ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАЛАХ.  БЕМАСЪУЛИЯТИИ МАСЪУЛОН БОВАРИИ ДЕҲҚОНОНРО БА СОХТОРҲОИ ДАВЛАТӢ АЗ БАЙН МЕБАРАД!

МАЛАХ.  БЕМАСЪУЛИЯТИИ МАСЪУЛОН БОВАРИИ ДЕҲҚОНОНРО БА СОХТОРҲОИ ДАВЛАТӢ АЗ БАЙН МЕБАРАД!

24 апрел 2024, Чоршанбе
41
0
 
ПРОБЛЕМА ВА МУЛОҲИЗА
Бино ба мушоҳидаҳо, чанд соли охир бо сабаби гарм омадани зимистон ва аввали баҳор ҳолати паҳншавии малах барвақттар ба қайд гирифта мешавад. Имсол низ аз тухм баромадани ин ҳашароти зараррасон назар ба соли гузашта 14 рӯз пештар, яъне 22-юми феврал ба чашм расид.

 

Мувофиқи маълумоти Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» то 16-уми апрели соли равон дар майдони зиёда аз 28 ҳазор гектар малах паҳн шудааст. Бо истифода аз мошину трактору дастгоҳҳои махсуси дорупошӣ ва бо иштироки беш аз 1000 нафар қувваи корӣ дар майдони 20 843 гектар муқобили ин ҳашарот коркарди кимиёвӣ анҷом ёфт. Айни замон дар 31 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ коркарди кимиёвӣ бар зидди малах муташаккилона идома дошта, мавзеъҳои паҳнгаштаи он таҳти назорат аст. Имсол Ҳукумати мамлакат барои мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зиёновар 4 миллион сомонӣ ҷудо кард, ки барои хариди либоси махсуси корӣ, дорупошакҳои дастию муҳаррикдор ва дигар таҷҳизоти зарурӣ сарф мегардад. Дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ситодҳои мубориза бар зидди малах таъсис ёфтанд.
Вазъият дар  вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Панҷ, Фархор, Вахш, Данғара, Кӯшониён ташвишовар аст. Дар маҷмуъ, дар вилояти Хатлон беш аз 20 ҳазор гектар майдони паҳнгаштаи малах муайян карда шуд. Хоҷагидорон дар майдони 16500 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронданд. Минтақаҳои кӯҳии навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва қисме аз ноҳияҳои вилояти Суғд низ   зери таъсири малах мондаанд. Ин вазъ кормандони соҳаро ба ташвиш меорад. Ба гуфтаи таҳлилгарони соҳа, мушкилии мубориза бар зидди малах ба сахтҷониву афзоиши хоси он алоқаманд аст. 
Бояд гуфт, ки дар баъзе ноҳияҳо кишоварзон  тарзи дурусти истифодаи заҳрхимикатҳоро намедонанд ва ин ҳам боиси хароҷоти барзиёд мегардад. Ҳолатҳое ҳастанд, ки бештар дар кӯҳистон барои заҳрдоруи малах аз оби ҳавзҳо истифода мебаранд, ки таъсирнокии онро кам менамояд. Заҳрхимикатҳоро бо оби тоза тайёр карда, барои безараргардонии 1 гектар замин аз малах 300 грамм заҳрдору истифода бурдан ба манфиат аст. 
 
Бино ба маълумоти Нусратулло Нозанинзода, сардори Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах», асосан, дар ҷумҳурӣ ду намуди малахи зараррасон – малахи марокашӣ (Dociostaurus maroccanus) ва пруси итолиёвӣ (Calliptamus Italicus) дида мешавад. Ҳоло малахи марокашӣ аз ҳама паҳнгашта аст, ки тамоми навъи зироатро нобуд месозад. Макони зисти малахи марокашӣ талу теппаҳои наздикӯҳӣ ва чарогоҳҳои дур аз деҳотҷойҳо мебошад. Ҳамчунин, малах дар мавзеъҳои баландтару душворгузар, ҷойҳое, ки бо техника ва усули дастӣ имкони коркарди кимиёвӣ кардан нест, тухм мегузорад. Барои нест кардани малах дар ҷангалзору баландиҳо, ки дастнорасанд, таҷҳизоти дорупошии ҳозиразамон, яъне дронҳои баландсифати кишоварзӣ, зарур аст. Вале дар ҷумҳурӣ чунин таҷҳизотро надорем. 
Таҳлилгарон афзоиши малахро ба чанд омили дигар низ нисбат медиҳанд. Аз ҷумла, сабаби пурра нобуд нашудани малах, пеш аз ҳама,  мавҷудияти он дар ноҳияҳои наздисарҳадии кишварҳои ҳамсоя аст. Масалан, заминҳои наздисарҳадии Афғонистон манбаи асосии пайдоиши малах буда, аз он ҷо ин ҳашарот ба ноҳияҳои наздисарҳадии кишвари мо ворид мегардад. 
Нусратулло Нозанинзода изҳор дошт, ки то ҳанӯз маълумот оид ба парвози малахи марокашӣ ба ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале аз тарафи мутахассисон тамоми тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ андешида мешаванд.
Ба иттилои мутахассисони соҳа, ҳоло дар ҷумҳурӣ марҳалаи дуюми лоиҳаи «Тарзи беҳсозии мубориза бар зидди малах» идома дошта, то соли 2025 амал мекунад. Тибқи лоиҳа, бо иштироки мутахассисони ҳамсоякишварҳо– Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон гузарондани мушоҳидаҳои байнисарҳадӣ пешбинӣ гардидааст. 
Тибқи нақшаи корӣ, барои муайян намудани ҷойҳои тухмгузорӣ ва зичии малах мутахассисон дар майдони беш аз 80 ҳазор гектар мушоҳидаи баҳорӣ гузаронданд. 
Нусратулло Нозанинзода мегӯяд, ки чорабинии мубориза бар зидди малах маъракаи муҳим ба ҳисоб рафта, агар дастаҷамъона – бо ёрию дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, идораҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои ҷангалу деҳқонӣ ва ҳама истифодабарандагони чарогоҳҳо ба анҷом расонда шавад, метавон пеши роҳи паҳншавии малахро гирифт. 
 
Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.04.2024 №: 75
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив