ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ МАЙДОНИ ҶАНГ ТО МАЙДОНИ НАНГ

АЗ МАЙДОНИ ҶАНГ ТО МАЙДОНИ НАНГ

07 май 2024, Сешанбе
22
0
Ҷанг идома дошт. Дар кӯҳистон рӯзе набуд, ки  гиряву нолаи кӯдак ё пири нотавоне ба гӯш нарасад ва хатти сиёҳ дарду доғеро дар миён нагузорад. Ашки мардум ҳамвора дар сари миҷгон буд. Илоҷи дигаре барои оромиш надоштанд. Балки ақибгоҳ низ дар ҳоли набард қарор дошт. 
Ин манзараро Аҳёхоҷа Мирзоев, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ба ёд оварда, дар суҳбат бо мо аз шомилшавиаш ба сафи аскарони сурх нақл кард: “Соли 1942 буд. Вақте ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафтам, 18 сол доштам. Дар он айёме, ки дил пур аз ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ буд, моро меҳри Ватан ва ҳифзи диёр водор месохт, ки барои озодӣ ва ояндаи нек муқобили душман ба майдони ҳарб равам ва муқобили душман биҷангам.”  
Бобои Аҳёхоҷа ягона иштирокчии ҶБВ аз ноҳия Ховалинг аст, ки дар қайди ҳаёт аст ва давлати пирӣ меронад. Зимни сафари корӣ ба ноҳияи хушманзари Ховалинг ба аёдаташ рафтем ва аз аҳволаш хабардор шудем. Ҷанговари шуҷоъ соли 1925 дар деҳаи Хонақоҳи Севардараи ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Соли 1942 ба майдони ҷанг рафта, дар қисми таъиноти махсуси 267 хизмат намудааст. Қаҳрамониҳояшро кӯчаву хиёбонҳои Мариуполи Украина ёд доранд.
Ӯ соли 1943 дар яке аз набардҳо аз дасташ тир хурда маҷруҳ гашт. Баъд аз шифо ёфтан ба ақибгоҳ рухсатӣ мегирад. Ҳарчанд мехост, то нафаси охирин бо аду биҷангад, вале вазъи саломатӣ ва маъюбият дигар имкон надод, ки дар майдони набард бимонад. Аммо аз ин ҳама ранҷур нагашта,  ба Ватан баргашт ва дар ақибгоҳ низ барои ғалаба мубориза бурд.
- Дар ақибгоҳ ҳам бо душман дар набард будем. Бисёр вақт шабро дар саҳро, сари хирману пушти доси дарав саҳар мекардем. Ҳар чи ба даст меомад аввал ба фронт мефиристодем. Кор шабу рӯз дар заминҳои колхозӣ пеш мерафт як нафар ба ҷойи ду-се кас заҳмат мекашид. Аксаран занону кӯдакон буданд. Дар ин ҷанг хонае набуд, ки аз  як то се нафар ба фронт нарафта  бошад. Кам хонаҳое ёфт мешуданд, ки аз он ҷанговарон сиҳат ба диёр баргашта бошанд. Аксаран бе дасту пой ва маҷруҳ бармегаштанд. Мо бар ивази заҳматҳои зиёд ва ҷони ҳазорҳо ҷавонони навхати диёр ғалаба кардем, - мегӯяд Бобои Аҳёхоҷа.
Ҳоло ин пири барнодил 99 сол дорад ва аз он қаноатманд аст, ки дар паноҳи давлати ободу осуда ва зери ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. 
Аҳёхоҷа Мирзоев бо ордени ҶБВ дараҷаи 2 (ҷашнӣ) ва медалҳо, аз ҷумла 60-солагии Ғалаба, мукофотонда шудааст. То ба нафақа баромаданаш дар хоҷагии ҷангали ба номи Сайидаҳмад Каримов фаъолият дошт ва феълан дар шаҳраки Ховалинг умр ба сар мебарад.
Хизмату ҷасорати ин абармардон ва корнамоиҳои онҳо дар майдони ҷанг барои ҳимояи Модар-Ватан намунаест, ки  ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ  ва ҳимояи он дарси мардонагӣ омӯхта, онҳоро ба ҳифзи хоки аҷдодӣ раҳнамун месозанд.
 
Судобаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.05.2024 №: 85-86
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив