ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮНАМОИИ ОСОРНОМАИ «ҶУМҲУРИЯТ».  АРМУҒОНИ КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ ДАР РӮЗИ МАТБУОТ

РӮНАМОИИ ОСОРНОМАИ «ҶУМҲУРИЯТ».  АРМУҒОНИ КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ ДАР РӮЗИ МАТБУОТ

13 март 2023, Душанбе
60
0


Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии дастури библиографии «Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (2019 – 2021) баргузор гардид. Осорномаи мазкур аз 735 саҳифа иборат буда, яке аз давраҳои пурмаҳсултарини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фаро мегирад, зеро дар ин давра омодагиҳо ба бошукӯҳтарин Ҷашни миллат – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷараён дошт ва дар ҳама соҳаҳо ҷаҳиши назарраси пешрафт мушоҳида шуд. Фароҳамсози дастури библиографии рӯзномаи «Ҷумҳурият» китобдор Оинамо Имомназарова мебошад.
– Рӯнамоии феҳристи муҳим дар остонаи Рӯзи матбуоти тоҷик бисёр рамзӣ аст. Равшанфикрони мо дар сад соли охир матбуотро ҳамчун минбари ватансозӣ, пиёда кардани ибтикороти муҳими милливу давлатӣ дуруст истифода бурданд. Ҳамин рисолати муҳимро имрӯз Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» идома медиҳад. Он доир ба аслу асоси тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, бахусус дар мавриди фаъолияти бисёрсамтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маводу матлаб ва гузоришу мақолаҳои дақиқу санҷидашударо ба табъ мерасонад. Рӯзнома танҳо дар сесолаи мавриди таҳқиқи муаллифи асар 3422 матлабу мақолаҳои хурду бузургро маҳз дар бораи фаъолияти Президенти мамлакат чоп кардааст. Дар робита ба ин ҳама матлаб, Оинамо Имомназарова инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро ба 6 бахш тақсим кардааст: «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Шахсиятҳои гуногун дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муносибатҳои хориҷӣ», «Манобеи электронӣ», «Кумакфеҳристҳо». Дастури мазкур барои ҳамаи хизматчиёни давлатӣ ва онҳое, ки таърихи бунёди Тоҷикистони навинро донистан мехоҳанд, бисёр муфид мебошад, – гуфт Ҷумахон Файзализода, директори Китобхонаи миллӣ.
Мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода гуфт: «Асри мо асри иттилоот аст. Дар ин росто, нақши матбуот дар инъикос ва тарғиби дастовардҳои як мамлакат, таҳаввулоти ҷаҳон, интиқоли донишу таҷрибаҳои як насл ба насли дигар бориз аст. Дар ин раванди ҳар лаҳза тағйирёбанда рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳамчун нашрияи расмӣ ва бонуфуз масъулияти бештар дорад. Он баҳри инъикоси сиёсати оқилонаи давлату Ҳукумат ва хосса, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар рӯз талош меварзад, зеро ягона рӯзнома аст, ки ҳафтае 5 маротиба интишор меёбад. 
– Бисёр хушоянд аст, ки Китобхонаи миллӣ дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик моро бо чунин армуғони илмӣ қадр кард. Ростӣ, аз ин ибтикор бисёр шодем ва оянда барои инъикоси на танҳо се сол, балки фаъолияти сисолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо камари ҳиммат бандем ва мо барои ҳамкорӣ ҳамеша омодаем. Муҳаққиқони соҳа хуб медонанд, ки дар сад соли охир рӯзномаи «Ҷумҳурият» минбари баланди сиёсатмадорон, адибону рӯзноманигорон, санъаткорону арбобони илм аст. Аз ин хотир, ин ҷаридаро ҳамчун сарчашмаи аввал барои навиштани таърихи давлатдории тоҷикон аз соли 1924 то имрӯз бо дили пур метавон истифода бурд. Мо – эҷодкорони рӯзнома аз роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ва масъулони чопи китоб сипосгузорем, – изҳор дошт Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият».
Барои равшан кардани ҳадафи аслии китоби осорномавӣ дар сарсухани он омадааст: «Рӯзномаи «Ҷумҳурият» таърихи зиндаи миллати тоҷик аст. Дар саҳифаҳои он нодиртарин мавод ва рӯйдодҳои таърихӣ моҳирона инъикос ёфтаанд. На дар ҳама сарчашмаҳои таърихӣ санадҳои муҳим дуруст тасвир ва ё сабт гардидаанд. Аз ин ҷиҳат, рӯзнома намунаи ибрат мебошад».
«Ҷумҳурият» аз се нуқтаи назар қобили таваҷҷуҳ ва омӯзиш аст. Нахуст он ки ин ҷарида аввалин рӯзнома дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза аст, ки сад сол қабл аз ин падид омад ва саҳифаҳояш пур аз мақолаву матлабҳои таърихиву фарҳангӣ мебошад. Дувум, аз 14 марти соли 2000-ум бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми расмӣ гирифтааст ва тамоми қарору қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқиву меъёрӣ маҳз пас аз чоп дар саҳифаҳои ин рӯзнома мавриди амал қарор мегиранд. Севум, бо маънои томаш ягона рӯзнома аст, ки ба ҷуз аз рӯзҳои истироҳатӣ панҷ маротиба чоп шуда, дар як ҳафта бештар аз 255 ҳазор нусха ба дасти хонанда мерасад.
Ҳозирон ва муҳаққиқони соҳаи журналистика, аз ҷумла сармуҳаррирони рӯзномаву ҳафтаномаҳои давлатӣ зикр намуданд, ки чопи китоби «Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (2019 – 2021) қобили ситоиш ва пайравист. 
Дар фарҷоми рӯнамоӣ директори Китобхонаи миллӣ ва мураттибу муҳаррирони китоб бо Сипосномаи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»

 

Санаи нашр: 13.03.2023 №: 54
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив