САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ СОҲА
1 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, осоишгоҳу табобатгоҳҳо, ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ҷаласаи корӣ баргузор гашт.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, дар ҳамоиш вобаста ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, татбиқи самараноки қонуну қарорҳо, ҷалби сармоя ва бунёди инфрасохтори ҷавобгӯ ба талабот, тарбияи мутахассисони ботаҷрибаву касбӣ, фароҳам овардани шароити хуби хизматрасонӣ дар мавзеъҳои истироҳатӣ, ташкили хатсайрҳои нав, пурсамартар намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба тозагии мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ, табиӣ, инчунин, истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои грантӣ суҳбати фарогир ва мубодилаи афкор ҷараён гирифт.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод, сохтору мақомоти марбута, аз ҷумла роҳбарони мақомоти маҳаллӣ ва субъектҳои хизматрасониро даъват намуд, ки доир ба афзун кардани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисоди кишвар ва ба меъёрҳо мутобиқ намудани хизматрасониҳо, дарёфти роҳҳои нави ташкили инфрасохтор, омода кардани роҳбаладони касбии донандаи забонҳои хориҷӣ, рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ, муаррифии ҳарчи бештар зарфиятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ тадбирҳои аввалиндараҷа андешанд.
Ш. ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 06.03.2023 №: 50
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)