ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ОИЛАИ НАМУНАВӢ».  ОЗМУНЕ, КИ МОҲИЯТИ ТАРБИВӢ ДОРАД

«ОИЛАИ НАМУНАВӢ».  ОЗМУНЕ, КИ МОҲИЯТИ ТАРБИВӢ ДОРАД

07 май 2024, Сешанбе
37
0
Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» аз ҷумлаи тадбирҳои гиромидошти арзишҳои муҳими фарҳангӣ арзёбӣ мегардад, ки барои рушду такомул ёфтани ҷомеа нақши бориз дорад. Озмун, ки ҳамасола тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад, имкон медиҳад, ки ҷавонон дар бунёди оилаи солим ва тарбияи дурусти фарзандон аз оилаҳои ботаҷрибаву солор ибрат бигиранд. 
 
Ноҳияи Сангвор низ, дар радифи дигар шаҳру навоҳии кишвар, ба хотири пешгирии вайроншавии оилаҳо ҷавононро ба зиндагии хубу намунавӣ, саҳм гузоштан дар ободии Ватан, тарбияи дурусти фарзандон ҳидоят менамояд.
- Бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осуда ва ба ин минвол бартараф кардани мушкилиҳо дар ҷомеа яке аз талаботи асосии давлатдорӣ мебошад. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид доштаанд: «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад». 
Бале, ба дурустӣ, ки оилаи солим сарчашмаи ҳама муваффақиятҳост. Ба ин хотир, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор дар якҷоягӣ бо идораҳои дахлдор пайваста ба хотири пош нахӯрдани оилаҳои ҷавон чораҳои зарурӣ меандешад. Дар ин радиф ташкили Озмуни “Оилаи намунавӣ” барои мардуми русто хеле муфид аст. Онҳо барои намуна будан байни аҳолӣ тамоми паҳлуҳои озмунро меомӯзанд, саропо тарбия аст. Озмун ҳар сол дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар сатҳи баланд баргузор мешавад, - иброз намуд Назокат Исмонова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия. 
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 07.05.2024 №: 85-86
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив