ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАРВОЗ. ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ НАВИ САЙЁҲӢ 

ДАРВОЗ. ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ НАВИ САЙЁҲӢ 

07 май 2024, Сешанбе
23
0
Бо мадади Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳияи Дарвоз роҳдорон ва соҳибкорони минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба мавсими  сайёҳӣ, ки аз моҳи май оғоз мегардад, омода мешаванд.
– Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар, бо мақсади рушди бомароми сайёҳӣ дар ноҳия даҳҳо иншооти самти иҷтимоӣ, аз ҷумла меҳмонхона, тарабхонаву қаҳвахона, марказҳо ва нуқтаҳои гуногуни хизматрасонӣ, инчунин,  истироҳатгоҳ-фароғатгоҳҳо бунёд гардиданд. Ҳамчунин, симои марказ ва деҳаҳои диёри бостонӣ, дар маҷмуъ, инфрасохтори деҳот  низ  тағйир  меёбад, – иброз дошт Диловар Қосимӣ муовини раиси ноҳияи Дарвоз. 
Истироҳатгоҳҳои «Чорчаман», «Чаманистон»-и мавзеи Паткунобу Яхчисор, қаҳвахонаву чойхонаи  лаби оби Хумбов,  майдони гулпӯшу сабзазори таги чанорҳои шаҳраки Қалъаихумб ва деҳаҳои Хостав, Ёгед,  Нулванд, Кеврону Ҷорф, Курговад, инчунин, фаъолияти кормандони  чойхона-ошхонаҳои  мавзеъҳои  Ново, Қалъаи Ҳусайн, Сафедорону Зевобод қобили тавсифанд. Зикр бояд кард, ки симои канори роҳҳои мошингард бо ёрии Вазорати нақлиёти кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Дарвоз, ҳиммати баланди соҳибкорон саросар рангу таровати нав гирифтанд. 
Дар маҷмуъ, сайёҳони хориҷиву ватанӣ, меҳмонони сершумор ва ронандагону мусофирон аз он изҳори хушнудӣ ва қаноатмандӣ менамоянд, ки бунёди қитъаи шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон аз ҷониби роҳсозони Ҷумҳурии Мардуми  Чин ва Тоҷикистон  бомаром идома дорад. Ба гуфтаи намояндаи Вазорати нақлиёти кишвар Шамсиддин Назриев,  дар шафати шоҳроҳ  даҳҳо иншооти самти хизматрасонӣ  барои фароғати ҷаҳонгардони хориҷиву ватанӣ ва ронандагону мусофирон бунёд мегардад. Аз ҷумла, соҳибкорони муваффақ, бародарон Сулаймон ва Давлатхон Муллоёровҳо, дар мавзеи Гулдара, (Девдараи пештара)-и Тангнои Дарвоз маҷмааи баландошёнаи хизматрасонии дорои меҳмонхона, ошхона ва нуқтаи таъмири нақлиёти автомобилиро бунёд менамоянд, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор  мегирад.
                          
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”,                                                            
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
Санаи нашр: 07.05.2024 №: 85-86
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив