ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

02 апрел 2024, Сешанбе
2
0


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба рушди илму фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид месозанд, ки адабиёт, театр ва мусиқӣ асоси пешрафти шуури ҷамъиятӣ ба ҳисоб мераванд. Ин андешаи созандаи Сарвари давлатро кормандони Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар раванди таҳия ва басаҳнагузории барномаҳои фарҳангии худ эҷодкорона амалӣ менамоянд. Дар ин роҳи ҷустуҷӯю ковишҳои ҳунарӣ ва саҳнавӣ кардани намоишномаҳо санъаткори нотакрор, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Ҷӯрахон Расулов саҳми шоиста дорад. 
Ҷӯрахон Расулов пас аз хатми Коллеҷи санъати ноҳияи Рӯдакӣ соли 1976 ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, соли 1980 ин боргоҳи ҳунарро бо дипломи аъло хатм намуда, соҳиби ихтисоси актёри драма ва синамо мегардад. Фаъолияташро аз мудирии автоклуби сайёр оғоз намуда, то ба вазифаи муовини сардори раёсати фарҳанги вилояти Хатлон месабзад. Вале бештари умри бобаракати худро дар хонаи дуюмаш – саҳнаи театр ва "Хатлонсинамо" ба ҳайси санъаткори мумтоз, ҳунарпеша, овозхон, коргардон сипарӣ намудааст. Солҳо ҳамчун таҳиягар ва басаҳнагузорандаи барномаҳои театрии Наврӯзи вилоятӣ ва коргардони ҷашнҳои миллии Сада, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва як зумра чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ дар ноҳияҳои Шаҳритус, Носири Хусрав будааст. 
Санъаткори варзида нақшҳои мондагореро дар намоишномаҳои «Хостгорӣ» ва «Ҷашн»-и А. Чехов, «Оилаи антиқапарастон»-и К. Голдони, «Хонум Элвира»-и Миронич, «Шоҳи урён»-и К. Готсе, «Пулдон»-и Э. Лабиш, «Обканда»-и В. Захватов, «Волидони беворис»-и М. Ғоиб,  «Фронт»-и З. Ибод, «Бежан ва Манижа»-и Ҷ. Қуддус, «Карим Девона»-и Т. Аҳмадхонов бо як маҳорати баланди актёрӣ бозидааст. 
Солҳое, ки Ҷӯрахон Расулов мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Бохтар буд, санъатварони шаҳр дар озмунҳои телевизионии «Андалеб», фестивалҳои ҷумҳуриявии «Парасту», театри «Лӯхтак» сазовори ҷойҳои аввал гардида, бо диплому ҷоизаҳои Вазорати фарҳанг қадр шудаанд. Мактаби мусиқии бачагонаи маркази вилояти Хатлонро таъмир намуда, гурӯҳҳои рубоб, ғижак, сурнай ва таблакнавозонро аз нав эҳё кард, асбобҳои замонавии мусиқӣ харид. Натиҷаи ҳамин буд, ки имрӯз Коллеҷи санъати бачагонаи Бохтар бо барномаҳои дилангези худ дар озмуну фестивалҳо миёни 23 Коллеҷи санъати бачагонаи вилояти Хатлон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегардад.  
Устоди саҳнаи театр Ҷӯрахон Расулов бо ҳамроҳии ҳунарпешаҳои шаҳри Бохтар дар Иди байналмилалии Наврӯз-2024 барномаи театриеро ба намоиш гузошт, ки солҳо аз ёдҳо сутуда намешавад. 

Музаффар МУРОДОВ, бойгоншиноси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Санаи нашр: 02.04.2024 №: 60
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив