ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮ БА РУШДИ САНОАТ. ГУЗОРИШ АЗ ҶАРАЁНИ БУНЁДКОРИҲО ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

РӮ БА РУШДИ САНОАТ. ГУЗОРИШ АЗ ҶАРАЁНИ БУНЁДКОРИҲО ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

29 март 2024, Ҷумъа
23
0
Ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳо, роҳбарияти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро низ  водор сохт, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххасу муассирро роҳандозӣ намоянд. 
Пештар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар байни дигар ноҳияҳои вилояту кишвар яке аз минтақаҳои бузурги кишоварзӣ эътироф   мешуд. Ҳоло бошад, давоми ду-се соли охир таваҷҷуҳ ба саноатикунонӣ афзудааст. Феълан шумораи умумии корхонаҳои саноатии ноҳия ба 182 адад расида, соли сипаришуда ба маблағи 5 миллиарду 152 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ин нишондиҳанда баландтарин дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
– Бо назардошти муҳимияти соҳаи саноат дар рушди иқтисодии ноҳия, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, гирифтани пеши роҳи муҳоҷирати оммавӣ, тасмим гирифтем, ки  дар ин ҷода корхонаҳои хурду бузург бо дурнамои тавлиди, асосан, маҳсулоти содиротивазкунанда бунёд намоем, – гуфт Фирдавс Абдуллозода, муовини раиси ноҳия. Дар маҷмуъ, то 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия 20 корхонаи замонавӣ бо ворид кардани хатҳои нави технологӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар ин замина, зиёда аз 1000 ҷойи нави кор муҳайё мешавад. Аксари корхонаҳое, ки дар ноҳия сохта мешаванд, дар ҷумҳурӣ аз лиҳози истеҳсоли номгӯйи маҳсулот бори аввал мебошад. 
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳия бо ҷараёни корҳои созандагӣ дар ин самт шинос гардида, ҷиҳати иҷрои саривақтиву босифати корҳо ба масъулини ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, бо сохтмони корхонаҳои истеҳсоли зарфҳои яккаратаи ҶДММ “Муосирпласт”, истеҳсоли орди ҶДММ “Орди фатир”, истеҳсоли асбобҳои рӯзгори ҶДММ “Саноатикунонӣ”, истеҳсоли таҷҳизоти гармидиҳии ҶДММ “Титан 8888” аз  наздик шинос шуд. Корхонаи нави истеҳсолии ҶДММ “Муосирпласт” дар масоҳати умумии 4 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, асосан, барои истеҳсоли зарфҳои яккарата пешбинӣ шуда, дастгоҳҳои муосир аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва бо ҷалби мутахассисони чинӣ васлу насб карда мешаванд. Корхона аз се коргоҳ, истеҳсоли плёнка, қолабдиҳӣ ва рангубор иборат буда, то 70 намуд зарфҳои гуногуни яккарата, ки барои бандубасти маҳсулоти шириву хӯрока истифода мешавад, истеҳол менамояд. Бояд тазаккур дод, ки чунин хатти истеҳсолот дар кишвар нахустин ба ҳисоб рафта, то ҳол ин навъи маҳсулот ба мамлакат аз хориҷи кишвар ворид мегардад. Дар ҳудуди корхона, ҳамчунин, биноҳои маъмуриву ёрирасон, бандубаст, анбор ва ошхона  сохта мешаванд
ҶДММ “Фатир Агро” яке аз бузургтарин корхонаи истеҳсолӣ ба ҳисоб рафта, саҳми он дар таъмини бозори истеъмолӣ бо навъҳои гуногуни орд басо назаррас мебошад. Муассисони корхона азм доранд, ки доираи фаъолияти худро боз ҳам фарох гардонда, хатҳои нави истеҳсолиро ба кор андозанд. Бо ин мақсад, бунёди корхонаи нав бо иқтидори коркарди 1000 тонна ғалла дар як шабонарӯз ба роҳ монда шуда, айни замон кор дар ин самт босуръат ҷараён дорад. Барои ин мутахассисони варзидаи соҳа ва сохтмончиён ҷалб гардида, имрӯзҳо бунёди анборҳои захираи гандум ҷараён дорад. Бо ин мақсад, нуҳ  анбор ҳар яке бо ғунҷоиши то 4 ҳазор тонна гандум бунёд мешавад. Фаъолсозии хатҳои нави истеҳсолӣ имкон фароҳам меоварад, то рақобат дар бозори дохилӣ бештар гардида, сифати маҳсулот боло рафтаву арзиши он то андозае коҳиш ёбад.
Баробари ба кор андохтани ин коргоҳ, то 500 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин мешавад.
Корхонаи нави истеҳсолии ҶДММ “Саноатикунонӣ” бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфта, дар он маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол мегардад.  
Дар корхона техникаи замонавии рӯзғор истеҳсол мешавад ва ҳангоми мавриди истифода қарор гирифтани он 50 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардида, ҳамзамон, бозорҳои вилоят бо маҳсулоти ватанӣ таъмин мешаванд. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот ҷараён дошта, масъулон азм доранд соли равон онро ба истифода диҳанд.
Корхонаи нави саноатии ҶДММ “Титан 8888” низ  дар доираи элон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) бунёд меёбад. Дар он, асосан, маҳсулоти содиротиивазкунанда – радиатор (таҷҳизоти гармидиҳӣ барои хонаҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ) истеҳсол мешавад. 
Бо ба истифода додани ин корхонаҳо, шумораи корхонаҳои истеҳсолии ноҳия аз 200 адад гузашта, аз ҷиҳати иқтидори иқтисодӣ ноҳияи Бобоҷон Ғафуров яке аз пешрафтатарин дар ҷумҳурӣ хоҳад шуд.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.03.2024 №: 57
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив