ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КӮЛОБ.  “Ҷумҳурият” дар мақоми аввал

КӮЛОБ.  “Ҷумҳурият” дар мақоми аввал

13 март 2023, Душанбе
37
0


Бахшида ба 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик дар шаҳри Кӯлоб чорабинии идона баргузор гардид. Раиси шаҳр Бахтиёр Назарзода аҳли қаламро ба ин сана таҳният гуфта, дар идомаи фаъолияти эҷодӣ ва иҷрои сарбаландонаи рисолати касбӣ барору комёбӣ таманно кард.
Дар доираи чорабинӣ озмуни "Беҳтарин муаррифгари дастовардҳои шаҳри Кӯлоб" ҷамбъаст гардид, ки дар он Суннати Содиқ, хабарнигори махсуси рӯзномаи "Ҷумҳурият" дар минтақаи Кӯлоб, аз рӯи номинатсияи "Чопи мавод дар матбуоти даврӣ" сазовори ҷойи аввал, диплом ва маблағи 5000 сомонӣ гардид.
Зимнан, фаъолияти хабарнигори мо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо Сипоснома қадрдонӣ шуд. 
Бинобар ин, аҳли қалами рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, барои роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва қадрдонии хабарнигори рӯзнома изҳори сипос намуда, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минбаъда омодагии худро иброз медорад. 

Л. ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 13.03.2023 №: 54
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив