КӮЛОБ. ВАҚТЕ ДАСТУ ДИЛИ МАРДУМ ГАРМ АСТ...
Соли 2022 барои аҳли заҳмати шаҳри бостонии Кӯлоб соли барору комёбӣ, соли рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва бунёдкориҳои азим маҳсуб меёбад. Фаротар аз ин, он соли таърихӣ низ, буд, зеро дар ҷамъбасти озмуни вилоятии шаҳрҳои беҳтарин Кӯлоб “Шаҳри беҳтарин” эътироф гардида, соҳиби ҷойи аввал шуд.
– Албатта, дар озмуни вилоятии хона, оила, кадбону, деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак, ноҳия ва шаҳри беҳтарини вилояти Хатлон ширкат варзидан ва мақоми аввалро касб кардан барои мо мояи ифтихору сарфарозист. Барои баҳои баланд мо аз роҳбарияти Ҳукумати мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ҳакамони сахтгиру серталаб сипосгузор ҳастем. Ҳамзамон, ба ҳар як сокини масъулиятшиноси Кӯлоб, ки дар ҷодаи ватандӯстию ободкорӣ ҳамеша дар канори мутасаддиёни ниҳодҳои давлатии шаҳри Кӯлоб ва соҳибкорони маҳаллӣ буданд, миннатдории амиқ баён мекунам.
Дарвоқеъ, ин ҳама эҳсоси ҳаловат аз меҳнат барои аҳли заҳмати шаҳри Кӯлоб аз сафари кории хеле хотирмони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб ва дар ҷараёни он ба истифода супурдани якчанд иншоот, аз ҷумла биноҳои Коллеҷи технологияи инноватсионию иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, филиали Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ”, МТМУ-и № 47, коргоҳи истеҳсоли гӯшти мурғ, бинои кумитаи идораи замини шаҳр ва бинои баландошёна, ки ҳангоми ифтитоҳи он ба сад ятими кул аз ҷониби Пешвои миллат зиёфат ва туҳфаҳои арзишманд дода шуданд, маншаъ мегирад. Моро мебояд, ки минбаъд низ, дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самари корамонро бештар намуда, дар соли 2023 ба натиҷаҳои боз ҳам беҳтар ноил гардем, – иброз дошт Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳри Кӯлоб, зимни суҳбат бо хабарнигорони “Ҷумҳурият”.
КОМЁБИҲОИ ИҚТИСОДӢ
Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ низ, қобили васфанд. Чунончи, дар соли 2022 нақшаи қисми даромади андозҳои давлатии шаҳри Кӯлоб 116 дарсад иҷро ва ба буҷет 127,3 миллион сомонӣ ворид шуд. Нақшаи андозҳо бо ба назар гирифтани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 113,2 фоиз таъмин гардида, ба хазина 158 миллиону 960 ҳазор сомонӣ интиқол ёфт.
– Барзиёд иҷро шудани нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ, – мегӯяд Бахтиёр Назарзода, – имкон дод, ки уҳдадориҳои худро дар назди буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 9 миллиону 994 ҳазор сомонӣ сари вақт иҷро кунем.
Дар маҷмуъ, қисми даромади буҷет 110 фоиз ва қисми хароҷот 99,5 дарсад таъмин гардид.
СОХТМОН, ТАЪМИР ВА ТАҶДИДИ РОҲҲО
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр 60 километр роҳҳои маҳаллиро таъмири ҷорӣ, 1 километрро мумфарш ва 1,7 километрро сангфарш кард. Ҳамзамон, аз ҷониби лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалаи Хумб 3,6 километр қитъаи Кӯлоб - Ш. Шоҳин мумфарш шуд.
Барои таъмини ҳаракати бехатари нақлиёт ва пешгирии танбашавӣ дар хиёбони марказии шаҳр роҳи кӯчаи Чармгарони Поён ба дарозии 850 метр бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ таъмир ва мумфарш гардид. Дар баробари ин, барои танзими ҳаракати нақлиёт ва ҳаракати бехатари пиёдагардону нақлиёт дар кӯчаҳои шаҳр 7 чароғаки рақамӣ насб гашт. Аз ҷониби соҳибкорон ба тариқи ҳашар 2,1 километр роҳ мумфарш ва 12 километр сангфарш шуд.
Бояд гуфт, ки барои азнавсозии даромадгоҳи шаҳр, ҷойи қабулу гусели меҳмонон ва бунёди муҷассамаи “Дуои модар” тибқи қарори раиси шаҳр 9 гектар замин ҷудо гардид. Корҳои сохтмонӣ моҳи майи соли 2022 оғоз ва моҳи октябр ба анҷом расиданд. Зимни пешбурди умури сохтмонӣ унсурҳои санъати миллӣ ба инобат гирифта шуда, дар баррелеф марҳилаҳои гуногуни таърихии муборизаи модарон бар муқобили истилогарон, қаҳрамонию ҷоннисории занон дар барқарорсозии давлати навин, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватанпарастӣ ҳак шудаанд, ки дар тарбияи насли наврас мусоидат менамоянд.
МЕЪМОРИҲОИ ЧАШМРАС
Дар маҷмуъ, соли рафта 68 бинову иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аз ҷумла як МТМУ бо забони русӣ барои 1 ҳазору 224 хонанда, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ.
Ҳоло сохтмони 130 иншоот дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бомаром идома дорад, ки аз ҷиҳати таъинот онҳо сохтмонҳои истеҳсолӣ, биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, варзишӣ, кишоварзӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, хизматрасонӣ, хатти об, марказҳои савдо ва ҳоказо мебошанд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бунёд, таъмир ва азнавсозии 462 иншооти таъиноти гуногун пешбинӣ гардидааст.
ДАР ПАЙРАВӢ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дасти ёрӣ дароз кардан ба ниёзмандон, сари ятимеро сила кардан аз суннатҳои азалии мардуми тоҷик мебошанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин амалҳои наҷиб моил буда, дар ин росто ҳамеша барои роҳбарону сарватмандон намунаи ибрат ҳастанд.
Шаҳрдории Кӯлоб ҳам дар пайравӣ ба Пешвои ғамхори миллат чанде пеш тасмим гирифт, ки барои шаш оилаи эҳтиёҷманд ҳамчун туҳфа аз номи давлату Ҳукумат хона бисозад. Ба гуфтаи Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳри Кӯлоб, ба корҳои сохтмонӣ беҳтарин мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардидаанд, қарор аст, ин манзилҳо то охири соли 2023 сохта ба истифода дода шаванд.
Парвина Холова, сокини маҳаллаи Чаманзор, шукргузор аст, ки писари маъюбаш соҳиби аробача шуд. Модари яккаву танҳо Шаҳноза Боякова то замони ба итмом расидани сохтмони хонааш ройгон бо манзили иҷора таъмин гаштааст.
МАРДУМ РОЗӢ
Аз суҳбат бо сокинони шаҳри Кӯлоб ва ҳам дар натиҷаи мурури саҳифаи шаҳрдорӣ дар Фейсбук барои мо маълум шуд, ки мардум аз кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб розӣ буда, тайёранд, ки дар дилхоҳ ташаббусҳои созандагии роҳбарон ҳамовоз бишаванд.
– Агар танҳо солҳои ба давлатдории навин гузаштани мардуми тоҷикро ба назар бигирем, шаҳри Кӯлоб чун дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон, ба мисли Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар ба марҳилаи ҷадиди ободкориҳову сохтусозҳо қадам ниҳод, – нигоштааст истифодабарандаи шабакаи иҷтимоӣ аз шаҳри Кӯлоб Худойдоди Ислом. – Ҳоло дар шаҳр шумораи муассисаҳои табобатию тандурустӣ, маишӣ, таълимӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, варзишӣ ва ғайра бамаротиб зиёд шудаанд.
Дилшод Алсамадов, як узви дигари шабакаи иҷтимоии мазкур таассуроташро ин зайл ба қалам додааст: “Кӯлоб шаҳри дӯстдоштанист. Панҷ сол (2007-2012) он ҷо таҳсил кардам. Аз обу нону намакаш серӣ чашидам. Кӯлобро ҳамчун як пораи Ватан хеле дӯст медорам!”.
Шамсия Наврӯзова: “Роҳбарони шаҳри Кӯлоб воқеан ҳам, пайрави асили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Ҳамчун сокини шаҳри Кӯлоб бо боварӣ гуфта метавонам, ки шаҳри Кӯлоб бо чунин тарзи роҳбарӣ, соли 2023-ро бо натиҷаҳои боз ҳам назаррас ҷамъбаст хоҳад кард”.
Нурулло Ҳасанов, рӯзноманигор: “40-50 сол пештар идораҳои почта, рӯзнома, аксари муассисаҳои фарҳангӣ дар биноҳои тангу торик, заҳдор, фарсуда ҷойгир буданд. Хонаи баландтарини шаҳр бинои дуошёнаи кумитаи ҳизби коммунистӣ маҳсуб меёфт. Ду кӯчаи асосӣ буду халос. Имрӯз ин мавзеи басо куҳану таърихӣ дорои биноҳои 4, 9 ва 14-ошёна мебошад. Зебоию муҳташамии биноҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, се меҳмонхонаи замонавӣ, маҷмааи 2700-солагии Кӯлоб диққати касро беихтиёр ҷониби худ мекашанд. Атраксионҳои нав ба нав, манораи Эйфели афсонавии шабеҳи Париж низ, басо зебоянд. Ҳамаи ин бо заҳмату матонати ҳамин мардуми меҳнатқарин сохта шудааст. Ба мисли Суғду Ишкошим дар Кӯлоб низ, Минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд ёфта истодааст. 90 фоизи идораю ташкилотҳо соҳиби биноҳои замонавӣ, барҳаво шуданд. Аз гузашта танҳо се мактаби дуошёна мерос монда буд. Ҳоло аз нисф зиёди 75 таълимгоҳи шаҳр баландошёнаанд”.
Ба фармудаи шоир Саид Ғоиб:
Кунун Кӯлоб гардид шаҳри дилҳо,
Ба азми дастаҷамъӣ сокинонаш.
Қадамҷое, намонд аз дидаҳо дур
Баланд аз осмон аст остонаш.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”