари ятимону бепарасторон ва дигар амалҳои хайр аз суннатҳои неки наврӯзӣ буда, аксари онҳо то имрӯз дар кишвари мо ба таври васеъ роиҷанд.
Ташкилу баргузории ҳар гуна чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла аспдавонӣ, гӯштигирӣ, инчунин, шеърхонӣ, ба бар кардани либосҳои миллӣ ва намоиши онҳо, омода намудани таомҳои миллӣ аз гиёҳу рустаниҳои баҳорӣ аз оинҳое мебошанд, ки мардуми мо онҳоро дар рӯзҳои наврӯзӣ бо шавқу завқи зиёд анҷом медиҳанд.
Ҳамватанони азиз!
Мехоҳам як нуктаи муҳимро таъкид намоям, ки Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас – дар таърихи навини тоҷикон бо ҳамдигар пайванди амиқ пайдо кардаанд, зеро Наврӯз ҳамчун шиносномаи таъриху фарҳанги миллии мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Аз ҷониби дигар, маҳз неъмати соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овард, ки Наврӯз бо ин ҳама шукӯҳу шаҳомат ва расму оинҳои неку созандааш дар сарзамини мо дигарбора эҳё ва таҷлил гардад. Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки бо истифода аз суннату анъанаҳои неки миллиамон ба хотири шукуфоиву рушди кишвари азизамон ва таҳкими дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ минбаъд низ талош намоем ва тамоми имконияту неруи худро ба бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон равона созем.
Ҷашнҳои миллӣ, забони модарӣ, таърих ва фарҳангу тамаддуни бостонии худро гиромӣ дорем, онҳоро чун азизтарин сарвати миллӣ ҳифз кунем ва дар шароити ниҳоят мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир неъмати бузургтарини зиндагиамон – истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ҳимоя намоем. Ҳамзамон бо ин, таҷлили ҷашнҳои аҷдодӣ, аз ҷумла Наврӯзро, бо дарназардошти талаботи даврони истиқлол, роҳандозӣ намоем, онҳоро ҳамқадами замони муосир созем, ки яке аз онҳо ҳамоиши наврӯзии имрӯза мебошад.
Ҳар яки мо вазифадорем, ки дар айёми наврӯзӣ ва рӯзҳои дигар низ барои ободу зебо ва тозаву озода гардонидану ба «кишвари сабз» табдил додани Ватани маҳбубамон саҳми арзишманди худро гузорем.
Чунонки ҳамватанони азизи мо дар ёд доранд, 9-уми март дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин вазъи ноороми ҷаҳони имрӯза, таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла торафт густариш ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ ва сабабу омилҳои ба онҳо мусоидаткунандаро муфассал таҳлил намуда, вазифаҳои ҳар як шаҳрвандро дар чунин шароити мураккаб таъкид карда будам. Хусусан, ҳодисаи нангину даҳшатноки дар наздикии шаҳри Москва рухдода ҳар яки мо, махсусан, падару модаронро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки ба тарбияи фарзандон эътибори боз ҳам ҷиддӣ диҳанд. Такроран таъкид менамоям, ки мо бояд наврасону ҷавононро аз таъсири чунин гурӯҳу ҳаракатҳои харобкору даҳшатафкан эмин нигоҳ дорем ва нагузорем, ки фарзандони мо ба номи неки миллати тоҷик, давлати соҳибихтиёри тоҷикон ва падару модари худ иснод оваранд.
Мардуми мо аз замонҳои қадим Наврӯз, яъне ҷашни сари солро, пеш аз ҳама, бо дилу нияти нек, яъне бо ботини тоза, сипас, бо зоҳири ороста, яъне сарулибоси тозаву озода истиқбол мегирифтанд ва ҳамеша умед доштанд, ки қадами соли нав бо файзу баракат шавад. Хушбахтона, ин русуми хуби наврӯзӣ ҳоло дар кишвари биҳиштосои мо ривоҷи тоза пайдо кардаанд.
Мо бояд пайваста кӯшиш намоем, ки хонаву кошона, маҳали зист ва ҷойи кори худро ҳамеша ороставу зебо нигоҳ дорем, зебоипарастӣ, озодагиву тозакорӣ ва ободониро ба одати доимии хурду бузурги мамлакат табдил диҳем, то ин ки тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азизи мо дар ҳамаи фаслҳои сол ба наврӯзгоҳи ҳақиқӣ табдил ёбад ва ҳар рӯзи Тоҷикистон мисли Наврӯз бошад.
Бо чунин ниятҳои неки наврӯзӣ бори дигар ҳамаи сокинони шарафманди пойтахт, тамоми ҳамватанони азиз дар дохили кишвар ва берун аз он, меҳмонони гиромӣ, мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, инчунин, ширкаткунандагони ҳамоиши имрӯзаи наврӯзиро ба ифтихори Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ ва ҷашни баҳору сарсабзии сарзамини биҳиштосоямон самимона табрик мегӯям.
Ба ҳар яки шумо бахту иқболи баланду сарсабзӣ ва барои Тоҷикистони маҳбубамон – сарзамини зебоӣ, баҳор ва Наврӯз – сулҳу оромӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва ваҳдати ҷовидонӣ орзу менамоям. Бигзор Наврӯз бо қадамҳои мубораки худ ба Тоҷикистони азизи мо, ки Ватани Наврӯз мебошад, барои имсолу солҳои дигар сарсабзиву хуррамӣ, ободиву пешрафт, таҳкими минбаъдаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва болоравии боз ҳам бештари обрӯи кишвари маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ ба армуғон оварад!
Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборак, ҳамватанони азиз!
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Наврӯзатон пирӯз бод!
* * *
Ҳозирини муҳтарам!
Пеш аз ҳама, мехостам аз номи ҳамаи шумо, аз номи кулли мардуми Тоҷикистон ва аз номи худ ба тамоми иштироккунандагони ин ҳамоиш, ба ҳунармандон, коргардонҳо ва ба ҳамаи онҳое, ки барои омода кардани чунин як ҳамоиши ҳам куҳану ҳам ҳозиразамон ва бисёр зебо доир ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни наврӯзӣ миннатдории самимии худро баён намоям.
Аҳсан! Аҳсан! Офарин!
Офарин ва аҳсан!
Саломат бошед, хеле заҳмат кашидед. Фарқи наврӯзи имрӯза аз наврӯзҳои гузашта – аз замин то осмон. Иншооллоҳ, мо кӯшиш мекунем, ки наврӯзи оянда аз ин ҳам хубтару беҳтар бошад. Мо бояд ҳамаи анъанаҳои қадимаи наврӯзиро омӯзем ва эҳё кунем.
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини муҳтарам!
Дар ин ҳамоиш аксарият ҷавонон иштирок доред. Ман ба ҷавонони мамлакат муроҷиат мекунам. Ман ба падару модарони муҳтарам муроҷиат мекунам: ин Ватан – ин сарзамини биҳиштосо Ватани мову шумо аст, Ватани аҷдоди мову шумо аст.
Миллати тоҷик таъриху тамаддуни беш аз 6000-сола дорад.
Тоҷикистон дар асл Ватани Наврӯз аст. Мо шаш сол кӯшиш кардем дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ, бо созмонҳои бонуфузи фарҳангии ҷаҳонӣ кор кардем, оқибат бо Созмони Милали Муттаҳид Наврӯзро ба сатҳи байналмилалӣ расонидем.
Акнун ин тарафаш дар дасти шумост.
Ҷавонони имрӯза, падарони муҳтарам, модарони азиз, шароит муҳайё кунед ба насли нав, ба наврасон, ба кӯдакон, ба наврасону ҷавонон шароит ва имконият диҳед, ки хонанд, илм омӯзанд, касб омӯзанд, ҳунар омӯзанд, ки оянда ин Ватани биҳиштосоро соҳибӣ карда тавонанд.
Бо хурофот мо ягон қадам пеш намеравем. Хурофот ба торикӣ мебарад, ба бадбахтӣ мебарад, на ба чизи дигар.
Ҷавонони азизи мамлакат!
Ҳама чиз дар дасти шумост.
Ин Ватан, пеш аз ҳама, Ватани наврасону ҷавонони имрӯза аст. Ҳар кори неке, ки мо – калонсолон мекунем, барои шумо – насли ҷавони имрӯза мекунем. Ин Ватанро мо ба шумо мерос мегузорем. Муроҷиатҳои чандинкаратаи ман ба шумо чунин маънӣ доранд, ки ҳадафи мо аз эҳё кардани Наврӯз танҳо як хурсандӣ кардан нест. Шумо бинед, ки Наврӯз чӣ аст? Сари сол, пеш аз ҳама, тозагӣ. Яъне, бинед, бузургони гузаштаи мову шумо 6000 сол пеш барои мову шумо фикр карда, дар чор фасли сол чор ҷашнро эҷод кардаанд. Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон барои мову шумо. Дигар чӣ аст Наврӯз?
Қалбҳоро пок кардан даркор, ботинро пок карданамон даркор, гуноҳи якдигарро бахшиданамон даркор. Хонаву кошона, кӯчаву раста ва шаҳру Ватанамонро тозаву озода карданамон даркор. Ана ҳамин аст маънии таъриху тамаддун ва фарҳанги 6000-солаи Наврӯз.
Тозакорӣ, озодакорӣ, зебоипарастӣ, барои ҳамин ҳам дар рӯзи наврӯз, бинед, чи қадар хурсандӣ.
Дар хуну вуҷуди мову шумо аст ин Ҷашн, ки ин қадар монеаҳо эҷод карданд барои пеши роҳи Ҷашни Наврӯзро гирифтан, вале бинед, ки баъди 6000 сол чи гуна ҷӯш зада, эҳё гардид. Ин танҳо бо ташвиқоти як Президент намешавад. Ин дар хуну вуҷуди ҳастии миллати тоҷик аст, дар хуну вуҷуди мардуми ориёитабор ҳаст. Яъне, тоза кардан, озода кардан, зебоипарастӣ, бунёд кардан, некӣ кардан, сари сол ҳама кинаву адоватро аз дилҳо берун кардан даркор, ки аз саршавии сол Худо кунад, ки соли бофайз шавад, бобаракат шавад, амонӣ бошад, тинҷиву хушбахтӣ бошад.
Имрӯз 25-ум аст. Таърихан Наврӯз 12 рӯз ҷашн гирифта мешавад. Ҳар як рӯзаш як мақому таъиноти худашро дорад. Мо бояд ҳам кор кунем, заҳмат кашем, ҳам ҷашн гирем ва ҳам хурсандӣ кунем. Дар ҳар як оила хурсандӣ бошад.
Аз Худои таоло орзуи ман ин аст, ки хурсандии ҷовидонаро мисли ана ҳамин Наврӯзи Аҷам насиби мардуми Тоҷикистон гардонад ва ҳар рӯзи мардуми мо Наврӯз бошад.
Худои таоло ҳарчи орзуву омоле, ки дар дилу ниятатон ҳаст, ҳамонро насибатон гардонад. Хушбахт бошед!
Натарсед, наҳаросед, мо рӯзҳои сахту сангинро паси сар кардем. Мо ин Ватанро обод карда истодаем, боз бунёд мекунем, месозем ва ба наслҳои оянда як мулки обод мерос мегузорем. Мо бояд сидқан, фақат бо забон не, сидқан Ватанамонро дӯст дорем. Забону фарҳанги худро, анъанаҳои миллии худро дӯст дорем. Сарулибосҳои миллии худро дӯст дорем.
Дӯстони азиз, модарону хоҳарони меҳрубон, бинед, чи хел рангоранг, чи қадар зебоянд либосҳои миллии мо. Бе ҳамин ҳам мардуми ориёитабор, мо – тоҷикон, мардуми зебо ҳастем. Лекин, либосҳои миллӣ моро боз ҳам зеботар мекунанд.
Бас кунед бегонапарастиро!
Бас кунед бегонапарастиро!
Мо худамон ҳама чиз дорем, фақат дар чорчӯбаи қонун кору зиндагиву фаъолият карданамон даркор.
Бори дигар аз самими қалб ҳамаи шуморо табрик мегӯям.
Ман медонам, моҳи шарифи Рамазон аст. Мо ҳама дар моҳи шарифи Рамазон, шукрона, рӯзадорӣ мекунем, ҳам Наврӯзро ҷашн мегирем, ҳам заҳмат мекашем ва Ватанамонро боз ҳам ободу зебо мекунем.
Ман медонам, ман ҳис карда истодаам, худи ман ҳам дар ҳамин ҳолат ҳастам, вале ҳеҷ гоҳ руҳафтода набошед.
Ҳаёт, зиндагӣ, давлатдорӣ ҳамин будааст!
Фақат дар ҳеҷ ҳолат руҳафтода нашавед!
Ба шумо, ба кулли мардуми Тоҷикистон тинҷиву амонӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи комил ва бахту саодат мехоҳам.
Бори дигар Наврӯзатон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Як ҷаҳон ташаккур ба ҳамаи шумо барои заҳматҳои кашидаатон ва ин маҳфили бисёр зебо, ки имрӯз баргузор кардед!
Ба роҳбарияти ҳукумати шаҳр, ба тамоми сохтору мақомоте, ки дар ин ҷо заҳмат кашиданд, ташаккур!
Саломат бошед!
Хушбахт бошед!
Санаи нашр: 27.03.2024 №: 56
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)