ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД. ИМКОНИЯТҲОИ ИСТИФОДАНАШУДА ЗИЁДАНД

СУҒД. ИМКОНИЯТҲОИ ИСТИФОДАНАШУДА ЗИЁДАНД

29 апрел 2024, Душанбе
10
0
Дар маҷлиси фаъолони вилояти Суғд, ки дар шаҳри Хуҷанд доир шуд, муовини раиси вилоят Даврон Зоҳидзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар се моҳи соли 2024 гузориш дод.
 
Мавсуф иброз дошт, ки сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, дар семоҳаи якуми соли 2024 нақшаи даромади буҷети давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) 101  фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1 миллиарду 148 миллион сомонӣ  ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 11 млн сомонӣ зиёд мебошад.      
Иҷрои нақшаи воридоти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 109 фоиз таъмин шуд.  Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 6 миллиарду 84 миллион сомонӣ расида,  суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои амалкунанда 106 фоиз таъмин гашт.   
Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят бунёди зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нави кор ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, тибқи нақша, соли 2024 ба истифода додани 140 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2 ҳазору 800 ҷойи нави кор пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми се моҳ 39 корхонаву коргоҳи нав бо 246 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шуруъ намуданд. Корхонаҳои навтаъсис ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва хӯрокворӣ машғул буда, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда  мусоидат карданд.   
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ва соҳибкорону ҷомеаҳои меҳнатӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои ҳатмӣ, аз қабили корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии либоси миллию мактабӣ, пойафзолдӯзӣ, қолинбофӣ, истеҳсоли доруворӣ ва гӯшти паранда тадбирҳои судманд андешида, дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилоят се коргоҳи дӯзандагӣ бо 27 ҷойи кор ва як корхонаи истеҳсоли пойафзол бо 46 ҷойи кор таъсис дода шуд. 
Яке аз ченакҳои муҳими рушди иқтисодӣ дар низоми бозорӣ, ин албатта, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ мебошад.  Дар моҳҳои январ-март муносибатҳои савдо бо субъектҳои кишварҳои хориҷӣ ба 724 миллион доллари ИМА расонда шуд. 
Соҳаи кишоварзӣ ҳамоно дар рушди иқтисодии вилоят нақши калидӣ дорад, кормандони соҳа ба ҳолати 1-уми апрели  соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи  1 миллиарду 365 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол  карданд, ки нисбат ба ҳамин  давраи соли гузашта зиёд мебошад. 
 Дар се моҳи соли ҷорӣ  ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ  8 ҳазору 838 тонна афзоиш ёфта,  24 ҳазору 751 тоннаро ташкил дод ва  содирот аз ин ҳисоб ба 11 миллион доллар расид. 
Раисони шаҳру навоҳии Гулистон, Конибодом, Зафаробод, Мастчоҳ,  Деваштич, Ҷаббор Расулов дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ   назди ҳозирин сухан карда,  оид ба ислоҳи камбудиҳо ва  равнақ додани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли  давлатӣ  аз раиси вилоят  супоришҳои мушаххас гирифтанд.  
Ҳамчунин, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар ҷараёни маҷлиси фаъолон ба масъулони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони шаҳру навоҳии вилоят  ҷиҳати сари вақт ва  бо сифат гузарондану анҷом додани кишти баҳорӣ, фаъолияти босамари  пойгоҳҳои обкашӣ, бунёди коргоҳҳои хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави кор, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирӣ аз таълими ғайриқонунии динӣ дар маҳалҳо,  пайвастшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳаракатҳои тундрав, баланд бардоштани сифати талим дар мактабҳо, бо мутахассисони ватанӣ таъмин кардани соҳаи тандурустӣ ва масоили дигари мубрами рӯз  супоришҳои мушаххас дод.
 
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 29.04.2024 №: 79
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив