ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ. ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР БА ЗАМИНАИ АСОСИИ ОМОДА НАМУДАНИ КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОС ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ!

ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ. ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР БА ЗАМИНАИ АСОСИИ ОМОДА НАМУДАНИ КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОС ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ!

09 апрел 2024, Сешанбе
83
0


Зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар раванди омода намудани кадрҳои баландихтисос фаъолияти густурдае дошта, пас аз истиқлоли давлатӣ ҷиҳати таъмини корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ бо мутахассисон рисолати муҳиме бар дӯш дорад. Фаъолияти пурсамари мутахассисони ин зинаи таҳсилот дар пешрафти ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданию фарҳангии мамлакат нақши муассир дошта, таваҷҷуҳи корхонаю муассисаҳо ба мутахассисон дар ин самт рӯз ба рӯз бештар мегардад.
Айни замон, ки дар  риштаҳои техникӣ, омӯзгорӣ ва тиббӣ   корхонаю муассисаҳои кишвар ба мутахассисон ниёз дошта, ҳамчунин, талабот дар бозори меҳнати кишварҳои  дигар низ ба ин мутахассисон меафзояд,    омода намудани кадрҳои баландихтисоси зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ талаботи замон мебошад.  
Солҳои соҳибистиқлолӣ на танҳо мазмуни таҳсилот тағйир ёфт, балки муассисаҳои таълимӣ ба худ шакл ва мазмуни навро касб намуданд. 
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»  барои таҳияи дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳа имконият фароҳам оварда, раванди рушди ин намуди муассисаҳои таълимиро дар замони истиқлолият фароҳам овард.
Боиси тазаккур аст, ки таҳсилоти миёнаи касбӣ дар кишварҳои пешрафтаи олам  дар ҳамбастагӣ бо истеҳсолот бо номи таҳсилоти дуалӣ (дуальное образование) роҳандозӣ мегардад. Ҳар як дарс ва мавзуи хондаи   донишҷӯ дар  истеҳсолот  аз ҷониби ӯ ба шакли амалӣ   омӯхта мешавад. Ҳарчанд  дар муассисаҳои  тиббӣ,  омӯзгорӣ  ва фарҳангӣ  дарсу машғулиятҳо бо истеҳсолот  дар ҳамбастагӣ сурат гирифта, кафедраҳои методӣ,  таълимӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар ҳамбастагӣ бо  корхонаю муассисаҳои тиббию омӯзгорӣ ва фарҳангӣ ҷараён гиранд ҳам, раванди пешрафти маорифи кишвар барои ҷорӣ намудани таҳсилоти дуалӣ ва пайванди доимии таълим бо истеҳсолотро тақозо менамояд. Таҳсилоти дуалӣ имрӯз дар шакли  пилотӣ  оғоз шуда, барои расидан ба ҳадафҳои аслии  ин намуди таҳсилот ва мутобиқсозии он дар соҳаи маорифи кишвар корҳо идома доранд.  Айни замон дар ин муассисаҳои таълимӣ 83489 донишҷӯ таҳсил дорад, ки беш аз 60 дарсади  онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар ҷомеаи имрӯзи кишвари азизамон  рӯз ба рӯз талабот ба ихтисосҳои  ин зинаи таҳсилот бештар гардида, ба   ихтисосҳои тиббӣ, омӯзгорӣ,  барномасозӣ, техникӣ ва иқтисодӣ таваҷҷуҳи довталабон чандин маротиба бештар шудааст. Тибқи маълумоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2023-юм 248 ҳазору 305 нафар довталаб ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро интихоб намуданд, ки аз таваҷҷуҳ ба ихтисосҳои ин зинаи таҳсилот дарак медиҳад.
Бо ибтикори  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   кушодани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ба талаботи замон ҷавобгӯ   дар маҳалҳои дурдасти кишвар  имконият фароҳам овард, ки давоми се соли охир 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба фаъолият оғоз намуда, шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ ва техникию илмӣ ва таъмин бо кадрҳои баландихтисос дар онҳо фароҳам  омад.  
Алҳол дар ҷумҳурӣ 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷ), фаъолият намуда, дар ин зинаи таҳсилот аз рӯи 10 самт (тиббӣ, педагогӣ, кишоварзӣ, техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, варзишӣ ва фарҳанг) мутахассисон омода гардида, бо гирифтани маълумоти миёнаи касбӣ ба истеҳсолот  фиристода мешаванд. Тибқи маълумотҳои оморӣ, дар зарфи беш аз сӣ соли соҳибистиқлолӣ дар  Тоҷикистон теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ  47-то афзуд, ки аз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат, бавижа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ин соҳа мебошад. Айни замон дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи 209  ихтисос мутахассисон омода мешаванд, ки нисбати замони шуравӣ 113 ихтисос зиёд  буда, ҳар сол  бо назардошти  пешрафти илму техника   ихтисосҳои нави ба талаботи бозори меҳнати кишвар ҷавобгӯ кушода шуда, ба таснифоти ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ илова мегарданд.  
Ҳамзамон, талаботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти техникию муосир ба иҷро расида,  муассисаҳои таълимӣ бо компютер ва дигар воситаҳои аёнии таълимӣ таъмин шуданд, ки  дар раванди дарс ва корҳои амалӣ  пайваста мавриди истифода  ва омӯзиш қарор мегиранд. Махсусан,   муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи тиб  бо дастгоҳу мошиноолоте  таъмин шудаанд, ки  назирашон дар кишварҳои ҳамсоя нест. 
Истиқлолият ва суботу оромии кишвар имконият додааст, ки дар таъсиси лабораторияҳову паркҳои технологӣ,  китобхонаҳои электронӣ, хариди китобҳои илмию бадеӣ ва методӣ, ҳамкорӣ бо муассисаҳою корхонаҳо ҷиҳати ба  корҳои амалӣ ҷалб намудани донишҷӯён, ташкили кабинетҳои фаннӣ, таҷҳизондани онҳо бо маводҳои аёнӣ, таъмин бо компютер ва дигар воситаҳои нави техникӣ  дар ин муассисаҳои таълимӣ шароит фароҳам  оварда шавад.
Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  имсол ба фаъолият оғоз намуд, бо диду назари нав барои пешрафт ва боз ҳам баланд гардидани сатҳи таълиму тарбия дар ин зинаи таҳсилот  чораҳои зарурӣ меандешад. Ҳоло аз ҷониби Кумита тарғибу ташвиқи  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ  оғоз гардида,  таъмин бо омӯзгорону  мутахассисони соҳаи педагогӣ, технологияи муосир, нақшаю барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методию илмӣ  зери назорати ҳаррӯзаи ин ниҳод қарор дорад.   
Бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бунёди биноҳои нави таълимӣ, хобгоҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ ва пурра дигаргун шудани раванди таълиму тарбия   ба сатҳи донишу ҷаҳонбинии ҳам омӯзгорон ва ҳам донишҷӯён таъсир расонда, дар баробари шаҳрвандони кишвар барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ  ҳам  ба ин  муассисаҳо  заминаҳо гузошта шудаанд. 

Фарзона МИРЗОЕВА, корманди Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 

Санаи нашр: 09.04.2024 №: 65
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив