ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

13 май 2024, Душанбе
15
0
 
"ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. ЧАРО ОИЛА ЗИЁДУ ҲОСИЛ КАМ АСТ?"
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик матлаби "Занбӯриасалпарварӣ. Чаро оила зиёду ҳосил кам аст?"-ро, ки 30-юми майи соли 2023 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, бо иштироки фаъолон ва хоҷагидорони ноҳия дар машварати кории назоратии назди раиси ноҳия мавриди баррасӣ қарор дод. 
Зикр бояд намуд, ки рӯзнома ба яке аз ҷанбаҳои муҳими рушду афзоиши соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва, дар ин замина, таъмини иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқавории мамлакат дахл кардааст, ки қобили дастгирӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки иқлиму табиат ва боду ҳавои ноҳияи Темурмалик барои рушду тараққии соҳаи занбӯриасалпарварӣ мусоид мебошад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик бо мақсади рушди соҳаи мазкур ва амалисозии Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, то ин давра тадбирҳои зиёдеро ба амал бароварда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия шумораи оилаҳои занбӯри асал сол то сол зиёд шуда, ҷиҳати боз ҳам афзун гардондани ҳосилнокии он бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи занбӯриасалпарварӣ чораҷӯӣ мекунад.
Айни замон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия 2193 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад. Занбӯриасалпарварони ноҳия соли 2023 истеҳсоли асалро ба 46 тонна расонданд, ки ба ҳар як оилаи занбӯри асал 21 кг рост меояд.
Дар матлаби мазкур зикр шудааст, ки бинобар сабаби риоя ва иҷро накардани технологияи нигоҳубин, афзоишдиҳӣ, зимистонгузаронии занбӯру модарзанбӯр ва дигар омилҳо, маҳсулнокии занбӯри асал аз нишондодҳо паст буда, барои афзун гардондани маҳсулнокӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ кардан зарур аст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳои соҳаи мазкур, рушди занбӯриасалпарварӣ боз ҳам чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
 
Ш.Ҳ. ҲАСАНЗОДА, раиси ноҳияи Темурмалик
 
 
 
«ТО ХОҶАГИҲО ҲАВАСМАНД НАШАВАНД…»
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мақолаи Имомназари Каримиён, сардори раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти унвони «Пахта. То хоҷагиҳо ҳавасманд нашаванд…», ки 16-уми майи соли 2023 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашр шудааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. 
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади ҳавасмандии хоҷагиҳои пахтакор дар вилоят корҳои муайян бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба иҷро расонда мешаванд. Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда ва барномаҳои давлатӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити мусоид ба хоҷагиҳои пахтакор чораҷӯӣ гардида, то ин давра миқдори муайяни тухмии чигит, нуриҳои минералӣ, техникаҳои кишоварзӣ бо мошинолот ворид ва дастрас гардиданд. Ғайр аз ин, ҳамасола дар асоси қарори дахлдори раиси вилоят ҷиҳати ҳавасмандсозии хоҷагиҳои пахтакор ва механизаторону обронҳо дар мавсими киштукор ва ҷамъоварии ҳосил бо ташкили чорабиниҳои соҳавӣ пешқадамони соҳа бо туҳфаҳо қадр мешаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд низ барои рушди соҳаи пахтакорӣ, беҳтар намудани таъминоти хоҷагиҳо бо тухмии хушсифат, техникаҳои кишоварзӣ бо мошинолот ва ҳавасмандии онҳо чораҳои иловагӣ меандешад.
 
Зариф МИРДАДО, муовини раиси вилояти Суғд 
 
 
«ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА.  ДАР МУАССИСАҲОИ КАТС ПАНҶОҲ ТАБИБИ ОИЛАВӢ НАМЕРАСАД»
Муассисаҳои шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Турсунзода дар робита ба мақолаи рӯзноманигор Ёқуби Содиқ: «Шаҳри Турсунзода. Дар муассисаҳои КАТС панҷоҳ табиби оилавӣ намерасад», ки 10-уми январи соли 2023 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, чунин маълумот  медиҳад.    
Дар муассисаҳои  шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Турсунзода  920 нафар кор мекунад. Норасоии кадрӣ дар муассисаҳои шабакаи КАТС аз рӯи ихтисоси тибби оилавӣ  ба ҳолати семоҳаи аввали соли равон 22  табиби оилавӣ  ва 4 нафар дандонпизишк буда, оид ба ин масъала ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ирсол намудем. Ба муассиса  нафақахӯрони соҳаи тиб ҷалб шуда, тибқи шартномаи меҳнатӣ, фаъолият  мекунанд.
З.Ҳ. ИБОДУЛЛОЕВ, 
роҳбари шабакаи КАТС-и шаҳри Турсунзода
Санаи нашр: 10.05.2024 №: 87-88
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив