ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ПАЁМИ ШОДБОШИИ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар,  шаҳри Душанбе, 7 марти соли 2023

ПАЁМИ ШОДБОШИИ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар,  шаҳри Душанбе, 7 марти соли 2023

07 март 2023, Сешанбе
111
0
 
Модарону бонувон ва хоҳарони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни мубораку фархундаи Рӯзи Модар, ки ҳар сол дар рӯзҳои нахустини фасли зебои баҳор таҷлил мегардад, сидқан шодбош мегӯям.
Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтии оилавӣ ва рӯзгори ободу босаодат орзу менамоям.
Ба оғози баҳор ва давраи омодагӣ ба Наврӯз рост омадани Рӯзи Модар рамзи ҳамоиши ду неруи бузурги зиндагиофар аст. Зеро, агар Наврӯз оғози эҳёи табиат бошад, зан – модар офарандаи ҳаёти инсонӣ мебошад. Ба ибораи дигар, зиндагии аҳли башар аз домони поки модар ва шири сафеду ҷонбахши ӯ сарчашма мегирад.
Тамоми бузургони оламро, ки хизматҳои барҷастаи таърихӣ анҷом додаанд ва инсоният бо ному корномаи онҳо ифтихор мекунад, модар ба дунё овардааст ва дар оғӯши пурмеҳри худ парваридааст.
Бо самимияту дӯстдорӣ ва муҳаббату қадршиносӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар дар кишвари мо нишонаи эътибору эҳтироми давлату Ҳукумат ва мардуми мамлакат ба модар ва қадру манзалати шоистаи ӯ мебошад.
Модар мураббии нахустини инсон, субҳи гулафшони баҳор,  хуршеди ишқу муҳаббат, паёмовари сулҳу сахо ва дарёи бепоёни меҳр аст. Маҳз ба ҳамин хотир, модарро дар адабиёти ҷаҳонӣ «фариштаи меҳр» ва «мавҷуди муқаддас» номидаанд.
Мехоҳам бо ифтихор хотирнишон намоям, ки кӯшишу талоши модари тоҷик ба хотири рушди маънавиёти оила ва ҷомеа, ташкили оилаи солим, тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони солиму солеҳ, соҳибмаърифату соҳибкасб ва созандаву ободгар воқеан қобили ситоишу қадрдонист.
Далели бебаҳс аст, ки симои занони соҳибмаърифат, ҷасуру далер ва адолатпарвари тоҷик аз паси садсолаҳо дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихи халқамон ба мардуми мо тавону неру мебахшад.
Занону бонувон ва хоҳарону духтарони мо имрӯз бо рафтору гуфтори нек, андешаи солим, нангу номус ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми басо арзишманд доранд.
Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти нақши муассири занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати худ қарор додааст.
Мо ҳамеша ба масъалаи беҳбудии вазъи занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, ташаббусҳои созандаашонро пайваста дастгирӣ менамоем ва барои амалӣ гардидани иқдомҳои неку наҷиби онҳо заминаву имкониятҳои мусоид фароҳам меоварем. Аз ҷумла, ба хотири ҳимояи ҳуқуқи занон ҳоло тамоми заминаву имкониятҳои муосири қонунӣ фароҳам оварда шудаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки амалисозии онҳо боиси бамаротиб беҳтар шудани вазъи иҷтимоии занону духтарон гардид. Илова бар ин, тибқи супоришҳои дар паёмҳои қаблии Роҳбари давлат гузошташуда танҳо дар ду соли охир ду ҳуҷҷати муҳим – Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030 қабул карда шуд.
Фароҳам овардани замина ва шароити зарурӣ барои инкишоф ва истифодаи ҳарчи бештари қобилияти занону бонувон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани рушди устувори ҷомеа ҳадафи асосии ҳуҷҷатҳои зикршуда мебошад.
Ҳамчунин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар он то ба 30 фоиз расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва ба 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат пешбинӣ гардидааст, андешидани тадбирҳои зарурӣ идома дорад.
Имрӯз занону бонувони тоҷик ҳамчун аъзои Ҳукумат ва вакили парламент, инчунин, дар мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ масъулияти идоракуниро бошарафона иҷро мекунанд.
Онҳо дар баробари ин ки сиёсатмадор, омӯзгору табиб, муҳандис, энергетик ва варзишгаранд, ҳамчун олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор ва муҳофизи Ватан фаъолият доранд. Ҳоло 25 фоизи хизматчиёни давлатии кишвар, аз ҷумла 20 фоизи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон мебошанд. Занону бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, хизматрасонии иттилоотӣ, бонкдорӣ ва дигар бахшҳо аксариятро ташкил медиҳанд.
Дар бунёди иншооти муҳими аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» 900 нафар зан баробари мардон заҳмат кашида истодаанд. Ҳамчунин, 25 фоизи соҳибкорони инфиродӣ ва 23 фоизи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ занону бонувон мебошанд.
Занону бонувони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ собит намуданд, ки дар эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ ва соҳаи кишоварзӣ таҷрибаву маҳорат ва малакаву қобилияти баланд доранд.
Мо хуб дарк мекунем, ки модари озоду солим ва донишманду эҷодгар сарчашмаи хонаи обод, ҷомеаи солим, манбаи рушди илм, омили ташаккули хиради халқи эҷодгар ва кафили сулҳу суботи устувори мамлакат мебошад. Соҳиби саводу маърифат ва илму дониш будани занону бонувон асоси оилаи солим ва, албатта, омили муҳимтарини пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Яъне, ҳар чи қадар ки духтарон ва занону бонувон босаводу соҳибмаърифат бошанд, оилаҳо солиму мустаҳкам, фарзандон таълиму тарбиядида ва ҷомеа пешрафта мегардад.
Дини мо, ҳидоятҳои хирадмандонаи бузургони мо ва табиати ҳуқуқии давлатамон моро вазифадор кардаанд, ки барои саводнокии духтарону бонувон дар баробари мардон чораҷӯиҳо намоем. Маҳз ба ҳамин хотир, мо барои таҳсили духтарон ва афзоиши шумораи мутахассисони маълумоти олидор аз ҳисоби онҳо, хусусан, духтарони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон тамоми шароити заруриро муҳайё кардаем. То имрӯз садҳо ҳазор нафар духтарон, аз ҷумла даҳҳо ҳазор тибқи Квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро хатм намуда, ҳоло дар соҳаҳои гуногун бо азму талош ва ташаббусҳои созанда фаъолият карда истодаанд.
Натиҷаи чунин дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумат аст, ки ҳоло танҳо дар соҳаи маориф ва илми мамлакат ҳазорон нафар занону духтарон муваффақона кору фаъолият доранд. Донишомӯзии духтарон муҳимтарин манбаи рушди давлат ва неруи бузурги пешрафти ҷомеа мебошад.
Раванди баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ як нуктаи бисёр муҳимро собит менамояд, ки дар натиҷаи муносибати ҷиддии модарону бонувони мо дар масъалаи китобхонии фарзандон, хусусан, аз байни духтарон истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд ва мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем.
Мо ифтихор дорем, ки духтарони тоҷик дар мусобиқаву озмунҳои байналмилалӣ ғолиб омада, Парчами давлати тоҷиконро баланд мебардоранд.
Модарону бонувон як масъалаи муҳимро бояд дар хотир дошта бошанд, ки мо дар асри пешрафти бесобиқаи илму техника ва технологияҳо зиндагӣ дорем. Агар мо хоҳем, ки фарзандонамон дар ҳаёти ояндаи худ азияту муҳтоҷӣ накашанд, бояд ба онҳо барои омӯхтани илму дониш, махсусан, илмҳои риёзиву дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ шароит фароҳам созем.
Ман дар суханрониҳои худ борҳо хотирнишон кардаам ва ҳоло мехоҳам бори дигар бо ифтихор иброз дорам, ки модарону бонувон ва духтарони тоҷик дар мушкилтарин рӯзҳои таърихи давлату миллат ва дар сангинтарин лаҳзаҳои ҳаёти мардуми кишвар бо сабру таҳаммул, хираду тамкин ва ватандӯстиву садоқат такягоҳи боэътимоди давлат ва ҷомеа будани худро борҳо исбот намудаанд.
Модарону бонувон дар ҷомеаи мо, дар ҳақиқат, неруи бузурги созанда, тарбиякунанда ва пешбаранда мебошанд. Мо ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорату кордонии модарону бонувони азизамон таҳсин хонда, бо эътимоди комил иброз медорем, ки онҳо дар оянда низ, дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат, пешрафти давлат, ободии Ватан ва осудагии ҷомеа нақши шоистаи худро мегузоранд.
Бовар дорам, ки занону бонувони мо барои пешгирӣ кардани паҳншавии хурофот, андешаҳои ифротӣ ва расму оинҳои фарҳангии бегона фаъолона саҳм мегузоранд.
Дар ин рӯзи саид ба модарону бонувони азизи кишвар муроҷиат карда, мехоҳам хотиррасон намоям, ки амонати вазнини инсонсозӣ, яъне ташаккули инсони солеҳу солим маҳз бар дӯши шумо гузошта шудааст. Бинобар ин, кӯшиш намоед, ки ин рисолати зиндагисозро бо масъулияти баланд дар назди имрӯзу ояндаи ҷомеа ва давлат ба иҷро расонед.
Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳони муосир муносибати бисёр ҷиддӣ зоҳир кардан ба тарбияи фарзандон, аз роҳи бад, махсусан, ҷинояткорӣ ва пайвастан ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ баргардонидани наврасону ҷавонон, пеш аз ҳама, вазифаи модарону занон мебошад.
Ҳамчунин, мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва камобии паёпай, ки инсониятро бо душвориҳои ҷиддии таъминоти маҳсулот, аз ҷумла маводи ғизоӣ рӯ ба рӯ кардааст, модарону бонувони арҷмандро ҳушдор медиҳад, ки ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ, худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва риояи ҳатмии талаботи Қонуни танзим эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Бовар дорам, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ модарону бонувони тоҷик барои ҳифзи забон ва таъриху фарҳанги миллӣ, расму оинҳо ва либосу анъанаҳои халқамон, ки таҳти фишори омезиши фарҳангӣ қарор гирифтааст, беш аз пеш саъю талош хоҳанд кард.
Дар робита ба ин, бо ифтихору қаноатмандӣ ёдовар мешавам, ки занону модарони мо ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бештар мерасанд  ва  ин  неъмати бебаҳои бадастовардаи давлату миллатро мисли гавҳараки чашм ҳифз мекунанд.
Мо вазифадорем, ки модарону бонувонро ҳамчун чароғи хонадон ва нигоҳдорандаи гармии ҳар як хонаву кошона дӯст дорем, ба қадри муҳаббату бедорхобӣ ва заҳмату талошҳои онҳо расем, эҳтиромашонро ба ҷо оварем ва кӯшиш намоем, ки модарону бонувон ва хоҳарону духтарони мо ҳамеша саломат, хушбахт ва саодатманд бошанд.
Бори дигар тамоми занону модарони азиз ва бонувону хоҳарони арҷманди кишварро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо тандурустиву хушбахтӣ, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Рӯзи Модар муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!
Санаи нашр: 07.03.2023 №: 51
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив