ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУҶАССАМА. ЭҲТИРОМИ ГУЗАШТАГОН БА ХОТИРИ ОЯНДАСОЗӢ

МУҶАССАМА. ЭҲТИРОМИ ГУЗАШТАГОН БА ХОТИРИ ОЯНДАСОЗӢ

13 май 2024, Душанбе
13
0
Қомат афрохтани муҷассамаҳои чеҳраҳои мондагор, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, Куруши Кабир,  Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Деваштич, Спитамен, Темурмалик, Восеъ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода дар шаҳру навоҳии кишвар ҳамчун идомаи гиромидошти таъриху тамаддуни тоҷик насли навро бо гузаштаи пуршукӯҳ мепайвандад. Ҳамзамон, ин гувоҳи он аст, ки хидматҳои фарзонафарзандони миллат ҳаргиз аз ёдҳо фаромӯш нахоҳад шуд.
Имрӯз боғҳои зеборо гулу буттаҳои нодир оро дода бошанд ҳам, вале назари бештари гардишгарони дохилу хориҷро пайкараву нимпайкараҳои абармардони миллат ҷалб мекунад. Ҳар як чеҳра таърихеро дар худ инъикос карда, кас бо дидани онҳо гузаштаро варақгардон мекунад. 
– Албатта, муҷассамаҳо гузаштаеро инъикос менамоянд. Ҳар яки он аз қаҳрамониву шуҷоатмандии диловарон қисса мекунанд. Агар шоир ва ё нависандае бо эҷоди ҳикоя, повест, роман ва манзумаҳои худ ҷавононро ба омӯзишу гузаштаву имрӯзи миллат талқин намоянд, пас ҳайкалтарошон тавассути офаридани муҷассамаҳо ин амали хайрро ба ҷо меоранд. Ҳамзамон, бояд таъкид сохт: эҷоди ҳайкал гувоҳи он аст, ки кору пайкори фарзандони бузурги миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд шуд. Бояд гуфт, ки ҳеҷ як муҷассама – аз Шоҳ Исмоили Сомонӣ то дигар қаҳрамонони миллат – тасодуфӣ сохта намешавад. Ба ибораи дигар,  хидматҳои онҳо барои мо ҷовидонианд. Қабл аз бунёди пайкара, мутахассисони соҳа бо такя ба гузаштаи қаҳрамонҳо корро оғоз мекунанд. Масалан, вақте мо муҷассамаи яке аз муҳофизони миллати тоҷик Спитаменро сохтем, аввалан, ба диловариву ҷонбозиҳои ин абармард ошноӣ пайдо намуда, дар асоси он пайкараро эҷод намудем. Ва вақте ҷавонон мепурсиданд, ки чаро ҳайкали Спитамен дар ин майдон сохта шуд? Мо бо ифтихори баланд аз қаҳрамониҳои ӯ қисса менамудем. Яъне, муҷассамаҳо дар бедор кардани ҳисси худогоҳиву худшиносии миллӣ нақши бориз доранд, чун пас аз дидани онҳо кас меҳоҳад ба гузаштаи хеш ошноӣ пайдо намояд, – иброз намуд омӯзгори мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев Хуршед Ҳусейнов.
 
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 10.05.2024 №: 87-88
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив