БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД
«ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. ЧАРО ОИЛА ЗИЁДУ ҲОСИЛ КАМ АСТ?»
Дар сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон мақолаи рӯзноманигор Кароматулло Ато: «Занбӯриасалпарварӣ. Чаро оила зиёду ҳосил кам аст?», ки 30-юми майи соли 2023 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Бояд зикр намуд, ки дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят 65326 оила занбӯри асал парвариш ва нигоҳубин гардида, истеҳсоли асал ба 1219,6 тонна расонда шуд, ки ба ҳар оилаи он 18,6 кг асал рост меояд ва нисбат ба соли 2022 истеҳсоли он 6,6 тонна ва шумораи оилаи занбӯр 441 адад зиёд шудааст.
Бо мақсади рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва афзун намудани истеҳсоли асал дар ҷумҳурӣ ҳамасола озмуни Иди асал гузаронда мешавад ва дар он занбӯриасалпарварони вилоят асал, мум ва дигар маҳсулоти аз асал омодашударо пешкаши мардум ва ҳакамон менамоянд.
Солҳои охир дар ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувон корхонаи коркарди асал бунёд ёфта, маҳсулоти истеҳсолгардида барои таъмини бозори дохилӣ ва содирот ба хориҷи кишвар равона шудааст. Айни ҳол дар вилояти Хатлон шаш мағозаи фурӯши асал ва асбобу анҷоми занбӯриасалпарварӣ ташкил шуда, ба мизоҷон хизмат мерасонад. Коркарди муми занбӯри асал дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб аз тарафи соҳибкорони ватанӣ ба роҳ монда шудааст.
Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон дар оянда низ баҳри ҳалли саривақтии мушкилоти ҷойдошта, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли асал дар якҷоягӣ бо мутахассисон тамоми чораҳои дахлдорро роҳандозӣ менамояд.
Д. С. РИЗОЗОДА,
сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон