ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОР ДАР «ҶУМҲУРИЯТ» БАРОЯМ ИФТИХОР АСТ

КОР ДАР «ҶУМҲУРИЯТ» БАРОЯМ ИФТИХОР АСТ

06 май 2024, Душанбе
21
0
 
Вақте рӯзнома ва ё ҳафтанома мегӯем, қабл аз ҳама,  маҷмуи навиштаҷоти муқаррарӣ барои рӯз пеши назар меояд. Вале, агар жарфтар андешем, ҳар сатри он дарсест барои садсолаҳо. Воқеан, дуруст аст, ки матбуотро «оинаи миллат» мегӯянд. Ва ин бори дигар дар саҳфаҳои рӯзномаи «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик», «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ», «Тоҷикистони шуравӣ» ва «Ҷумҳурият» бо пеши назар ҷилвагар шудани чеҳраҳои мондагор бароям собит гардид. 
Рӯзе ҷиҳати шиносоӣ бо гузаштаи куҳантарин рӯзномаи кишвар ба Муассисаи давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон» рафтаму бо дидани нахустшумораи “Бедории тоҷик” дар ҳайрат мондам. Ҳанӯз сад сол қабл рӯзноманигорони сарсупурда рӯи ин авроқ аз комёбию камбудӣ ва ахбори навини дохилу хориҷ мардумро огоҳ мекардаанд. Лаҳзаи шумораи «Бедории тоҷик»-ро варақ задан, дарк намудам, ки таърихи миллати куҳанбунёдамон пеши назар мегузарад: чӣ қадар мавзуъҳои хуб, пешниҳодҳои муфид, хабарҳои ҷолиб. Аҷиб, он замон, яъне солҳои 1925-1932, интернет набуд, мардум низ ба хориҷи кишвар ками дар кам мерафтанд, вале саҳфаҳои рӯзномаро гӯшаву рубрикаҳои «Дар мамлакатҳои Шарқ», «Тоза тоза аз Ӯзбекистон», «Дар мамлакатҳои хориҷӣ», «Дар Шарқи дур ва наздик», «Дар Иттифоқҳои шуравӣ» ва амсоли инҳо зинат мебахшиданд. Ростӣ, дар ҳар варақи гардондаам, ба худ суол мекардам: ин қадар хабару мақолаҳо ва расмҳои ҷолибро мухбирони давр чӣ гуна дастрас мекарданд? Бовари комил дорам, ки ҳар нафар пас аз дидани саҳифаҳои рӯзнома ба худ ин суолро медиҳад. 
Чизи дигаре, ки дар саҳфаҳои рӯзномаи нодири кишвар дидам, ҳанӯз сад сол қабл ба хотири ояндаи ин миллату давлат дӯстдорони Ватан барои ҷавонон зери рубрикаи «Кадр тайёр карда шавад» матлабҳо омода мекарданду онҳоро баҳри забономӯзӣ бо гӯшаи «Дарс ба тариқи худомӯзӣ» даъват менамуданд. Дар он лаҳза суханони Пешвои муаззами миллат барои илмомӯзии ҷавонон, соҳибкасб шудани онҳо ва ташкили озмунҳои гуногун ба хотири пайдо намудани кадрҳои болаёқат аз ҳисоби ҷавонон маро ба гузаштаву имрӯзаи миллати тоҷик бурд. Он вақт мардони диловари Ватан ба хотири побарҷо мондани миллаташон мардум, бахусус ҷавононро, ба омӯзиш даъват менамуданду ба ин васила, мехостанд миллат ҳарчи бештар соҳибмаърифат гардад. Ба дурустӣ, ки ҳар аср барои рушди миллат фарзонафарзандҳо ба дунё меорад. 
Агарчи, ҳар варақи рӯзнома зарду фарсуда ва “пири солор” шуда бошад ҳам, ба шарофати фарзандони худогоҳу худшиноси тоҷик, ҳанӯз ҳам побарҷо ва маҳфуз аст. Дар ҳар саҳфааш аз бурду бохти деҳот мегуфтанду аз музаффариятҳои аскарони сурх. Даҳсолаҳо муқаддам устоди соҳибилм ва соҳибқалам, пуштибону дилбохтаи каломи бадеъ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Садриддин Айнӣ дар бораи рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» чунин гуфта буд: ««Тоҷикистони сурх» модари матбуоти Тоҷикистони советӣ, ҳатто модари матбуоти тоҷикии советист, ки имрӯз даҳҳо фарзандони баркамол дорад».
Воқеан, газета дар он солҳо мавқеъю ҷойгоҳи хосе доштааст. Ин модари матбуоти тоҷик на танҳо мардумро аз хабару воқеаҳо огоҳ, тавре ки гуфтем, ҷомеаро ба илмомӯзӣ низ ҳидоят менамудааст. Дар ин бора Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров гуфтааст: «Дар солҳои сиюм газета на танҳо ташкилотчӣ ва пропагандисти коллективӣ, балки макони ҳақиқии тайёрии кадрҳои партиявӣ, журналистӣ, адабӣ, маданӣ ва илмӣ буд. Аз насли калони нависандагон, кормандони илм ва маданият шояд касе набошад, ки дар газетаи «Тоҷикистони советӣ» кор ва ё бо вай ҳамкорӣ накарда бошад».
Бале, вақте аз саҳифаҳои рӯзнома дидан мекунем, бо кормандони фаъоли он, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ ва бисёр адибон вомехӯрем, ки дар ҳамин даргоҳ ба қаламу сухан меҳр баста, сипас ҷодаи адабиётро пеш гирифтаанд. Пас аз воқиф шудан бо таърихи пуршарафи рӯзномаи «Бедории тоҷик» ва ё «Ҷумҳурият»-и имрӯза маро беихтиёр ҳисси ифтихор фаро гирифт, зеро «Ҷумҳурият»-и кунунӣ анъанаи гузаштагони бузургашро ба таври сазовор идома медиҳад. Алъон низ муҳтавои кулли навиштаҳоро худшиносии миллӣ, ифтихор аз Ватан, талош барои рушди он ва ободии рӯзгори халқи шарифи тоҷик ташкил медиҳад. Ва узви чунин як рӯзномаи бонуфузе будан, ки замоне қаҳрамонони миллат дар он фаъолият мекарданд, бароям бахту ифтихори бузургест. 
 
Гулнисо САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.05.2024 №: 84
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив