ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 11 МАРТ.  111-СОЛАГИИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ТАҶЛИЛ ГАРДИД

11 МАРТ.  111-СОЛАГИИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ТАҶЛИЛ ГАРДИД

13 март 2023, Душанбе
91
0

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг, дар сухани ифтитоҳии худ дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба  Рӯзи матбуоти тоҷик аҳли нишаст ва кулли кормандони ВАО-ро бо иди касбӣ табрик гуфта, чунин иброз дошт: 

«Имрӯз амнияти иттилоотӣ ҷузъи муҳими амнияти миллии кишварҳо ба ҳисоб меравад. Технологияи иттилоотӣ ахборро ба неруи мутаҳаррик табдил додааст, ки он дар пешрафти ҷаҳони муосир нақши муайянкунанда дорад. Иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ омили муҳим дар таъмини рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Аммо дар баробари ҷанбаҳои мусбат ҷанбаҳои манфии истифодаи технологияи иттилоотӣ низ, вуҷуд доранд. Аз ҷумла, доираҳо ва гурӯҳҳои манфиатдор иттилоотро ҳамчун абзори таъсиргузор барои амалисозиии мақсадҳои ғаразноки сиёсию идеологии худ истифода мебаранд». 
– Аз ин рӯ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро ҳамчун сипари давлат арзёбӣ намуда, таъкид доштаанд: «Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромию суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро барои фардои нек таҳким бахшанд». Дар ҳақиқат, вазъи имрӯзаи ҷаҳон тақозо менамояд, ки кормандони ВАО барои муқовимат намудан ба ҳар гуна равандҳои номатлуб ва дифои ҷомеа аз ин гуна таҳдидҳо бояд дар саҳфаи аввали мубориза бошанд, – зикр кард Зулфия Давлатзода.
– Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 11 март дар кишвар Рӯзи матбуот таҷлил карда мешавад, ки ба шарафи аз нашр баромадани аввалин рӯзномаи тоҷикӣ – «Бухорои Шариф» мебошад. Имсол аз он рӯзи фархунда дар таърихи мо 111 сол сипарӣ мегардад. 
Нақши журналистика аз давраи пайдоиши худ яке аз омилҳои муҳими ташаккули афкори ҷомеа муаҳаррику мубаллиғи андешаву ғояҳои гуногун буд ва ҳаст. Ин нақш бо пайдоиш ва шаклгирии навъҳои гуногуни воситаҳои ахбори омма (ВАО), махсусан тайи даҳсолаҳои қарни XX, тадриҷан афзоиш ёфта, дар замони мо дучанд афзун шудааст. Дар иртибот ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Мо дар замоне ҳаёт ба сар мебарем, ки васоити ахбори омма, аз ҷумла шабакаи ҷаҳонии интернет, дар ташаккули танзими афкори ҷомеа нақши муҳим мебозанд. Яъне, дар замони муосир касе, ки иттилоотро идора карда метавонад, имкон дорад, ки дар идоракунии афкори ҷомеа низ, муваффақ бошад», – таъкид намуд Масрур Абдуллозода, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа.  
Дар идома Ҷумахон Файзализода, директори Китобхонаи миллӣ ва Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистон, суханронӣ намуданд.
Баъд аз суханрониҳо дар фазои идона аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба як зумра рӯзноманигорон унвонҳои Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва ба ВАО-и гуногун сипосномаҳо супурда шуданд. 
Аз ҷумла, хабарнигори махсуси рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд Улмас Эркаев (Ҷовиди Аштӣ) барандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардид.

Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 13.03.2023 №: 54
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив