МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ДЭВИД КЭМЕРОН
22-юми апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷӣ, оид ба корҳои Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро, ки дар доираи силсиласафар ба Осиёи Марказӣ нахуст ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
Ҳангоми мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир мавриди баррасӣ қарор гирифт.
– Мо Британияи Кабирро ба ҳайси шарики муҳим дар Аврупои Ғарбӣ мешиносем. Кишвари мо ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо Шоҳигарӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд, – изҳор доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дэвид Кэмерон, дар навбати худ, аз густариши назарраси робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Британияи Кабир ва дурнамои хуби он изҳори қаноатмандӣ кард. Ҷонибҳо зимни мулоқот муносибатҳои ду кишварро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ матраҳ намуданд.
Тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ низ аз мавзуъҳои муҳими гуфтушунид буд. Ҷалби сармояи Шоҳигарӣ ба бахшҳои саноати кӯҳӣ, металлургӣ, сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва соҳаи кишоварзии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба рушди ҳамкорӣ дар самти тавлиди “энергияи сабз”, гузариш ба “иқтисоди сабз” ва татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба пешбурди “иқтисоди рақамӣ” изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Роҳандозии ҳамкории кишварҳо дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим, муҳоҷирати корӣ, гуногунсозии хатсайрҳои ҳавопаймоӣ байни давлатҳо аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд.
Дар вохӯрӣ ҳамкории Тоҷикистону Шоҳигарӣ дар самти ҳифзи амну субот дар минтақа низ баррасӣ гардид.
Санаи нашр: 22.04.2024 №: 74
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)