ТАЛКО. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ РАҚОБАТПАЗИР
ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” барои иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва семоҳаи якуми соли 2024 бобати барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолӣ, нав кардани фондҳои асосӣ, азнавтаҷҳизонӣ, тармиму навсозии таҷҳизотҳои амалкунанда (яъне электролизёрҳо ва ғайра), беҳ гардондани раванди технологӣ фаъолиятро идома дода оид ба пурра барқарор кардани сифати алюминийи аввалия ва зиёд намудани маҳсулнокии электролизёрҳои амалкунанда тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Дар анҷоми соли 2023 ва аввали апрели соли 2024 вазъи истеҳсолоти электролиз босубот арзёбӣ мешавад.
Дар давоми 12 моҳи соли 2023-юм, 77 адад электролизёр ба маблағи зиёда аз 105,0 миллион сомонӣ ба кор андохта шуда, барои роҳандозии 25 адад электролизёр мавод харида шудааст.
Маҳсулнокии миёнаи электролизёри алоҳида аз 975 кг то ба 1034 кг афзуда, ҳамчунин, сифати алюминийи истеҳсолшаванда беҳтар шудааст. Агар дар соли 2022, алюминийи навъи АВ97 (97%Al) истеҳсол шуда бошад, пас, дар семоҳаи чоруми соли 2023 ба андозаи 100 фоиз алюминийи баландсифати навъҳои А7, А5 ва А0 истеҳсол шудааст, - иброз дошт Игор Сатторов, директори департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи гурӯҳи ширкатҳои ТАЛКО.
Дар нақша аст, ки соли 2024 зиёда аз 96 электролизёр ба маблағи 146,2 миллион сомонӣ таҷдид ва мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Истеҳсоли алюминийи аввалия дар соли 2023-юм 66 649 тоннаро ташкил дода, нисбат ба соли 2022-юм, 4 606 тонна ё 107,4 дарсад зиёд мебошад.
ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” дар соли 2023-юм уҳдадориҳои ҷории андозии худро пурра ба иҷро расондааст. Феълан Ширкат аз андоз қарздор нест.
Гардиши савдои хориҷии он бошад, дар соли 2023-юм 244,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, аз ҷумла: воридот – 113,7 миллион доллар, содирот –130,6 миллион доллар.
Теъдоди умумии электролизёрҳои амалкунанда дар охири марти соли 2024-ум 211 ададро ташкил дод ва дар 3 моҳи аввали соли 2024 дар Ширкат 19 адад электролизёр ба кор андохта шуд. Соли 2024 тармим ва ба кор андохтани 96 электролизёр ба нақша гирифта шудааст.
Истеҳсоли алюминийи аввалия дар семоҳаи якуми соли 2024-ум 19 731,75 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба семоҳаи якуми соли 2023-юм 4235,8 тонна ё 127,3 фоиз зиёд мебошад.
ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик» ба нақша гирифтааст, ки то анҷоми соли 2024 ҳаҷми истеҳсолро ба зиёда аз 25 фоиз афзояд. Тибқи нақшаи стратегии ТАЛКО барои соли 2024, бо назардошти корандозии электролизёрҳои нав, истеҳсоли алюминийи аввалияро то охири сол беш аз 84000 тонна, яъне, камаш 25 фоиз нисбат ба соли 2023 биафзояд.
Ширкат роҷеъ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаи ба содирот нигарондашуда, ки дар бозорҳои дохилию минтақавӣ ва ҷаҳонӣ рақобатнок бошад, самаранок фаъолият бурда, ҳаҷми истеҳсоли онро тадриҷан зиёд мекунад.
Дар он сехи маводи оташбардор ва сохтмонӣ фаъолият менамояд ва маҳсулоташ ҳалқаи муҳими баргузории тармими мукаммали таҷҳизоти Ҷамъият маҳсуб ёфта, қаблан аз хориҷи кишвар дастрас карда мешуд. Сехи мазкур хиштҳои оташбардори навъҳои ШБ, МКРА, мертели МШ-28, ВГ-50 ва ғ. истеҳсол менамояд, ки нисбат ба нархи хариди маҳсулоти зикргардида хеле арзон мебошад.
Ширкат ҳамкории васеъро бо корхонаҳои саноатии ватанӣ идома медиҳад. ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик”дар семоҳаи якуми соли 2024 бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶММ «Нокили ТАЛКО», ҶСП «НокилиТурсунзода», ҶММ «КМ ТТ ТАЧПРОФ», ҶММ «Алюпроф» ва истеъмолгарони дигари дохилиро бо 2 883,5 тонна алюминий ба маблағи 70,4 миллион сомонӣ таъмин намуд.
Дар навбати худ, маҳсулоти корхонаҳои мазкур, дар баробари интиқол ба бозори дохилӣ, ба хориҷи кишвар, қабл аз ҳама, ба Ӯзбекистон, Қирғизистон,Туркия ва Эрон содирот мешавад.
Нархи миёнаи алюминий дар Биржаи филизоти Лондон дар семоҳаи якуми соли 2024-ум 2199 $ /тн-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 196 $/тн кам мебошад.
Маблағи маҳсулоти молии ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик» дар семоҳаи якуми соли 2024 ба 149,4 миллион сомонӣ расонда шуд, ки назар ба семоҳаи якуми соли 2023-юм 32,4 миллион сомонӣ зиёд аст. Маблағи фурӯши маҳсулот 143,3 миллион сомониро ташкил дод ва дар қиёс ба семоҳаи якуми соли 2023-юм 28,6 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад.
Гардиши савдои берунии Ширкат дар семоҳаи якуми соли 2024-ум 68,5 миллион доллари ИМА, аз ҷумла воридот 30,9 миллион, содирот 37,6 миллион долларро, ташкил дод.
Бо назардошти ҳадафи минбаъдаи Ширкат бобати хеле зиёд кардани ҳаҷми истеҳсол, айни ҳол Ҷамъиятро зарур аст, ки кадрҳои нави техникиро ба кор ҷалб намояд. Бо ин мақсад, сиёсати зарурии кадрӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар семоҳаи якуми соли 2024 дар Ширкат масъалаи музди меҳнат бозбинӣ шуда, он дар зиёда аз 30 бахшу қитъа зиёд карда шуда, дар натиҷа музди миёнаи меҳнати кормандон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз афзуда, 2583,29 сомониро ташкил дод. Тазаккур бояд дод, ки маоши корманди баландихтисос (электролизчии баланддараҷа) 4000 сомониро дар моҳ ташкил дода, ҳамзамон, ба нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ вобастагии мустақим дорад.
Роҳбарон ва мутахассисони Ширкат бо истифода аз имконияту захираҳои дохилӣ тамоми тадбиру чораҳоро меандешанд, то дар соли 2024 ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ноил гардида, дар рушду ривоҷи иқтисодиёти кишвар саҳми назаррас гузоранд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 02.05.2024 №: 82