ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД...

ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД...

13 май 2024, Душанбе
58
0
 
Устод Саидбой Шербоев бо ақлу заковат, донишу хирад ва   равшанфикрии худ ба дидаҳо нуру ба қалбҳо сурур мебахшад. Ин донишманди номвар  аз соли 2012 инҷониб дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолият менамояд. 
Қаҳрамони мо дар ростои олиму донишманди фозил будан, омӯзгори воқеӣ низ ҳастанд. “Илмашонро бо амал ёр намудаанд”. Устод Саидбой Шербоев касби анбиё будани омӯзгориро бо ҷону равонашон эҳсос карда, бовар доранд, ки як муаллими хуб метавонад бо роҳи омӯзиш таъсири мусбате ба ояндаи шогирдонаш дошта бошад  ва, бад-ин васила,  дар рушду камоли маънавиёти ҷомеа нақши боризе гузорад.
Мегӯянд, ки “муаллимӣ шуғл нест, муаллимӣ ишқ аст. Агар ба унвони шуғл интихобаш кардаӣ, раҳояш кун ва агар ишқи туст, муборакат бод”. 
Мавсуф ҳамеша таҷриба ва омӯхтаҳояшонро дар фурсатҳои муносиб бо мо – дӯстону ҳамкоронашон дар миён мегузоранд. Ба назари устод дар марҳалаи аввал омӯзгори хуб бояд ба касбу кори худаш алоқа дошта бошад, зеро вақте устод кори худро бо ишқ, алоқа ва иштиёқ анҷом медиҳад, шогирдони ӯ ҳам ба дарс алоқаманд мешаванд ва дар натиҷа муаллим дар иҷрои кори худ муваффақ мегардад. Соҳиби дониши фарох ва маҳорати касбӣ будани омӯзгор ҳам муҳим аст. Муаллими муваффақ бояд ба сурати комил ихтисоси худ ва фанне, ки онро дарс медиҳад, фаро бигирад ва пайваста дар ҳоли омӯзиш бошад. Муаллими ботадбир дар дарсҳои нахуст бо пешниҳоди суолоте метавонад сатҳи савод, заминаи дониши хонандагон ва мизони тавоноии онҳоро барои омӯзиши минбаъда мушаххас созад. Омӯзгор дар баробари ҷиддӣ будан самимият ва фазои роҳату оромишро дар синфхона ҳифз намояд. Дар баробари ин тавоноии лозимро дар посух додан ба суолҳои дарсӣ ва илмии донишомӯзон дошта бошад. 
Дар асоси сиёсати маорифпарварона, илмдӯстона ва фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон мо дар самти илм ва маориф ба натиҷаҳо ва дастовардҳои бузурге ноил гардидем. Дар роҳи расидан ба ин комёбиҳо хидмати олимону донишмандони соҳа назаррас мебошад. Устод Саидбой Шербоев ҳам аз зумраи он донишмандон ва олимоне ҳастанд, ки дар пешрафти сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат саҳми шоиста гузоштаанд.
Устод ҳанӯз 16-уми майи соли 1985 дар мавзуи “Хабарҳои феълӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик” рисолаи номзадии худро ҳимоя намуда, ба дараҷаи илмии номзади илмҳои филология сазовор дониста шуданд. 
Мавсуф баҳри амалан санҷидани натиҷаҳои мушоҳидаву назарияҳои илмӣ-методии солҳои 80-90-уми асри гузаштаи методистони машҳури шуравӣ ва ҳам ақидаҳои фардии зимни таҷрибаи кории зиёда аз 30-солаи омӯзгориаш, чи дар муассисаи таҳсилоти умумӣ ва чи дар мактаби олӣ, дар 10 муассисаи таълимии шаҳру деҳоти ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ – шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат ва Панҷакент се маротибагӣ озмун, яъне экспериментҳои педагогӣ (муқарраркунӣ, таълимӣ ва санҷишӣ) ҳам гузаронда, зимни асноди басо боварибахш, аз як тараф, нуқсонҳои китобу барномаҳои таълим, пастии сатҳи дониши хонандагон ва баъзе камбудиҳоро дар кору амалияи омӯзгорон ошкор намуда, аз тарафи дигар, роҳу воситаҳои баландбардории сифати китоби барномаҳои таълимии забони тоҷикӣ, дониши шогирдон ва такмили маҳорату малакаи омӯзгорони фанни мазкурро марбут ба мавзуи тадқиқот низ равшану дақиқ нишон додааст. 
Профессор Саидбой Шербоев корҳои илмиашонро тавъам бо корҳои таълимӣ ва таълимӣ- методӣ анҷом дода, бо ин амали судбахш робита ва ҳамкориро миёни муассисаҳои олии таълимӣ ва муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи умумӣ ба дараҷаи баланд расонданд. Устод ҳамеша роҳбарии таҷрибаи омӯзгории донишҷӯёнро ба уҳда гирифта, дилсӯзона ва бо муҳаббат садоқати хосе, ки ба ин касби пурифтихор доранд, меҳри ин пешаи муқаддасро дар қалби омӯзгорони оянда бедор менамояд. Бо ифтихор метавон баён дошт, ки профессор Саидбой Шербоев ба масобаи пуле ҳастанд миёни муассисаи олии касбӣ ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ. Таълифи китоби дарсии “Методикаи таълими забони тоҷикӣ” аз ҷониби устод, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун китоби дарсӣ ба нашр расид, эҳтирому эътибор ва нуфузи ин олими заҳматкашро афзун намуд. 
Баъди аз донишкада ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода табдил шудани ин боргоҳи илму маърифат теъдоди кафедраҳо зиёд карда шуданд, ки  имрӯз дар факултети филология ва журналистика  кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик дар алоҳидагӣ амал мекунад ва Саидбой Шербоев профессори ҳамин кафедра мебошанд. Дар назди ин кафедра бо ташаббусашон кабинети методӣ таъсис дода шуд. 
Орзуи онро менамоем, ки устоди азиз ҳамеша бо мо бошанд ва бо маслиҳат, машварат, роҳнамоии устодона ва нури донишу маърифат роҳи мо, дӯстону ҳамкорону шогирдонро мунаввар сохта, ба ин васила, чароғи илму маърифатро фурӯзон нигоҳ доранд. 
 
Нурмуҳаммад ШАМСОВ, Шавкат БОЕВ, 
номзадҳои илмҳои филология, дотсентони
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
Санаи нашр: 10.05.2024 №: 87-88
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив