ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОЗОДҚУЛ МАМАДҚУЛОВ: «МЕХОҲАМ ДАР РУШДИ ЭНЕРГЕТИКА САҲМ ГИРАМ»

ОЗОДҚУЛ МАМАДҚУЛОВ: «МЕХОҲАМ ДАР РУШДИ ЭНЕРГЕТИКА САҲМ ГИРАМ»

09 апрел 2024, Сешанбе
22
0


Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби Озодқул Мамадқулов: «Мехоҳам дар рушди энергетика саҳм гирам»-ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 15-ум феврали соли 2023 нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод. 
Бояд зикр намуд, ки истиқоматкунандаи деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд шаҳрванд Озодқул Мамадқулов солҳои зиёд аст, ки бо истифода аз тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, воситаҳои ахбори омма ва ғайраҳо муроҷиатҳои чандинкаратаи худро оид ба усули нави баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии неругоҳҳо бо истифода аз формулаи навтаъсис, барои баррасӣ ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон такрор ба такрор пешниҳод менамояд.
Новобаста аз муроҷиатҳои такрорӣ будани аризаҳои шаҳрванд Озодқул Мамадқулов, бо назардошти фикру мулоҳизаҳои мутахассисон ва олимону коршиносони соҳа (бо ташкили вохӯрии олимҳои соҳа), аз ҷониби Вазорат тибқи моддаҳои 17 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» чандин маротиба ба муаллиф ҷавобҳои асоснок оид ба ғайримантиқӣ будани пешниҳоду дархостҳояш ба таври расмӣ ҷавоб ирсол карда шудааст.
Мувофиқи талаботи банди 10 моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» бинобар сабаби илман асоснок набудан ва бо як муҳтаво ирсол шудани муроҷиати мазкур бояд баррасии он қатъ карда шавад.
Дар асоси банди 10 моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» бо мақсади қатъ намудани баррасии минбаъдаи муроҷиати мазкур ва аз назорат баровардани он аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб аз 24 феврали соли 2022, №11-143 ирсол карда шудааст.
Айни замон, Вазорат дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва супориши муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2022, №7943 (30-4) баррасии муроҷиатҳои чандинкаратаи истиқоматкунандаи деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд шаҳрванд Озодқул Мамадқуловро оид ба усули нави баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии неругоҳҳо бо истифода аз формулаи навтаъсис, қатъ намудааст.

Ҷ. ШОИМЗОДА, 
муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 08.04.2024 №: 64
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив