ТОҶИКИСТОН. 24 ИШТИРОКЧИИ ҶБВ ДАР ҚАЙДИ ҲАЁТ АСТ
Аз рӯи маълумоти Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 30-юми апрели соли 2024 ҳамагӣ 24 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 мондааст.
Тибқи маълумот, соли гузашта онҳо 43 нафар буданд. Соли 2005 дар Тоҷикистон 9 900 нафар собиқадори ҶБВ, соли 2020 – 168, соли 2021 – 98 ва соли 2022 – 59 нафар буданд. Дар зарфи 19 сол аз ҳаёт 9875 нафар иштирокчии ҶБВ даргузаштааст.
Аз ҳама зиёд собиқадорони ҷанг дар вилояти Хатлон - 10, вилояти Суғд - 6, шаҳри Душанбе - 3 ва ноҳияҳои тобеи марказ - 5 нафар барҳаётанд. Аз ин миён, ба синну сол Рашид Каримов, сокини деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор аст, ки соли равон 112-сола мешавад (9-уми майи соли 1912).
Сокини шаҳри Душанбе Ҳалим Ҳайдаров соли равон 105-сола, Азиз Қодиров аз ноҳияи Шаҳринав 102-сола мешаванд. Мухтор Эргашеви душанбегӣ 29-уми апрел 100-сола шуд. Сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Гулмурод Тағоев 100-солагии зодрӯзи хешро 1-уми майи соли 2024 қайд кард.
Ёдовар мешавем, ки аз Тоҷикистон дар фронтҳои ҶБВ зиёда аз 300 ҳазор нафар (25 дарсади аҳолии кишвар - У.Ш.) ҷавонмардон баҳри дифои давлати паҳновари Ватани хеш бар зидди фашистони истилогар размидаанд. Баъди ғалаба бар Германия, доманаи 100 ҳазор ҳамватанон ба зодбум барнагаштаанд. Ин дар ҳолест, ки соли 1941 аҳолии Тоҷикистон тақрибан 1 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Пас, бармеояд, ки беш аз 7 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар ин ҷанги хонумонсӯз ҳалок гаштааст.
Умари ШЕРХОН, публитсист
Санаи нашр: 07.05.2024 №: 85-86
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)