ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАРДОХТИ ҒАЙРИНАҚДӢ.  БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ  БУРДУ БОХТИ ТЕРМИНАЛҲО

ПАРДОХТИ ҒАЙРИНАҚДӢ.  БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ  БУРДУ БОХТИ ТЕРМИНАЛҲО

18 апрел 2024, Панҷшанбе
30
0


  
Роҳандозии низоми ғайринақдӣ, ки, хусусан чанд вақти охир татбиқ мегардад, паҳлуҳои зиёди мусбат дорад. Ба таъкиди масъулони соҳа, маҳз чунин низом метавонад самаранокии фаъолияти сохторҳои иқтисодсозро тақвият бахшида, дар ҳалли як қатор мушкилоти иҷтимоӣ низ мусоидат намояд. Пас аз ин бармеояд, ки сохторҳои  дар татбиқи низоми мазкур масъул, уҳдадориҳои худро беш аз ҳар вақти дигар бояд сари вақту босифат иҷро карда бошанд, то мардум, ки аз татбиқгарони асосии иқдоми мавриди назаранд, дар ин самт дучори мушкил нашаванд ва ҳам ташвишу нороҳатӣ эҳсос накунанд.
Таври маълум, аз рӯзҳои нахустини ба низоми ғайринақдӣ гузаштани нақлиёти ҷамъиятӣ, яъне автобусу троллейбусҳо, ҶСП “Душанбе сити бонк” дар таъмини сокинон бо кортҳои пардохтӣ машғул буда, фаъолияти назаррас дорад. Мусофирон аз нуқтаҳои хизматрасонии  ин ширкат, ки қариб дар назди ҳама истгоҳҳои пойтахт фаъоланд, истифода карда, ниёзҳои худро бароварда месозанд. Дар баробари ин, тавре як таҳлили ихтисосӣ нишон дод, имрӯзҳо дар аксар нуқтаҳои хизматрасонӣ терминалҳои ҶСП “Душанбе сити” ба таври  бояду шояд фаъол набуда, барои сокинони пойтахт гоҳе мушкил эҷод мекунанд. Махсусан, барои донишҷӯён ва дар маҷмуъ, нафарони зиёде, ки ҳар пагоҳӣ ба дарс ё ҷойи корашон шитоб доранд.
Иллати қисме аз ин терминалҳо дар он аст, ки ҷои қабули корт  корношоям гардидааст ва, ба корт гузарондани маблағ ғайриимкон мегардад. Дар чунин як ҳолати ногувор мусофир ҳаққи истифода аз нақлиёти ҷамъиятиро аз даст дода, ноилоҷ барои ҳалли мушкилаш то истгоҳи дигар пиёда саргардон мешавад. Айни чунин ҳолат дар аксар терминалҳои мутааллиқ ба ҶСП “Душанбе сити бонк” ба назар мерасад. Аз ҷумла, назди истгоҳҳои “Автовокзал”  (Asian Express Terminal) терминали №00677 фаъол набуд. Терминал, аниқтараш ҷое, ки корти автобусу троллейбус гузаронда мешавад, пурра шикаставу корношоям гардидааст. Ҳамчунин, дар назди бонки «Эсхата» якбора ду терминал – № 01078 ва  № 01215, дар маҳаллаи 82 – назди маркази савдои “Саодат” ва назди Сирки давлатӣ низ ҳолати ба ҳамин монанд мушоҳида мегардад. Дар суҳбати сарироҳие, ки доштем, чанде аз сокинон изҳори норозигӣ карданд, ки дар автобусҳо нозирон  онҳоро бе корт роҳ намедиҳанд, дар ҳоле ки онҳо бо айби корношоямии терминалҳо ба корташон сари вақт маблағ гузаронда наметавонанд, на аз рӯи майлу хоҳиши шахсиашон. Воқеан, агар аз рӯи адолат ба мушкили мавриди назар баҳо диҳем, дар ин масъала масъулони терминалҳо гунаҳкоранд на муштариён. 
Меҳрона Бобоева сокини маҳаллаи 82-и пойтахт мегӯяд,  бо сабаби он ки терминалҳои назди истгоҳ корношоям гардидаанд, барои пур кардани корти худ ба назди собиқ бинои Универмаги марказӣ  меравам, ки ин, албатта, боиси саргардонист.  
Амон Қурбонов, сокини ноҳияи Данғара, аз як мушкили дигар вобаста ба фаъолияти ҶСП “Душанбе сити бонк” чунин гуфт: “Ду моҳ пеш ба рӯйхати муштариёни “Мавҷи Сомон” шомил шуда, хостам барои тамошои барномаҳои телевизионӣ аз хизматрасонии ин ширкати маъруф истифода барам. Бо гузашти як моҳ чун маблағи истифодаи хизматрасонӣ тамом шуд, ба ширкат тамос гирифта, роҳи ҳалро пурсидам. Шахси масъул тавсия дод, ки маблағи заруриро тавассути корти “Душанбе сити” ба суроғаи ширкат интиқол диҳам. Мутаассифона, кӯшишҳои дурӯзаам бо ҷурми фаъол набудани терминали мутааллиқ ба ширкати мазкур натиҷа надоданд. Чун дигар илоҷ надоштам, рӯзи ба Душанбе омаданамро интизор шуда, мушкилро ниҳоят дар марказ ҳал кардам...”.
Дар ҳақиқат, давоми рӯз, вақте ки мо ҳам ба маркази шаҳр расидем, дар нуқтаҳои сераҳолӣ фаъолияти терминалҳои “Душанбе сити” беҳтар ба назар расид. Аз ҷумла, дар маркази савдои “Сиёма молл” ва назди ҶДММ “Бозори Корвон” нафареро пайдо накардем, ки ба чунин як мушкил рӯ ба рӯ шуда бошад.
Танҳо як нафар, ки нахост номаш расонаӣ бошад, дар робита ба фаъол набудани терминалҳо гуфт, ки сабаби асосии корношоям шудани терминалҳо, то андозае рабт дорад ба хизматрасонии бахши коммуналии шаҳр. Маҳз онҳо ҳангоми бо нақлиёт шустани роҳу истгоҳҳо ба терминалҳо осеб мерасонанд. Яъне, оби барои тоза кардани роҳу истгоҳҳо ба терминал, ки таҷҳизоти электронӣ мебошад, зарар расонда, онро корношоям мекунад. 
Хуллас, аз ҳамин як таҳлили кӯчак бармеояд, ки ширкати «Душанбе сити» ҳамчун масъули татбиқи низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ҳанӯз ҳам мушкил дорад. Вале барои ҳарчи зудтар бартараф намудани ин ва дигар камбудиҳои ҷузъӣ ҳамдастии на танҳо сохторҳои дигари масъул, балки худи сокинон низ ногузир аст. Сар карда аз истифодаи дурусти муштариён аз терминалҳо то муносибати мақомоти танзимкунандаи тартиботу тозагӣ метавонад дар роҳи расидан ба ҳадафи асосӣ, ки Ҳукумати мамлакат ҳамагӣ ду сол муҳлат додааст, мусоидат карда бошанд. 
Боварии комил дорем, ки ҳам сохторҳои масъул ва ҳам мутасаддиёну муштариён ба ин масъала бо дарки масъулият муносибат карда, то соли 2026 барои татбиқи пурра ва фаъолияти орӣ аз мушкили низоми нави ояндасоз ва бо ин роҳ баланд гаштани нишондиҳандаҳои сатҳи рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ бештар аз пештар масъулият эҳсос хоҳанд кард. 

Руҳафзо МУРОДОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 18.04.2024 №: 72
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив