ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КУРТАҲОИ “ФАДУЛ”-И ЧАКАН БАРОИ РАҚС НЕСТАНД!

КУРТАҲОИ “ФАДУЛ”-И ЧАКАН БАРОИ РАҚС НЕСТАНД!

29 март 2024, Ҷумъа
14
0
Имрӯзҳо барои раққосаҳои тоҷик рақсидан бо куртаҳои “фадул” (васеву кушод)-и чакан дар саҳнаҳои гуногуни ватаниву хориҷӣ маъмул шудааст. Бояд гуфт, ки вақте духтарони мо бо чунин куртаҳо мерақсанду чарх мезананд, назокати онҳо аз назарҳо дур мемонад. 
Рақс бо куртаи “фадул”-и чакан ҳеч зебоие надорад, ҳатто қаду қомати зебои раққоса Хайринисо Ватанова мавзунияти худро гум мекунад. Одатан ва таърихан, раққосаҳо қаду комати баланд ва чеҳраи зебо доранд ва бо либоси ба тан шинам баромад менамоянд. Ин талабот ба раққоса мебошад, зеро рақс мавзуният, зебоӣ ва назокатро металабад. 
Агар мо ба таърихи рақси тоҷик назар афканем, ки дар деворнигораҳову ҳайкалҳо боқӣ мондаанд, ҳама либоси шинам доранд. Либос тарҳи бадани соҳибашро ифода менамояд, ҳатто либосҳои мотамӣ мувофиқи бадан дӯхта шудаанд. Пас, саволе бармеояд, ки чаро имрӯзҳо мураббиёни рақси тоҷик ба ин роҳ медиҳанд? Хуб ба ёд дорам, дар яке аз “Бӯстон”-ҳо устоди рақси тоҷик Ғаффор Валаматзода ба духтаре, ки бо куртаи “фадул”-и чакан рақс карда буд, эрод гирифт, аммо, мутаассифона, ин масъала то ҳанӯз ҳалли худро пайдо накардааст.
Ба ростӣ, рақсидан бо чунин куртаҳо миёни раққосаҳои мо кай маъмул гардид, бароям муаммо буд, аз ин рӯ, дар пайи ҷустуҷӯи он шудам. Пас аз омӯзишҳо, маълум шуд, ки ин навъи куртаҳо дар дарбори амирони манғитияи Бухоро дар асри XVII пайдо шуда, аз маҳдудиятҳои динӣ ба шумор меравад. Яъне, зан бояд барои пинҳон кардани танаш, либоси кушоду фарох пӯшад. Ин аст сабаби пайдо ва паҳн шудани куртаҳои “фадул”. Хуб мешуд, ки ин намуди куртаҳо танҳо ҳангоми рақсҳои этнографӣ истифода шаванд ва раққосаҳо дар консертҳои расмӣ аз пӯшидани онҳо худдорӣ намоянд. 
 
Юсуфшоҳи ЁҚУБШОҲ, академик 
Санаи нашр: 28.03.2024 №: 57
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив