САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ
8-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Сарвазири мамлакат, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Дар назар аст, ки зимни ин сафар Сарвари давлат дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ва мулоқоти ғайрирасмии сарварони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок хоҳанд кард.
* * *
8-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба пойтахти Федератсияи Русия – шаҳри Москва ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия самимона пазироӣ карданд.
Зимни сафар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарварони кишварҳои ИДМ ва чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба Ҷашни 79-солагии Ғалаба иштирок менамоянд.
ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВА
9-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба Ҷашни 79-солагии Ғалаба ба қасри Кремл ташриф оварданд.
Меҳмони олимақомро дар қасри Кремл Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин самимона истиқбол гирифтанд.
Дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх ба ифтихори 79-умин солгарди Ғалаба паради ҳарбӣ баргузор шуд, ки дар он шумораи зиёди низомиён иштирок намуданд.
Баъди анҷоми расми паради ҳарбӣ дар Майдони Сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарварони давлатҳои иштирокдори чорабиниҳои тантанавӣ дар назди ёдгории «Аскари номаълум» гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷангро гиромӣ доштанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки 64 нафар аз фарзандони шуҷои тоҷик барои корнамоиҳои беназир ва ҷоннисорӣ сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ шудаанд.
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ПУТИН
9-уми май дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Ҷашни 79-мин солгарди Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва мулоқоти хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.
Пеш аз ҳама, сарварони давлатҳо ҳамдигар ва мардуми ду кишварро ба муносибати Ҷашни 79-солагии Ғалабаи бузург табрик намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми мардуми тоҷикро махсус таъкид намуда, изҳор доштанд, ки 50 дарсади аҳолии қобили меҳнати ҳамон вақти Тоҷикистон дар ин ҷанг фаъолона иштирок намуданд.
Яке аз масъалаҳои муҳими дигар ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика буд. Сарварони давлатҳо барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ин соҳа ба қарор омаданд, ки ба сохторҳои лозимаи ду ҷониб супоришҳои зарурӣ дода шавад.
Ба масоили мубрами ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, танзими раванди муҳоҷирати корӣ ва муқовимати муштарак ба хатару таҳдидҳо дар соҳаи амният, бахусус терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд. Дар ин замина, ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти фаъолияти вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар дар самтҳои мазкур ба мувофиқа расиданд.
Зарурати аз ҷониби идораҳои дахлдор андешидани тадбирҳои муштараки муассир ҷиҳати рафъи мушкилоти дар соҳаи муҳоҷирати корӣ бавуҷудомада махсус таъкид гардид.
Мувофиқа ҳосил шуд, ки ба ин хотир ҳайатҳои баландпояи ҳар ду ҷониб дар муҳлатҳои наздик музокирот доир намоянд.
Сарвари давлат ва Президенти Федератсияи Русия дар идомаи суҳбат масъалаҳои алоҳидаи байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карданд. Дар самти мубориза бо терроризм ҷонибҳо зарурати боз ҳам ҷоннок гардондани ҳамоҳангиҳо ва ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси ду кишварро таъкид сохтанд.
Дар хотима Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муҳтарам Владимир Путин барои пазироии гарм ва меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипос намуданд.
Санаи нашр: 10.05.2024 №: 87-88
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)