ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА “ҶУМҲУРИЯТ” ҶАВОБ ОМАД

БА “ҶУМҲУРИЯТ” ҶАВОБ ОМАД

29 апрел 2024, Душанбе
9
0
 
«ЧАРО ДЕҲҚОНОН ИМСОЛ ПАХТАРО КАМ КИШТ КАРДАНИАНД?»
 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои ҳамкориҳои судманди рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҷиҳати нашри дастовардҳои соҳаи комплекси агросаноатӣ сипос баён менамояд.
Ҳамзамон, ба маълумоти Шумо мерасонем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мақолаи хабарнигор Ғайбулло Ҳалимовро таҳти унвони «Чаро деҳқонон имсол пахтаро кам кишт карданианд?», ки 24-уми апрели соли 2023 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. 
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои олии мамлакат аз тарафи масъулони соҳа дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорон, ҷиҳати истифодаи мақсадноки замин ва рӯёндани ҳосили фаровон ҳамасола тадбирҳои судманд роҳандозӣ шуда, рушди соҳа таъмин мегардад. Бо ин мақсад, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша-чорабиниҳо ҷиҳати ворид намудани тухмии хушсифати чигит бо ҷалби лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои киштшаванда ҳамасола маблағҳои муайян равона мегарданд, ки  ба пешрафти соҳа такони нав мебахшад. 
Дар баробари пешравиҳо, дар соҳа камбудиҳо низ ҷой доранд, ки ин ҳолат, пеш аз ҳама, ба омилҳои тағйирёбии иқлим, болоравии нархи  нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, инчунин, қисмҳои эҳтиётӣ вобастагӣ дорад. Барои давра ба давра бартараф намудани камбудиҳои мазкур ва беҳтар намудани вазъи иқтисодии хоҷагиҳои пахтакор аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, шарикони рушд ва соҳибкорони маҳаллӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, соли сипаришуда ба вилоят 34,8 тонна (барои 1400 гектар) чигити тухмии лучкардашудаи навъи элита аз хориҷи кишвар ворид ва ба хоҷагиҳои пахтакор бо 754 тонна нурии минералӣ тақсим карда шуд. Илова бар ин, дар доираи татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани рушди устувори кишоварзӣ» хоҷагиҳои пахтакор бо техникаҳои кишоварзӣ таъмин шуданд ва ин тадбир идома дорад. 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат чораҳои зарурӣ андешида, имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят кишти пунбадона вобаста ба шароити иқлими маҳал ва ҷойгиршавии минтақа ҷараён дорад.
 
Зариф МИРДАДО,
муовини раиси вилояти Суғд
Санаи нашр: 29.04.2024 №: 79
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив