ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОӢ ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ 2024

ВМКБ. ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОӢ ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ 2024

16 апрел 2024, Сешанбе
16
0


Дар доираи омодагиҳо ба  таҷлили сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) то охири соли 2024 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 270 иншоот ба истифода дода мешавад. Ин нукта зимни ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми се моҳи аввали  соли 2024  зикр гардид. 

Муовини раиси ВМКБ Мусо Мирзозода зимни баррасии масъала таъкид намуд, ки дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ  дар ин давра пешравиҳои назаррас ба даст омаданд. Таъкид гардид, ки дар се моҳи соли ҷорӣ диққати асосӣ ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, ки ҳамчун вазифаи афзалиятнок ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад, равона гардид. Дар семоҳаи аввали соли 2024 ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он 2653 муроҷиати шаҳрвандон ворид шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бамаротиб зиёд буда, аз афзоиши боварии мардум нисбат ба мақомоти давлатӣ дарак медиҳад.
Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар вилоят 270 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 фоиз  зиёд мебошад. Даромадҳои буҷети вилоят, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, 105,3 фоиз иҷро ва ба буҷет 57436,4 ҳазор сомонӣ ворид гардид. 
Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2024 дар ВМКБ 8576 соҳибкори фаъолияткунанда ба қайд гирифта шуд. Ҳамасола дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорони хурду миёна ба манбаъҳои молиявӣ меафзояд.
Дар вилоят айни ҳол 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 189,4 млн доллари ИМА амалӣ мешавад, ки маблағи азхудшудаи онҳо беш аз 292,1 млн сомониро ташкил медиҳад.
Муовини раиси вилоят зикр намуд, ки ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2024 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 79,7 млн сомониро ташкил дод. Ҷиҳати таъмини ҳадафи стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои корам, паст намудани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ ва содироти бештари маҳсулоти кишоварзӣ соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 10313 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.
Саноат ва энергетика дар вилоят самти афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар ин давра корхона ва коргоҳҳои саноатии вилоят ба маблағи 39,5 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва хизматрасонӣ кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта   6,4 млн сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин, фаъолияти дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят низ дар ҷаласа баррасӣ гардид. 
Баъд аз баррасии масъала, роҳбарони   сохторҳои вилоятӣ  оид ба фаъолияти идораву муассисаҳояшон маълумот доданд. Роҳбарияти вилоят баҳри бартараф намудани мушкилиҳои мавҷуда дар соҳа ба роҳбарон дастурҳои мушаххас  дод. 
Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот зимни баромад баён дошт, ки нишондодҳои семоҳаи аввали соли равон гувоҳи он ҳастанд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамдастӣ бо мардуми меҳнаткаш ҷиҳати иҷрои нақшаю барномаҳои давлатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  бо дастгирии ҳамаҷонибаи  Ҳукумати мамлакат  ба натиҷаҳои назаррас  ноил мегардад.
Зикр шуд, ки айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 355 иншооти таъиноти гуногун бунёд шуда истодаанд, ки дар байни онҳо иншооти стратегӣ, аз қабили қитъаҳои роҳи Душанбе – Хоруғ – Кулма аз маркази ноҳияи  Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи  Рӯшон ва  мавзеи Барсеми ноҳияи  Шуғнон, пули калон дар шаҳри Хоруғ, НБО “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа  бо харҷи  3,6 млрд сомонӣ  аз бузургтарин иншоот ба ҳисоб мераванд.
Дар чаҳорчӯбаи Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят, то ҳол ба маблағи 2,1 млрд сомонӣ корҳо анҷом ёфта, 54 иншоот мавриди истифода қарор гирифт. Соли равон боз 36 иншооти дигар бунёд меёбад.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот таъкид дошт, комёбиҳое, ки вилоят  дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардид,  моро неруи тоза  бахшида, ба роҳандозии корҳои дигари созанда раҳнамун менамояд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки мо барои ҳаллу фасли мушкилиҳои ҷойдошта, бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда, амалӣ намудани нақшаю барномаҳо ва боз ҳам пешрафта кардани шаҳру марказҳои ноҳия ва деҳоти худ имконият дорем.

Раҳмони  ГУЛЗОР, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 16.04.2024 №: 70
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив